International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳси уҳдадориҳои Тоҷикистон дар соҳаи мухобирот (аксҳо)

Leave a comment

Имрӯз, 19-уми март дар меҳмонхонаи Хайят пресс-кафеи Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар мавзӯъи уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ дар бастагӣ ба мухобирот баргузор гардид. Дар он тақрибан 30 намояндаи расонаҳои хабарӣ ва бахши хусусӣ иштирок карданд.

Дар ҷараёни ин дидор Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ӯҳдадориҳои қабулнамудаи кишварро доир ба фароҳам овардани дастрасӣ ба бозори мухобирот шарҳ дод. Пас аз вуруд ба Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра уҳдадориҳоро ба дӯш гирифтааст, ки дар он бастагӣ қонунгузориҳои худ ва фазои сиёсати тиҷории худро дар самтҳои гуногуни иқтисодӣ бояд ба меъёрҳои СТҶ мутобиқ гардонад.

This slideshow requires JavaScript.

Кармен Перез, мушовири байнулмилалии МТБ доир ба соҳаи мухобирот ва СТҶ, мӯҳтавои умумии қоидаҳои калидии СТҶ дар мавриди хидматрасониҳои мухобиротиро муаррифӣ кард. Анҷоми ислоҳот дар соҳаи хидматгузориҳо дар самтҳои гуногун дар марҳилаи пас аз узвият аҳаммияти аввалиндараҷаро дорад. Яке аз ин самтҳои бартар хидматгузориҳои мухобирот мебошад. Ислоҳот дар ин самт ва озодсозии соҳаи мухобирот ба бахши хусусӣ имкон медиҳад, то аз узвияти кишвар дар СТҶ манфиати бештар бубинад ва ба чолишҳои эҳтимолӣ низ омода гардад.

Таваҷҷӯҳи ҳозирин, ҳамчунин, ба манфиатҳое, ки бахши хусусӣ аз ислоҳот ва озодсозӣ (либерализатсия)-и соҳаи мухобирот мебардоранд, ва чолишҳои ин ислоҳот ҷалб шуд. Узвияти Тоҷикистон дар СТҶ, бидуни шубҳа, ба ҷумҳурӣ дар фароҳам овардани фазои рақобатпазирӣ дар бахши хусусӣ мусоидат менамояд.

Тоҷикистон ба ӯҳдадориҳои худ дар мавриди иҷрои ислоҳот дар соҳаи мухобирот ва дар ҳама соҳаҳои дигари иқтисод содиқ мемонад, то ҳама қонунгузориҳоро ба меъёрҳои СТҶ мувофиқ бисозад. 

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s