International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноиби вазир дархости Бег Зуҳуровро номақбул хонд

Leave a comment

Саидраҳмон Назриев, ноиби вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон азми Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаро, ки ният дорад, тамоми хидматрасониҳои интернетиро ба идораҳои давлатӣ ба дасти ширкати зертобеаяш, “Тоҷиктелеком”, супорад номақбул хонд.

Назриев, ки 18-уми март зимни конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи “Хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ ва уҳдадориҳои Тоҷикистон баъди вуруд ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо” баромад мекард, дар посух ба суоли масъулини ширкатҳои дастраскунандаи интернет гуфт, “дархости Хадамоти алоқаи Тоҷикистон зидди уҳдадориҳои давлат аст ва мо дар ин бора хадамотро огоҳ кардем.”

Назриев ҳамчунин афзуд, ки дар доираи вуруди Тоҷикистон ба СУС интизор меравад, ниҳоди нави танзимкунандаи соҳаи алоқа ташкил шавад: “Мо як барномаи махсуси мутобиқшавӣ ба меъёрҳои СУС дорем, ки рӯзҳои наздик ба ҳукумат пешниҳод мешавад. Дар он аз ҷумла ташкили ниҳоди нави танзимкунандаи алоқа пешбинӣ шудааст. Аммо барои лағви як сохтор ва ташкили сохтори нави танзимкунанда вақт лозим аст.”

Асомиддин Атоев, раиси ин Анҷумани дастраскунандагони интернет, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфта буд, ки Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи 7 ноябри соли 2013 бо ирсоли нома ба унвони ширкатҳои интернетрасони хусусии кишвар, тақозо кардааст, ҳама гуна хизматарсониҳои интернетиро ба муассисаҳои давлатӣ қатъ намоянд. Дар ин нома, ки зери имзои Бег Зуҳуров равон шудааст, аз ҷумла омада, ки “Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба иттилои Шумо мерасонад, дар асоси Қарори ҳукумати ҷумҳурӣ ҶСК Тоҷиктелеком вазифадор шудааст, ки тамоми хизматрасониҳои Интернет, WiMax, WiFi- ро ба корхонаҳо, муассисаҳо ва идораҳои давлатӣ таъмин намояд. Аз ин лиҳоз, хоҳиш карда мешавад, дар корхонаҳои давлатие, ки ширкати Шумо хизматрасониҳои интернетиро ба роҳ мондааст, қатъ намоед ва ҳамзамон аз натиҷаи он ба шахси масъули мо ахборот диҳед”.

Аммо Анҷумани дастраскунандагони интернет мегӯяд, ин дастури Хадамоти алоқаи кишвар мухолифи аксари қонунҳои амалкунандаи зиддиинҳисорӣ (зиддимонополӣ) ва хилофи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.

Ozodagon

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s