International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ширкатҳои Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байнулмилалии нассоҷии Истанбул

Leave a comment

Се корхонаи ресандагӣ –“Спитамен Текстайлз”, “Тента-Кӯлоб” ва “Файзи Истиқлол-2011” аз 26-ум то 29-уми марти соли ҷорӣ дар ёздаҳумин Намоишгоҳи байнулмилалии нассоҷии Истанбул аз Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд.

Намоишгоҳи нассоҷии Истанбул бо садҳо ширкаткунанда ва ҳазорҳо боздидкунанда яке аз бузургтарин намоишгоҳҳои соҳавӣ дар минтақа маҳсуб мегардад. Сафари ҳайъати Тоҷикистон ба Туркия бо мусоидати Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) ва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон сурат мегирад.

Ёздаҳумин намоишгоҳи байнулмилалии нассоҷии Истанбул ҳамроҳ бо намоишгоҳи 31-умини таҷҳизоти нассоҷиву дӯзандагӣ ва маҳсулоти кимиёӣ баргузор мегардад. Наргиза Абдумаҷидова аз Маркази тиҷорати байнулмилалӣ дар Тоҷикистон, ки ҳайъати кишварро дар намоишгоҳ роҳбаладӣ мекунад, мегӯяд: “Намоишгоҳи байнулмилалии нассоҷии Истанбул  яке аз беҳтарин маконҳои дидори фурӯшандаҳои маҳсулоти нассоҷӣ ва харидорони он мебошад. Боздидкунандагони ин намоишгоҳ имкон доранд, то бо пешниҳодҳои тавлидгарони маҳсулоти нассоҷӣ шинос шаванд ва беҳтаринҳояшро интихоб кунанд. Иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи Истанбул имкони хубест, то онҳо маҳсулоти худро дар саҳнаи байнулмилалӣ, махсусан ба харидорони эҳтимолӣ аз Туркия ва кишварҳои дигар намоиш бидиҳанд. Корхонаҳои Тоҷикистон аз дастрасӣ ба бозорҳои нав дар Туркия, ки саввумин кишвари истеҳсолкунанда мебошад, манфиати зиёд хоҳанд ёфт”.

Ин намоишгоҳ имконияти дарёфти ҳамкорон ва муштариёни нав дар бозори байнулмилалиро барои корхонаҳои ресандагии Тоҷикистон бештар мегардонад. Ширкатҳои тоҷик солҳои гузашта аз иштирок дар ин намоишгоҳ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд.

Ин намоишгоҳ мизбони беш аз 40 000 боздидкунанда аз тақрибан 70 кишвари ҷаҳон хоҳад буд. Дар он ҳудуди 200 ширкат аз кишварҳои гуногун маҳсулоти худро, ба мисли нахи пахта, таҷҳизоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, матоъ, маҳсулоти нассоҷӣ, либосворӣ, ришта ва ғайраро ба маърази тамошо хоҳанд гузошт. Аъзои ҳайъати Тоҷикистон мутмаинанд, ки иштирок дар ин намоишгоҳ дарҳои нав ба яке аз бозорҳои муҳимтарини нассоҷии минтақаро ҳам барои корхонаҳое, ки аллакай дар ин бозор ҳузур доранд, ва ҳам барои корхонаҳое, ки барои роҳ ёфтан ба ин бозор талош доранд, боз мекунад. Мирзоқодир Бақоев, мудири кулли “Спитамен Текстайлз” мегӯяд, “боварӣ дорам, ки иштироки мо дар ин намоишгоҳ мисли соли гузашта хеле ҳам муфид хоҳад буд. Мо дарк кардем, ки дар минтақа ба маҳсулоти мо ниёз ҳаст ва иштирок дар намоишгоҳи Истанбул имкони хубест, то мо бо харидорони эҳтимолӣ робитаи мустақим барқарор намоем ва ҷуғрофиёи бозори худро тавсеа бахшем. Дар намоишгоҳ иттилооти зиёди лозима оид ба таҷҳизоти замонавӣ, аз ҷумла, таҷҳизоти озмоишгоҳҳо низ хоҳем гирифт”.

Лоиҳаи мазкури МТБ ҷузъе аз Бахши чаҳоруми Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон буда, таваҷҷӯҳи худро ба боло бурдани сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон равона мекунад ва барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида, ҳамчунин, ба ҷонибҳои манфиатдор дар коргирӣ аз равиши стротежӣ барои рушди соҳа ёрӣ медиҳад. Ин лоиҳа, ҳамчунин, чолишҳо ва иқтидор барои рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистонро омӯхта, самтҳои бартари ниёзманди ёриҳои фанниро, ки марбут ба соҳибкорӣ ва тиҷоратанд, муайян мекунад.

Дар бораи ёриҳои Швейтсария: Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Дурнамои Ҳамкории худ барои солҳои 2012  -2015 таваҷҷуҳи худро дар Тоҷикистон ба чаҳор соҳа: саломатӣ, авлавияти қонун, ироаи оби ошимиданӣ ва беҳдоштӣ, ва рушди бахши хусусӣ равона кардааст. Ҳадафи умумии барномаҳои ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон пуштибонӣ аз раванди гузариш дар кишвар ба василаи саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз мусоидат дар бунёди сохтор ва низомҳои посухгӯи ниёзҳои мардум кор гирифта мешавад. www.swisscoop.tj, www.deza.admin.ch, www.seco-cooperation.admin.ch

 

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

w

Connecting to %s