International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи маркази гулдузию зардӯзӣ бо иштироки президент

Leave a comment

Дар маркази шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президент Эмомалӣ Раҳмон Маркази таълимӣ ва  истеҳсолии ҳунарҳои мардумии қолинбофӣ ва гулдӯзию зардӯзии Шероз, ки дар назди Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи Зиннат таъсис ёфтааст, ифтитоҳ гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Президент, дар ин ҷо коргоҳҳои қолинбофӣ, гулдӯзию зардӯзӣ ва дӯхти либосҳои гуногун фаъол гардидаанд, ки дар онҳо беш аз 400 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Дар ин коргоҳҳо ҳар се моҳ то 250 нафар ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи кунунӣ ва дурнамои ин кори ташкилшуда изҳори хушнудӣ карда, ба масъулин дастур дод, ки барои боз ҳам ривоҷ додани қолинбофии дастии тоҷикӣ ва гулдӯзию зардӯзӣ тамоми шароитро муҳайё созанд. Таъкид гардид, ки ин таҷрибаи наку ва пурманфиат  дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон бояд эҳё карда шавад. Ҳамчунин дастур дода шуд, муассисаҳои махсуси касбию таълимии ин соҳа таъсис дода шаванд.

Барои хуб ба роҳ мондани ин кор  3 нафар занони соҳибтахассус аз Ҷумҳурии Исломии Эрон даъват карда шуданд, ки як сол ба омӯзиши занону духтарони тоҷик машғул хоҳанд шуд. То имрӯз беш аз 1000 нафар барои омӯзиши ҳунарҳои қолинбофӣ ва гулдӯзию зардӯзӣ дар ин ҷо номнавис шудаанд.

Тибқи нақшаҳои тақрибӣ, танҳо дар соли равон қариб 5 ҳазор занону духтарон ба ин кор ҷалб карда мешаванд. Ин шумора то охири соли 2015 ба 13 ҳазор ва то охири соли 2016 бояд то 35 ҳазор нафар расонда шавад. Аз 35 ҳазор наздики 30 ҳазор занону духтарон қолинбофӣ ва гулдӯзию зардӯзии дастиро бояд дар хонаҳои худ ба роҳ монанд. Ҳамаи ин албатта бо дастгирии давлат ва соҳибкорони ин соҳа амалӣ хоҳад шуд. Қолинҳо ва сӯзаниҳои дар ҳавлиҳои шаҳрвандони омодагардида аз тарафи маркази таълимию истеҳсолӣ харидорӣ шуда, дар дохил ва хориҷи кишвар ба фурӯш бароварда мешавад.

Тавре иттилоъ доданд, аз омехтаи 10 ранги асосӣ, ки аз гулу гиёҳ, дарахт ва пӯсти меваю сабзавоти гуногун ҳосил мегардад, беш аз 50 намуд рангҳо омода карда мешавад. Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳар қадар рангҳо ва гулу ороишоти қолини дастӣ зиёду зебо бошад, ҳамон қадар арзишаш боло меравад.

Коргоҳи дӯзандагии марказ бошад, асосан бо дӯхти либоси мактабӣ ва корӣ машғул буда, дар як сол то 200 ҳазор адад либоси гуногун истеҳсол менамояд.

Дар намоишгоҳи корхона маҳсули ҳунарҳои зебои мардумӣ, ки бо завқу салиқаи баланд эҷод ва омода гардидааст, пешкаши ҳозирин гардид.

ТоҷНюз

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s