International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Намояндагони вазоратҳои Tоҷикистон низоми тиҷорати чандҷонибаро меомӯзанд

Leave a comment

Як гуруҳ намояндагони Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо ва кишоварзии Тоҷикистон дар давраи омӯзишии “Оқибатҳои низоми тиҷорати чандҷониба”, ки имрӯз, 7-уми апрел, дар шаҳри Женеваи Швейтсария оғоз шуд, иштирок доранд.

Ин давраи омӯзишӣ аз ҷониби Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) ташкил шуда, иштироки намояндагони ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон дар он дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи МТБ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огаҳии ниҳодҳои давлатӣ ва бахши хусусии Тоҷикистон доир ба имкониятҳо ва чолишҳои узвияти кишвар дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ имконпазир гардидааст. Ин лоиҳа аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат маблағгузорӣ мешавад.

Давраи омӯзишии мазкур, ки то 11-уми апрели соли ҷорӣ идома меёбад, ба ҳайси дарси муқаддимавӣ бо мақсади шиносоии доираҳои соҳибкорӣ ва кормандони давлатӣ бо низоми тиҷорати чандҷониба ва қоидаҳои тиҷоратии СТҶ истифода мешавад. Суҳроб Одинаев, сармутахассиси Раёсати ҳамкориҳо бо СУС дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва яке аз шунавандагони давраи омӯзишии мазкур, мутмаин аст, ки ҳайъати Тоҷикистон аз ин давраи омӯзишӣ “бо дониши бештар аз низом ва қоидаҳои тиҷорати чандҷониба, ва ҳамчунин, равандҳои ҳалли баҳсҳо дар тиҷорати байнулмилалӣ бармегарданд”.

Коршиносон аз созмонҳои гуногуни байнулмилалӣ, ба мисли Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ, Маркази машваратии қонунгузориҳои СТҶ, ва ҳамчунин, мутахассисони қонунгузориҳои тиҷоратӣ аз ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ шунавандагони ин давраи омӯзиширо бо василаҳои таърифавии дастрасӣ ба бозор, мудирияти гумрук ва танзими он дар чаҳорчӯбаи қоидаҳои ГАТТ, қоидаҳои СТҶ дар мавриди маҳдудиятҳои миқдории содирот ва воридот, муқаррароти зиддидемпингӣ ва истифода аз чораҳои зиддидемпингӣ, кӯмакҳои молӣ ва мусоидат ба соҳибкорони дохилӣ, баҳогузории мувофиқатии ин мусоидатҳо ба қоидаҳои СТҶ ва ғайра шинос мекунанд. Барномаи давраи омӯзишӣ, ҳамчунин, аз шиносоии муфассал бо Созишномаҳои СТҶ доир ба монеаҳои фаннӣ дар тиҷорат (ТБТ) ва чораҳои санитариву фитосанитарӣ (СФС), ва танзими хидматгузориҳои тиҷоратӣ дар доираи қоидаҳои СТҶ иборат аст. Соати омӯзишии махсус ҷиҳати баррасӣ ва таҳлили уҳдадориҳои таърифавии Русия низ аз ҷониби Намояндагии Русия дар СТҶ дар нақша аст.

Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) ниҳоди байнулмилалиест, ки дар соли 1995 бо ҳадафи танзими тиҷорат миёни аъзояш таъсис ёфтааст. Фаъолияти СТҶ, асосан, ба бунёди фазои боз, озод ва одилонаи тиҷоратӣ равона шудааст, фазое, ки ҳама аъзо дастрасии баробар ба манфиатҳоро доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-юми марти соли 2013 ба ҳайси узви 159-уми ин созмон пазируфта шуд.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳаи фаннии худ ба бахши хусусии Тоҷикистон ҷиҳати огоҳии бештар аз имкониятҳо ва чолишҳои узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Дар бораи ёриҳои Швейтсария: Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Дурнамои Ҳамкории худ барои солҳои 2012 -2015 таваҷҷуҳи худро дар Тоҷикистон ба чаҳор соҳа: саломатӣ, авлавияти қонун, ироаи оби ошимиданӣ ва беҳдоштӣ, ва рушди бахши хусусӣ равона кардааст. Ҳадафи умумии барномаҳои ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон пуштибонӣ аз раванди гузариш дар кишвар ба василаи саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз мусоидат дар бунёди сохтор ва низомҳои посухгӯи ниёзҳои мардум кор гирифта мешавад. http://www.swisscoop.tj, http://www.deza.admin.ch, http://www.seco-cooperation.admin.ch

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s