International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Стандартҳои байнулмилалӣ ба соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон меоянд

Leave a comment

Давраи омӯзишӣ дар мавзӯъи «Татбиқи низоми мудирияти сифат дар асоси стандарти байнулмилалии ИСО 9001», ки имрӯз, 10-уми апрел, дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, як силсилаи чунин давраҳои омӯзишии якрӯзаро дар Тоҷикистон ба анҷом расонид. Ду давраи омӯзишии дигар қаблан дар шаҳрҳои Қурғонтеппа, 3-юми апрел, ва Хуҷанд, 8-уми апрел, баргузор гардида буданд.

Ин давраҳои омӯзишӣ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Маркази тиҷорати байнулмилалӣ бо номи “Тақвияти рақобатпазирии содиротии корхонаҳои соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ ва рушди тавоноии ниҳодҳои пуштибони тиҷорат дар Тоҷикистон” баргузор гардиданд. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат маблағгузорӣ мешавад. Намояндагони корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии Хатлону Суғд ва Душанбе, ҳамчунин, намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва ширкатҳои хидматрасон бо низоми мудирияти сифат дар асоси стандарти ИСО 9001 шинос шуданд.

Барои нахустин бор дар Тоҷикистон ҳангоми таълими стандартҳои ИСО ба соҳибкорони маҳаллӣ аз донишу таҷрибаи мутахассиси маҳаллӣ истифода шуд. Барои гузаронидани ин давраҳои омӯзишӣ Фарзона Тилавова, мушовири миллии МТБ, бозрас (аудитор)-и аршад оид ба ИСО 9001, ва раҳбари ширкати консалтингии “Камолот-1” ҷалб гардид. Хонум Тилавова мегӯяд, “ҳадафи аслии ин давраҳо ироаи иттилоот ба ширкатҳои нассоҷиву дӯзандагии кишвар оид ба асосҳои низоми мудирияти сифати маҳсулот аз рӯи стандарти ИСО 9001 ва роҳу равиши амалисозии он буд”. Хонум Тилавова мутмаиин аст, ки “баргузор кардани чунин давраҳои омӯзишӣ барои боло бурдани сатҳи рақобатпазирии маҳсулоти корхонаҳо дар бозорҳои маҳаллӣ ва ҷаҳонӣ мусоидат мекунад. Ҳамчунин, бо ҷорӣ намудани ин низоми нав, сифати маҳсулот беҳтар мешавад ва табиист, ки сифати баланд эътимоди харидор ва шариконро ба маҳсулоти корхона бештар менамояд”.

Ширкатдорони давраи омӯзишӣ бо мӯҳтавои низоми мудирияти сифат, нақши сатҳи болоии раҳбарият дар ин низом, муҳиммияти сифати маҳсулот, стандарти ИСО 9001, мудирияти сифат дар бозорёбӣ (маркетинг), тарроҳӣ (дизайн), харидорӣ, ва истеҳсолот, такмили пайвастаи низоми мудирияти сифат, усулҳои санадсозӣ ва иҷрои он, бозраси (аудит)-и дохилӣ ва сертификатсияи низоми мудирияти сифат бо ҷалби тарафи савум шинос шуданд.

Лоиҳаи мазкури МТБ ҷузъе аз Бахши чаҳоруми Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон буда, таваҷҷӯҳи худро ба боло бурдани сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон равона мекунад ва барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида, ҳамчунин, ба ҷонибҳои манфиатдор дар коргирӣ аз равиши стротежӣ барои рушди соҳа ёрӣ медиҳад. Ин лоиҳа, ҳамчунин, чолишҳо ва иқтидор барои рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистонро омӯхта, самтҳои бартари ниёзманди ёриҳои фанниро, ки марбут ба соҳибкорӣ ва тиҷоратанд, муайян мекунад.

Дар бораи ёриҳои Швейтсария: Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Дурнамои Ҳамкории худ барои солҳои 2012 -2015 таваҷҷуҳи худро дар Тоҷикистон ба чаҳор соҳа: саломатӣ, авлавияти қонун, ироаи оби ошимиданӣ ва беҳдоштӣ, ва рушди бахши хусусӣ равона кардааст. Ҳадафи умумии барномаҳои ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон пуштибонӣ аз раванди гузариш дар кишвар ба василаи саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз мусоидат дар бунёди сохтор ва низомҳои посухгӯи ниёзҳои мардум кор гирифта мешавад. http://www.swisscoop.tj, http://www.deza.admin.ch, http://www.seco-cooperation.admin.ch

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s