International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МТБ ба Тоҷикистон дар таҳияи Стратегияи миллии бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ёрӣ мерасонад

Leave a comment

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ба вазорату идораҳои давлатӣ ва ғайридавлатии Тоҷикистон дар таҳияи Стратегияи миллии таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣёрии фаннӣ мерасонад. Қобили зикр аст, ки таҳияи стратегияи мазкур яке аз бандҳои муҳими Барномаи  Ҳукумати ҶТ дар мавриди мутобиқ сохтани низоми савдо дар давраи баъд аз вуруд ба СТҶ мебошад.

МТБ ёриҳои худро дар ин бастагӣ дар чаҳорчӯбаи лоиҳае амал менамояд, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар табиқи уҳдадорияҳояш дар баробари СТҶ ва амалисозии Созишномаҳои СТҶ мусоидат мекунад. Ин лоиҳа аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат маблағгузорӣ мешавад.

Барои оғози ибтикорҳо ҷиҳати таҳияи Стратегияи миллии таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон, МТБ рӯзи 17-уми апрели соли ҷорӣ мизи гирде зери унвони «Стратегияи миллиии таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҶТ» баргузор мекунад. Намояндагони сатҳи баланди ниҳодҳои марбутаи вазорату идораҳои давлатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ, ва ҷонибҳои манфиатдори дигар дар гирди ин миз ҷамъ меоянд, то чолишҳо ва масъалаҳои соҳаи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон ва муҳиммияти таҳияи Стратегияи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯроквориро баррасӣ бикунанд. Доктор Намрата Вакҳалу, мушовири байнулмилалии МТБ доир ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, мегӯяд: “Таҳияи Стратегияи миллии таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҶТ, ки ҷавобгӯи талаботи рӯзафзуни истеъмолкунандагон дар мавриди бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ бошад, ҳама гуна навгониҳоро дар саноати хӯрокворӣ ба инобат гирифта, дар таъсиси низоми муассири таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ мусоидат менамояд. Таҳияи Стратегияи миллӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷиҳати муайян кардани самтҳои асосии гузариш аз низоми мавҷуда ба низоми наву самаранок кӯмак намуда, барои  ворид кардани таҷрибаи беҳтарини ҷаҳонӣ мусоидат менамояд. Амалигардонии стратегияи мазкур барои беҳтар намудани таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хӯроквории бехатар, ҳифзи саломатии истеъмолкунандагон ва дастрасӣ ба бозорҳои содиротӣ ва содироти маҳсулоти хӯрокворӣ мусоидат хоҳад кард”.     

Дар соли  2011 Маркази тиҷорати байналмилалӣ ҷадвали баҳодиҳии вазифаҳо, салоҳият ва фаъолияти вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯроквориро таҳия карда буд. Ҷадвали мазкур барои муайян кардани ҳолатҳои такроршавии фаъолият ва норасоиҳои ҷойдошта кӯмаки амалӣ намуда, дар таҳияи пешниҳоду тавсияҳо оид ба бознигарӣ ва таҳияи чорабиниҳо ҷиҳати аз байн бурдани такроршавии фаъолиятхо дар байни вазорату идораҳо ва ҳалли масоили ҷойдошта бо назардошти принсипҳои идоракунии самаранок заминаи муҳим гардид. Машварати мазкур мавҷуд будани ҳолатҳои такрорёбии баъзе фаъолиятҳои вазорату идорахои марбутаро, ки дар самти таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ фаъолият мекунанд, ошкор намуд. Дар соли 2012, МТБ дар доираи ҳалли масъалаҳои мазкур ёрии амалии худро бо саҳмгузорӣ дар таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон  «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва  ворид намудани он тавсияҳои  муфиде, ки зимни мизи мудаввари соли 2011 пешниҳод гардида буданд, идома дод.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳаи фаннии худ ба бахши хусусии Тоҷикистон ҷиҳати огоҳии бештар аз имкониятҳо ва чолишҳои узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Дар бораи ёриҳои Швейтсария: Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Дурнамои Ҳамкории худ барои солҳои 2012  -2015 таваҷҷуҳи худро дар Тоҷикистон ба чаҳор соҳа: саломатӣ, авлавияти қонун, ироаи оби ошимиданӣ ва беҳдоштӣ, ва рушди бахши хусусӣ равона кардааст. Ҳадафи умумии барномаҳои ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон пуштибонӣ аз раванди гузариш дар кишвар ба василаи саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз мусоидат дар бунёди сохтор ва низомҳои посухгӯи ниёзҳои мардум кор гирифта мешавад. www.swisscoop.tj, www.deza.admin.ch, www.seco-cooperation.admin.ch

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s