Маҳсулнокӣ, фоиданокӣ ва рақобатпазирӣ дар саноати нассоҷиву дӯзандагӣ

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) намояндагони корхонаҳои мунтахаби нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон, омӯзгорони донишгоҳҳо ва ҷонибҳои дигари манфиатдорро гирди ҳам овард, то дар мавриди роҳҳои афзоиши маҳсулнокӣ ва сифати маҳсулот бо ҳадафи боло бурдани сатҳи рақобатпазирӣ дар соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон фаҳмиши бештар ҳосил шавад.

Ду давраи омӯзишӣ дар мавзӯъи “Маҳсулнокӣ, фоиданокӣ ва рақобатпазирӣ дар саноати нассоҷиву дӯзандагӣ” дар шаҳрҳои Хуҷанд (22-23-юми апрел) ва Душанбе (28-29-уми апрел) баргузор гардид. Ин давраҳои омӯзишӣ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи МТБ бо номи “Тақвияти рақобатпазирии содиротии корхонаҳои соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ ва рушди тавоноии ниҳодҳои пуштибони тиҷорат дар Тоҷикистон” баргузор гардиданд. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат маблағгузорӣ мешавад.

Барои баргузории семинарҳо доктор Раҷеш Бҳеда, мушовири байнулмилалии МТБ доир ба мудирияти сифат ва маҳсулнокӣ ва мудири иҷроияи ширкати консалтингии “Раҷеш Бҳеда Консалтинг”, даъват шуда буд. Ҷаноби Бҳеда мегӯяд: “Барномаи омӯзиш ба муайян кардани фаъолиятҳое дар раванди кор равона шуда буд, ки ба занҷираи арзиши иловагӣ рабте надоранд. Мунтазам аз байн бурдани ин гуна фаъолиятҳо маҳсулнокӣ ва сифатро ба таври қобили мулоҳиза беҳтар мегардонад. Дар давраҳои омӯзишӣ, ҳамчунин, мо василаҳоеро ҷиҳати ҳалли мушкилот таҷриба кардем, ки барои муайян кардани решаи мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо истифода шуда метавонанд”.

Ширкатдорони семинарҳо бо усулҳои замонавитарини боло бурдани маҳорати дӯзандагӣ, истифодаи низоми насли саввум дар саноати дӯзандагӣ, ворид сохтани барномаҳои “бидуни нуқсоне” ва “истеҳсоли эҳтиёткорона”, кам кардани ҳолатҳои зоеъ шудани маҳсулот ва таҳияи нақшаи иқдомҳо ҷиҳати беҳтар кардани маҳсулнокӣ ва ғайра шинос шуданд.

Ин давраҳои омӯзишӣ имкони хуберо барои омӯзиш аз мутахассиси сатҳи ҷаҳонии консалтинг дар соҳаи беҳсозии маҳсулнокии саноати дӯзандагӣ фароҳам оварданд. Доктор Раҷеш Бҳеда ба ширкатҳои дӯзандагӣ, брендҳои маъруфи ҷаҳонӣ, ва иттиҳодияҳои соҳавӣ дар саросари ҷаҳон дар роҳи посух ба чолишҳои камбуди донишу маҳорат ва ҳавасмандсозии коргарон мусоидат кардааст. Лоиҳаҳои рушди маҳсулнокӣ ва сифати ширкати “Раҷеш Бҳеда Консалтинг” маҳсулнокӣ ва сифатнокии ширкатҳои дӯзандагиро то ба 25 дарсад боло бурдаанд. Дар гузашта ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон низ аз семинарҳои доктор Бҳеда, ки аз ҷониби МТБ баргузор шуда буданд, баҳра бурда ва сифату маҳсулнокии худро беҳтар кардаанд.

Доктор Бҳеда дар ҷараёни сафари худ ба Тоҷикистон, ҳамчунин, ба як силсила корхонаҳои ҳамкори МТБ машваратҳо хоҳад дод.

Лоиҳаи мазкури МТБ ҷузъе аз Бахши чаҳоруми Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон буда, таваҷҷӯҳи худро ба боло бурдани сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон равона мекунад ва барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида, ҳамчунин, ба ҷонибҳои манфиатдор дар коргирӣ аз равиши стротежӣ барои рушди соҳа ёрӣ медиҳад. Ин лоиҳа, ҳамчунин, чолишҳо ва иқтидор барои рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистонро омӯхта, самтҳои бартари ниёзманди ёриҳои фанниро, ки марбут ба соҳибкорӣ ва тиҷоратанд, муайян мекунад.

Дар бораи ёриҳои Швейтсария: Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Дурнамои Ҳамкории худ барои солҳои 2012 -2015 таваҷҷуҳи худро дар Тоҷикистон ба чаҳор соҳа: саломатӣ, авлавияти қонун, ироаи оби ошимиданӣ ва беҳдоштӣ, ва рушди бахши хусусӣ равона кардааст. Ҳадафи умумии барномаҳои ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон пуштибонӣ аз раванди гузариш дар кишвар ба василаи саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз мусоидат дар бунёди сохтор ва низомҳои посухгӯи ниёзҳои мардум кор гирифта мешавад. http://www.swisscoop.tj, http://www.deza.admin.ch, www.seco-cooperation.admin.ch

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

w

Connecting to %s