International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастрасии нассоҷону дӯзандагони тоҷик ба захираҳои молиявӣ дар чӣ вазъ аст?

Leave a comment

Як гуруҳи коршиносони Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) бо ҳадафи баҳогузорӣ ба вазъи дастрасии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон ба захираҳои молиявӣ аз ин кишвар боздид карданд.

Ин сафар қадами нахустин дар роҳи анҷоми як пажӯҳише ба хотири баҳогузории вазъ ва пешниҳоди тавсияҳои гуногун ҷиҳати боло бурдани имкониятҳои маблағгузории соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон маҳсуб мегардад. Пажӯҳиши мазкураз ҷониби лоиҳаи МТБ ва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат гузаронида мешавад.

Барои гузаронидани тадқиқоти мазкур як гуруҳи иборат аз коршиносони байнулмилалӣ – Кристоф Кордонйе, Тариқ Фарҳодӣ, ва Жил Уолтер, ки аз ҷониби мушовирони миллии МТБ мусоидат мебинанд, ҷалб шудаанд. Ин гуруҳи коршиносон аз 28-уми апрел то 4-уми май дар Тоҷикистон қарор дошт ва бо раҳбарону намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ, бонкҳои тиҷоративу созмонҳои хурди молиявӣ, созмонҳои байнулмилалии молиявӣ, ва корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагӣ дидорҳо баргузор кард.

Саидмӯъмин Камолов, раҳбари барномаҳои МТБ дар Тоҷикистон, бо хулоса кардани назари намояндагони соҳаи нассоҷиву дӯзандагии кишвар, мегӯяд, дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ ва маблағгузорӣ яке аз мушкилоти аслии корхонаҳои ин соҳа дар кишвар шинохта шудааст. Ҷаноби Камолов мегӯяд: “Мо ин пажӯҳишро бо ҳадафи шинохти имкониятҳо ва хидматрасониҳои феълии молиявӣ барои соҳибкории хурду миёна, ниёзҳои корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагӣ дар мавриди дастрасӣ ба маблағгузорӣ ва хидматрасониҳои молиявӣ, мушкилоти онҳо ҳангоми дастрасӣ ба маблағгузориҳо, мушкилоти бонку ниҳодҳои молиявӣ ҳангоми пешниҳоди хидматрасониҳои молиявӣ ва амсоли ин гуна мавзӯъҳо роҳандозӣ мекунем. Мо фазои танзимотии хидматрасониҳои молиявиро баҳо дода, муҳимтарин монеаҳоро дар ин самт муайян мекунем ва ба тавоноии созмонҳои молиявии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар кардани дастрасии ширкатҳои нассоҷиву дӯзандагӣ ба хидматрасониҳои молиявӣ баҳо медиҳем”.

Интизор меравад, хулосаҳои ин пажӯҳиш ва тавсияҳои он ниёз ба навъҳои ёрии фаннӣ ва тарзи маблағгузорӣ (қарздеҳӣ, замонатҳо)-ро муайян ва маҳсулоти нави молиявиеро таҳия ва муаррифӣ бикунад, ки посухгӯи эҳтиёҷоти соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон дар бастагӣ ба маблағгузорӣ бошад.

Лоиҳаи мазкури МТБ ҷузъе аз Бахши чаҳоруми Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон буда, таваҷҷӯҳи худро ба боло бурдани сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон равона мекунад ва барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида, ҳамчунин, ба ҷонибҳои манфиатдор дар коргирӣ аз равиши стротежӣ барои рушди соҳа ёрӣ медиҳад. Ин лоиҳа, ҳамчунин, чолишҳо ва иқтидор барои рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистонро омӯхта, самтҳои бартари ниёзманди ёриҳои фанниро, ки марбут ба соҳибкорӣ ва тиҷоратанд, муайян мекунад.

Дар бораи ёриҳои Швейтсария: Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Дурнамои Ҳамкории худ барои солҳои 2012 -2015 таваҷҷуҳи худро дар Тоҷикистон ба чаҳор соҳа: саломатӣ, авлавияти қонун, ироаи оби ошимиданӣ ва беҳдоштӣ, ва рушди бахши хусусӣ равона кардааст. Ҳадафи умумии барномаҳои ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон пуштибонӣ аз раванди гузариш дар кишвар ба василаи саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз мусоидат дар бунёди сохтор ва низомҳои посухгӯи ниёзҳои мардум кор гирифта мешавад. http://www.swisscoop.tj, http://www.deza.admin.ch, www.seco-cooperation.admin.ch  

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s