Тарҳҳои Иттиҳоди Аврупо доир ба низоми умумии имтиёзҳо дар Душанбе муаррифӣ шуд

Барои нахустин бор, намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва бахши хусусии Тоҷикистон, ҳамчунин, намояндагони расонаҳои хабарии кишвар, бо тарҳҳои Иттиҳоди Аврупо доир ба Низоми умумии имтиёзҳо (Generalised System of Preferences – GSP) ва манфиатҳои эҳтимолие, ки соҳаҳои муайяни иқтисоди Тоҷикистон метавонад аз ин низом бардорад, шинос шуданд.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) имрӯз, 14-уми майи соли 2014, дар шаҳри Душанбе як давраи омӯзишӣ ва пас аз он пресс-кафе барои журналистон дар мавзӯъи мазкур баргузор кард. Чорабинии мазкур дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи МТБ баргузор мешавад. Ин лоиҳаи МТБ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи уҳдадорияҳояш дар баробари СТҶ ва амалисозии Созишномаҳои СТҶ мусоидат мекунад. Ин лоиҳа аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат маблағгузорӣ мешавад.

Низоми умумии имтиёзҳо (Generalised System of Preferences – GSP) – низоми имтиёзҳои чандҷонибаи тиҷоратӣ мебошад, ки таъруфаҳоро барои баъзе аз маҳсулоти содиротӣ аз кишварҳои дар ҳоли рушд ва кишварҳои камрушдкарда коҳиш медиҳад ва ё умуман аз миён мебардорад. Паоло Вергано, коршиноси тиҷорати байнулмилалӣ, ки имрӯз Низоми умумии имтиёзҳоро дар шаҳри Душанбе муаррифӣ кард, мегӯяд: “Ҳадаф аз роҳандози ин низом баланд бардоштани ҳаҷми даромад аз содирот дар кишварҳои дар ҳоли рушд мебошад, то ба ин васила дар коҳиши фақр, пешбурди рушди пойдор, ва мудирияти беҳтар дар сатҳи ҳукумат саҳм гузошта шавад. Фарзияи феълии низоми мазкур сар карда аз якуми январи соли 2014 дар амал аст. Таваҷҷӯҳи асосӣ дар низоми нав ба сатмҳои зерин равона шудааст: имтиёзҳои таъруфавӣ барои кишварҳои ниёзманд, тақвияти GSP+ ба ҳайси як василаи дастгирии ҳамкороне, ки тасмим доранд, паймонҳои байнулмилалии ҳуқуқи башар ва ҳуқуқи коргарро риоя бикунанд, саҳмгузорӣ дар рушди пойдору мудирияти беҳтар, ва таъмини шаффофияту бештар гардонидани имкониятҳои пешгӯӣ барои ширкатҳо”.

Ҷаноби Вергано, ҳамчунин, аз таърих ва таҳаввули Низоми умумии имтиёзҳо ёдовар шуд, тарҳҳои имтиёзиро муаррифӣ намуд, ва роҳҳои манфиат бардоштан аз ин низомро нишон дод. Ӯ гуфт: “Ҳарчанд, тасвиб ва иҷрои паймонҳо ва мутобиқат бо талаботи пойдориву назорати механизм вақт ва нерӯ металабад, ин низом дар умум манфиатҳоеро ба монанди имтиёзҳои чашмраси таъруфавӣ ва аз миён пурра бардоштани таъруфаҳоро дар пай дорад. Маҳсулоти нассоҷиву дӯзандагӣ ва алюминӣ дар миёни маҳслуоти асосии содиротӣ аз Тоҷикистон ба Иттиҳоди Аврупо мебошад. Дар ҳоле, ки алюминиюми коркарднашуда ба феҳрасти маҳсулоти қобили дастгирӣ дар чаҳорчӯбаи низомҳои GSP ё GSP+ ворид намешавад, ин тарҳҳои Иттиҳоди Аврупо метавонанд содирот дар соҳаҳои гуногуни дигарро беҳтар бикунанд ва барои гуногунӣ дар содирот як заминае бигарданд”.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳаи фаннии худ ба бахши хусусии Тоҷикистон ҷиҳати огоҳии бештар аз имкониятҳо ва чолишҳои узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Дар бораи ёриҳои Швейтсария: Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Дурнамои Ҳамкории худ барои солҳои 2012  -2015 таваҷҷуҳи худро дар Тоҷикистон ба чаҳор соҳа: саломатӣ, авлавияти қонун, ироаи оби ошимиданӣ ва беҳдоштӣ, ва рушди бахши хусусӣ равона кардааст. Ҳадафи умумии барномаҳои ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон пуштибонӣ аз раванди гузариш дар кишвар ба василаи саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз мусоидат дар бунёди сохтор ва низомҳои посухгӯи ниёзҳои мардум кор гирифта мешавад. www.swisscoop.tj, www.deza.admin.ch, www.seco-cooperation.admin.ch

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

w

Connecting to %s