International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Талоши Тоҷикистон барои пайвастан ба Системи умумии тарҷеҳот (GSP+)

Leave a comment

Давлати Тоҷикистон барои ворид шудан ба Системи умумии тарҷеҳоти Иттиҳодияи Урупо (GSP+) бояд ду кунвенсиюни дигаре аз ҷумлаи 27 кунвенсиюнро тасвиб кунад.

Ин систем, яке аз имтиёзот дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат аст, ки ба кишварҳои дар ҳоли тавсеъа барои дастасӣ ба маъоф аз пардохти ҳуқуқи гумрук дода мешавад.

Ин мавзӯъ, рӯзи чаҳоршанбеи 14 май дар давраи омӯзишии вижа дар Вазорати рушти иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон матраҳ шуд.

Иноятулло Қосимов, мутахассиси идораи ҳамкорӣ СҶТ-и Вазорати тавсеъаи иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин ҳамоиш бештар соҳибкорон ва тоҷирон ширкат доштанд.

Ба гуфтаи ӯ ҳадаф аз нишаст огоҳсозии ширкаткунандагон бо низоми ворид шудани Тоҷикистон ба низоми Системи умумии тарҷеҳот будааст.

Аммо вай афзуд: “Тоҷикистон бояд барои ворид шудан ба ин систем ду кунвенсиюни дигаре, аз ҷумла 27 кунвенсиюни ҷаҳониро имзо кунад. Зеро танҳо баъд аз тасвиби ин санадҳо Тоҷикистон метавонад ба ин систем ҳамроҳ шавад.”

Оқои Қосимов мегӯяд, ки баъд аз имзои ин санадҳо давлати Тоҷикистон номаи дархостӣ барои пайвастан ба ин системро ба Иттиҳодияи Урупо ирсол мекунад ва ин дархост дар тӯли аз шаш моҳ то як сол дар иттиҳодия баррасӣ ва ҳал хоҳад шуд.

Ду кунвенсиюни дигаре, ки давлати Тоҷикистон онҳоро то ҳол ба тасвиб нарасонидааст, кунвенсиюнҳои танаввуъи зистӣ (биоразнообразие) ва куштори дастаҷамъӣ (геносид) мебошад.

Масъулони вазорат мегӯянд, ки мушкили тасвиби кунвенсиюни танаввуъи зистӣ ҳал шуда, аммо душворӣ ҳануз бар сари имзои санади дуввум, яъне кунвенсиюни куштори дастаҷамъӣ будааст.

Дар ҳоли ҳозир 13 кишвари узви Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат, аз ҷумла Арманистон ва Гурҷистон, ду кишвари Шӯравии собиқ шомили Системи умумии тарҷеҳот будаанд.

Дар соли 2012 Тоҷикистон расман ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат, баъд аз 11 соли талоши пайвастан ба он пазируфта шуд.

BBC Tajik

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

w

Connecting to %s