International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Манфиатҳо ва чолишҳои саноати нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон аз узвияти кишвар дар Ссозмони тиҷорати ҷаҳонӣ

Leave a comment

Таъсири узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) ба соҳаи нассоҷиву дӯзандагии ин кишвар дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) имрӯз, 16-уми майи соли 2014, дар шаҳри Душанбе як давраи омӯзишӣ ва пас аз он пресс-кафе барои журналистон дар мавзӯъи узвияти Тоҷикистон дар СТҶ ва таъсири он ба соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ баргузор кард. Намояндагони соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ, ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва расонаҳои хабарӣ талаботи СТҶ дар робита бо саноати нассоҷиву дӯзандагӣ, манфиатҳо ва чолишҳое, ки ин соҳа аз узвияти кишвар дар СТҶ мебардорад, ва таъсири узвияти Тоҷикистон ба СТҶ ба соҳаи нассоҷиву дӯзандагии кишварро баррасӣ карданд.  Чорабинии мазкур дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи МТБ баргузор шуд. Ин лоиҳаи МТБ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи уҳдадорияҳояш дар баробари СТҶ ва амалисозии Созишномаҳои СТҶ мусоидат мекунад. Ин лоиҳа аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат маблағгузорӣ мешавад.

Паоло Вергано, коршиноси тиҷорати байнулмилалӣ ва мударриби давраи омӯзишии мазкур, гуфт, пас аз қатъи Созишномаи СТҶ доир ба нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар соли 2004, маҳсулоти нассоҷиву дӯзандагии кишвари узви созмон зери таъсири низоми тиҷорати чандҷониба қарор мегирад. Ҳангоми муаррифии феҳраси созишномаҳои марбут ба СТҶ ба иштирокдорони давраи омӯзишӣ ва пресс-кафе, ҷаноби Вергано дар мавриди таъсири узвияти СТҶ ба соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон чунин ибрози назар кард: “Сарфи назар аз он ки бахши хуусӣ аз узвият дар СТҶ дар кӯтоҳмуддат таъсири манфӣ мебинад, пиёда кардани чаҳорчӯбаҳои тиҷоратии шаффофтар, амнтар ва пешгӯишавандатар дар дарозмуддат натиҷаҳои мусбат ба бор меорад. Ман тавсия медиҳам, ки шиносоии доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон бо имкониятҳо ва захираҳои СТҶ идома дода шуда, манфиатҳои соҳаи нассоҷиву дӯзандагии кишвар ба эътибор гирифта шаванд. Барои ин, намояндагони ин соҳаро бояд ба гуфтушунидҳои тиҷоратӣ ва баҳсҳои фаннӣ пайваста ҷалб кард ва ҳамзамон, барояшон дастрасӣ ба механизм ва василаҳои СТҶ-ро фароҳам овард”.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳаи фаннии худ ба бахши хусусии Тоҷикистон ҷиҳати огоҳии бештар аз имкониятҳо ва чолишҳои узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Дар бораи ёриҳои Швейтсария: Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Дурнамои Ҳамкории худ барои солҳои 2012 -2015 таваҷҷуҳи худро дар Тоҷикистон ба чаҳор соҳа: саломатӣ, авлавияти қонун, ироаи оби ошимиданӣ ва беҳдоштӣ, ва рушди бахши хусусӣ равона кардааст. Ҳадафи умумии барномаҳои ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон пуштибонӣ аз раванди гузариш дар кишвар ба василаи саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз мусоидат дар бунёди сохтор ва низомҳои посухгӯи ниёзҳои мардум кор гирифта мешавад. http://www.swisscoop.tj, http://www.deza.admin.ch, http://www.seco-cooperation.admin.ch

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s