МТБ пажӯҳиши худ доир ба рушди гардишгарии ҳамагонӣ дар Tоҷикистонро муаррифӣ мекунад

Намояндагони соҳаи гардишгарии Тоҷикистон имрӯз барои баррасии муҳтаво ва тавсияҳои пажӯҳиши МТБ доир ба сайёҳии ҳамагонӣ (дастрас ба ҳама) ва созмонҳои минтақавии мудирияти сайёҳӣ (СМС) гирди як миз ҷамъ меоянд.

Тадқиқоти имкониятҳои гардишгарии ҳамагонӣ ва созмонҳои мудирияти сайёҳӣ (СМС) дар Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи МТБ гузаронида шудааст. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат маблағгузорӣ мешавад.

Тадқиқоти мазкурро мушовири байнулмилалии МТБ доир ба сайёҳӣ Франсуа Лоран дар ҳамдастӣ бо ду мушовири миллӣ, яке доир ба сайёҳӣ ва дигаре доир ба ҳунарҳои дастӣ, гузарониданд. Ҷаноби Лоран соли гузашта дар ҷараёни сафарҳояш ба Тоҷикистон тавоноии соҳаи сайёҳӣ бо пайванди он ба ҳунарҳои дастӣ ва самтҳои рушди ин соҳаро омӯхта ва арзёбӣ карда буд. Ӯ мегӯяд, “пажӯҳиши мазкур вазъи феълии соҳаи гардишгарии Тоҷикистон ва имкониятҳои он барои рушдро таҳлил кардааст. Мо, ҳамчунин, занҷираи арзишии соҳаро бо шумули имкониятҳои бадастории даромад дар ду минтақа – водии Зарафшон ва Вилояти Худмухтори Кӯҳистони Бадахшон муайян кардем. Дар ин тадқиқот, ҳамчунин, самтҳои афзалиятдори соҳаи гардишгарӣ, ки ба ёрии фаннӣ эҳтиёҷ доранд, муайян шудаанд, ва ҳадафи ниҳоӣ низ бунёди ҷойҳои нави корӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои ба даст овардани даромад барои қишрҳои ниёзманд мебошад”.

Бо такя ба натиҷаҳои арзёбии мазкур, тарҳрезии як лоиҳаи нав ҷиҳати дастгирии соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон дар назар аст. Пешниҳоду тавсияҳо аз мизи гирди имрӯз барои илова ба лоиҳаи нав гирдоварӣ мешаванд.

Назару пешниҳодҳои шумо низ барои таҳияи лоиҳаи нав муҳим мебошанд. Тадқиқоти мазкур бо забони русӣ тарҷума шуда, ин ҷо дастрас аст.

Дар бораи ёриҳои Швейтсария: Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Дурнамои Ҳамкории худ барои солҳои 2012 -2015 таваҷҷуҳи худро дар Тоҷикистон ба чаҳор соҳа: саломатӣ, авлавияти қонун, ироаи оби ошимиданӣ ва беҳдоштӣ, ва рушди бахши хусусӣ равона кардааст. Ҳадафи умумии барномаҳои ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон пуштибонӣ аз раванди гузариш дар кишвар ба василаи саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз мусоидат дар бунёди сохтор ва низомҳои посухгӯи ниёзҳои мардум кор гирифта мешавад. http://www.swisscoop.tj, http://www.deza.admin.ch, www.seco-cooperation.admin.ch  

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

w

Connecting to %s