International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Усули “Насли саввум”-и омӯзиш барои корхонаҳои дӯзандагии тоҷик

Leave a comment

Тақрибан бист тренер ва корбарони мошинаҳои дӯзандагии ширкатҳои дӯзандагии Тоҷикистон бо усули нодиру муосири омӯзишии “3G Tailor” аз ироагари маъруфи хадамоти машваратӣ дар саноати дӯзандагӣ дар Осиё – Rajesh Bheda Consulting, шинос мешаванд. Ин усул замони омӯзишро то ба 75% коҳиш дода, самаранокии  кори коромӯзонро беҳтар месозад.

Давраи омӯзишии “Тамрини мураббӣ” (“Train the Trainer”) бо усули “3G Tailor” имрӯз, 12-уми июн, дар шаҳри Хуҷанд оғоз шуд ва дар чаҳорчӯбаи он тренерони оянда аз коршиноси аршади ширкати Раҷеш Бҳеда Консалтинг ҷаноби Пол Колйер омӯзиш мегиранд. Ҷаноби Колйер таҷрибаи беш аз чиҳилсолаи кор дар саноати дӯзандагиро дорад. Намояндагони ширкатҳое назири “Дилором”, “Лидер”, “Ноҳид”, “Ресандаи Қурғонтеппа”, “Фирӯз” ва “Текстил Ситӣ” дар ин давраи омӯзишӣ ҳузур доранд. Ин давраи омӯзишӣ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи МТБ бо номи “Тақвияти рақобатпазирии содиротии корхонаҳои соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ ва рушди тавоноии ниҳодҳои пуштибони тиҷорат дар Тоҷикистон” баргузор мегардад. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат маблағгузорӣ мешавад.

Яке аз мушкилоти асосие, ки корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон рӯбарӯ мешаванд, камбуди мутахассисон, хусусан дӯзандашони моҳиру таҷрибадор мебошад ва бино бар сабабҳои молӣ наметавонанд кормандони навро омӯзиши кофӣ бидиҳанд. Раҷеш Бҳеда, мушовири байнулмилалии МТБ доир ба мудирияти сифат ва маҳсулнокӣ ва мудири иҷроияи ширкати консалтингии “Раҷеш Бҳеда Консалтинг”, мегӯяд, давраи омӯзишии “3G Tailor” бо ҳадафи талоше ҷиҳати рафъи ин мушкил баргузор мегардад. Ӯ мегӯяд: “Мақсуди ин усул омода кардани мутахассисонест, ки дар тӯли камтар аз як ҳафта дигаронро омӯзиш дода тавонанд, ки чӣ гуна аз таҷҳизоти навтарин истифода бояд бурд. Ин усул дар корхонаҳои пешрафтаи дӯзандагии  Бритониёи Кабир, Чин, Ҳиндустон ва Шри-Ланка натиҷаҳои назаррас ба бор овардааст. Иштирокдорони давраи омӯзишӣ бо асосҳои омӯзонидани калонсолон, муоширати муассир ва маҳорати тренерӣ шинос мешаванд. Наворҳои видеоии таҷрибаҳои беҳтарини ҷаҳонӣ барои таҳлили усулҳои тренерӣ ва таҳияи барномаҳои омӯзишӣ намоиш дода мешавад”.

Лоиҳаи мазкури МТБ ҷузъе аз Бахши чаҳоруми Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон буда, таваҷҷӯҳи худро ба боло бурдани сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон равона мекунад ва барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида, ҳамчунин, ба ҷонибҳои манфиатдор дар коргирӣ аз равиши стротежӣ барои рушди соҳа ёрӣ медиҳад. Ин лоиҳа, ҳамчунин, чолишҳо ва иқтидор барои рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистонро омӯхта, самтҳои бартари ниёзманди ёриҳои фанниро, ки марбут ба соҳибкорӣ ва тиҷоратанд, муайян мекунад.

Дар бораи ёриҳои Швейтсария: Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Дурнамои Ҳамкории худ барои солҳои 2012 -2015 таваҷҷуҳи худро дар Тоҷикистон ба чаҳор соҳа: саломатӣ, авлавияти қонун, ироаи оби ошимиданӣ ва беҳдоштӣ, ва рушди бахши хусусӣ равона кардааст. Ҳадафи умумии барномаҳои ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон пуштибонӣ аз раванди гузариш дар кишвар ба василаи саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз мусоидат дар бунёди сохтор ва низомҳои посухгӯи ниёзҳои мардум кор гирифта мешавад. http://www.swisscoop.tj, http://www.deza.admin.ch, www.seco-cooperation.admin.ch  

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s