Тоҷикистон чораҳои Созишномаи СТҶ доир ба Мусоидат ба Тиҷоратро ба бахшҳо тақсим мекунад

Иҷрои Созишномаи Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) доир ба мусоидат ба тиҷорат – мавзӯъи давраи миллии омӯзишии дурӯзае мебошад, ки имрӯз, 17-уми июн, дар шаҳри Душанбе оғоз шуд.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар ҳамкорӣ бо Конфронси Созмони милал барои тиҷорат ва рушд (ЮНКТАД) намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва бахши хусусиро, ки дар самти мусоидат ба тиҷорат фаъолият мебаранд, гирди ҳам оварданд, то бахшбандии уҳдадориҳои Тоҷикистон дар мавриди Созишномаи мусоидат ба тиҷоратро ҷиҳати огоҳ сохтани СТҶ муайян кунанд ва раванди тарҳрезии дархости ёрии фанниву молӣ барои иҷрои чораҳои бахши С-ро оғоз бахшанд.

Давраи омӯзишӣ аз ҷониби Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи МТБ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огаҳии ниҳодҳои давлатӣ ва бахши хусусии Тоҷикистон доир ба имкониятҳо ва чолишҳои узвияти кишвар дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ баргузор мегардад. Ин лоиҳа аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат маблағгузорӣ мешавад.

Доктор Муҳаммад Саид, мушовири аршади МТБ доир ба мусоидат ба тиҷорат, Созишномаи мазкурро, ки аз 37 чора иборат аст, чунин шарҳ медиҳад: “Созишномаи мусоидат ба тиҷорат аъзои СТҶ-ро муваззаф мекунад, то равандҳои гумрукиро беҳтар кунанд, шаффофият ва муассириятро боло бибаранд, ва ҳамчунин, ҳамкориро миёни ниҳодҳои фаъол дар марз ва бахши хусусӣ ба роҳ бимонанд. Кишварҳои рушдкарда ва дар ҳоли рушд, ки аъзои СТҶ мебошанд, бояд худ бо назардошти ҳолати инфиродии худ чораҳоро ба Бахши А (ки бояд сареъан пас аз қабул иҷро бишавад), Бахши B (метавонад дертар иҷро бишавад) ва C (иҷроишаш ба тавоноии кишвар ба воситаи ёриҳои беруна вобаста аст) тақсим кунанд ва барои иҷрои чораҳо худ муҳлат бигузоранд”.

Ширкатдорони давраи омӯзишӣ бо такя ба дониши худ аз қонунгузориҳо ва сатҳи феълии иҷроиши чораҳо, тавсия медиҳанд, ки чораҳои Созишномаи мусоидат ба тиҷорат ба кадом бахшҳо ворид карда шавад. Ишитирокдорон, ҳамчунин, муайян мекунанд, ки барои иҷрои талаботи Созишнома, Тоҷикистон бояд чӣ кор кунад, чи муҳлате, чӣ манбаъҳое ва чӣ ниёзе ба ёрии беруна лозим аст. Нигоҳи намояндагони бахши хусусӣ низ ба эътибор гирифта мешавад, то эхтиҷоти соҳибкорон низ аз мадди назар дур наафтад.

Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) ниҳоди байнулмилалиест, ки дар соли 1995 бо ҳадафи танзими тиҷорат миёни аъзояш таъсис ёфтааст. Фаъолияти СТҶ, асосан, ба бунёди фазои боз, озод ва одилонаи тиҷоратӣ равона шудааст, фазое, ки ҳама аъзо дастрасии баробар ба манфиатҳоро доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-юми марти соли 2013 ба ҳайси узви 159-уми ин созмон пазируфта шуд.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳаи фаннии худ ба бахши хусусии Тоҷикистон ҷиҳати огоҳии бештар аз имкониятҳо ва чолишҳои узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Дар бораи ёриҳои Швейтсария: Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Дурнамои Ҳамкории худ барои солҳои 2012  -2015 таваҷҷуҳи худро дар Тоҷикистон ба чаҳор соҳа: саломатӣ, авлавияти қонун, ироаи оби ошимиданӣ ва беҳдоштӣ, ва рушди бахши хусусӣ равона кардааст. Ҳадафи умумии барномаҳои ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон пуштибонӣ аз раванди гузариш дар кишвар ба василаи саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз мусоидат дар бунёди сохтор ва низомҳои посухгӯи ниёзҳои мардум кор гирифта мешавад. www.swisscoop.tj, www.deza.admin.ch, www.seco-cooperation.admin.ch

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

w

Connecting to %s