International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Давраи омӯзишӣ доир ба меъёри ISO 9001:2008 барои бозрасони аршади молӣ дар Tоҷикистон

Leave a comment

Шаҳри Норак аз 11-ум то 16-уми август мизбони як давраи вижаи омӯзишӣ барои намояндагони соҳаи нассоҷиву дӯзандагии кишвар доир ба меъёрҳои ISO 9001:2008 мегардад. Ҳадаф аз баргузории ин давраи омӯзишӣ, ки аз ҷониби Феҳрасти байнулмилалии бозрасони молии муҷаввиздор (IRCA) тасдиқ шудааст, омода кардани бозрасони молии (аудитор) аршад доир ба ISO 9001 дар Тоҷикистон мебошад.

Давраи омӯзиии мазкур аз ҷониби лоиҳаи МТБ ва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат гузаронида мешавад.

Давраи омӯзишӣ имкон фароҳам меорад, то намояндагони соҳаи нассоҷиву дӯзандагии кишвар ва ниҳоду ширкатҳои хадамотрасон бо асос ва усулҳои роҳандозии низоми мудирияти сифат мутобиқ ба меъёри байнулмилалии мавсум ба ISO 9001 шинос шаванд. Ширкатдорони ин давра, ҳамчунин, раванди бозрасӣ (аудит), бо шумули барномарезӣ, таҳияи ҳисобот ва иқдомҳои баъдии мутобиқ ба меъёри  ISO 9001-ро меомӯзанд.

Мушовири байнулмилалии МБТ Субҳаш Арора мударриси давраи мазкур мебошад. Ҷаноби Арора мегӯяд, низоми мудирияти сифати ISO 9001 умумӣ буда, ба ҳамаи ширкатҳо, сарфи назар аз бузургиву навъ в аба ҳама намуди молу хидматрасониҳо дахл дорад. Ӯ мегӯяд, “Яке аз нафъҳои асосии меъёри байнулмилалии ISO 9001:2008, мудирияти ба истилоҳ “ҷараёнӣ”, идораи фаъолият ва расидагии фарогир ба таъмини сифати он мебошад. Роҳандозии талаботи меъёри мазкур имкон медиҳад, то корхона дар мудирият ба сатҳи сифатан нав расида, ва дар кор низоми идориеро истифода барад, ки ҳосилнокии кор ва рушди муназзами онро дар корхона таъмин мекунад.”

Ширкатдорони давраи омӯзишӣ, дар сурати муваффақона супоридани имтиҳони хаттӣ соҳиби гувоҳномаи байнулмилалии ширкати олмонии “TUV NORD CERT CmbH” хоҳанд шуд. Гувоҳномаи мазкур барои се сол эътибор хоҳад дошт.

Лоиҳаи мазкури МТБ ҷузъе аз Бахши чаҳоруми Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон буда, таваҷҷӯҳи худро ба боло бурдани сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон равона мекунад ва барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида, ҳамчунин, ба ҷонибҳои манфиатдор дар коргирӣ аз равиши стротежӣ барои рушди соҳа ёрӣ медиҳад. Ин лоиҳа, ҳамчунин, чолишҳо ва иқтидор барои рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистонро омӯхта, самтҳои бартари ниёзманди ёриҳои фанниро, ки марбут ба соҳибкорӣ ва тиҷоратанд, муайян мекунад.

Дар бораи ёриҳои Швейтсария: Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Дурнамои Ҳамкории худ барои солҳои 2012 -2015 таваҷҷуҳи худро дар Тоҷикистон ба чаҳор соҳа: саломатӣ, авлавияти қонун, ироаи оби ошимиданӣ ва беҳдоштӣ, ва рушди бахши хусусӣ равона кардааст. Ҳадафи умумии барномаҳои ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон пуштибонӣ аз раванди гузариш дар кишвар ба василаи саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз мусоидат дар бунёди сохтор ва низомҳои посухгӯи ниёзҳои мардум кор гирифта мешавад. http://www.swisscoop.tj, http://www.deza.admin.ch, www.seco-cooperation.admin.ch  

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s