International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ. Барномаи шашум аз вижагуфтори Радиои Ватан

Leave a comment

Дар барномаи навбатии силсилагуфтори вижаи Радиои Ватан шунавандагони сершумори ин радио бо тарҳҳои Иттиҳоди Аврупо доир ба Низоми умумии имтиёзҳо (Generalised System of Preferences – GSP) ва манфиатҳои эҳтимолие, ки соҳаҳои муайяни иқтисоди Тоҷикистон метавонад аз ин низом бардорад, шинос шуданд.

Низоми умумии имтиёзҳо (Generalised System of Preferences – GSP) – низоми имтиёзҳои чандҷонибаи тиҷоратӣ мебошад, ки таъруфаҳоро барои баъзе аз маҳсулоти содиротӣ аз кишварҳои дар ҳоли рушд ва кишварҳои камрушдкарда коҳиш медиҳад ва ё умуман аз миён мебардорад. Ҳадаф аз роҳандози ин низом баланд бардоштани ҳаҷми даромад аз содирот дар кишварҳои дар ҳоли рушд мебошад, то ба ин васила дар коҳиши фақр, пешбурди рушди пойдор, ва мудирияти беҳтар дар сатҳи ҳукумат саҳм гузошта шавад.

Рӯзи 22-юми август мушовири миллии Маркази тиҷорати байнулмилалӣ Парвиз Камолиддинов меҳмони Субҳон Ҷалилов дар Радиои Ватан гардид, то дар мавзӯъи мазкур маълумоти бештар ва бо забони содатар бидиҳад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s