Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ. Барномаи ҳаштум аз силсилагуфтори Радиои Ватан

Радиои Ватан дар ҳамкорӣ бо Маркази тиҷорати байнулмилалӣ силсилаи вижагуфторҳои радиоӣ дар мавзӯъи узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳониро пахш мекунад. Барномаи ҳаштум рӯзи 26-уми август субҳ ва шом пахш шуд ва мавзӯъяш Роҳнамои узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ буд. Ҳадаф аз таҳияи ин Роҳнамо муаррифии манфиатҳо ва имкониятҳо аз узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ мебошад. Намунаи англисии Роҳнамо аз 70 саҳифа иборат буда, он нахустин таҳлили бузургҳаҷме бахшида ба узвияти Тоҷикистон дар СТҶ ба ҳисоб меравад.

Дар Роҳнамои тиҷоратӣ, ҳамчунин, таъсир ва пайомадҳои узвияти Тоҷикистон ба соҳаҳои афзалият дошта, ба мисли кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ, саноати сабук ва нассоҷӣ, металлургӣ, хадамоти тиҷоратӣ ва сохтмонӣ шарҳ дода шудаанд. Бар иловаи маълумоти умумӣ доир ба соҳаҳои мазкур ва дастрасии бозор ба онҳо, Роҳнамо боз чораҳое, ки дар сатҳи миллӣ барои мусоидат ба ин соҳаҳо рӯидаст гирифта мешаванд, ва пайомадҳои оянда барои истеҳсолкунандагон ва содиркунандаҳои Тоҷикистонро ба риштаи таҳлил кашидааст.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

w

Connecting to %s