Тоҷикистон: Як қадам наздиктар ба Стратегияи миллии бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ

Унсурҳои асосии Стратегияи миллии таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ мавзӯъи мизи гирди муштараки Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ мебошад, ки рӯзи 23-юми сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Намояндагони ҷонибҳои нафъдор, аз ҷумла Гурӯҳи кории таҳияи Стратегияи миллии таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, ки аз намояндагони аршади вазорату идораҳои давлатӣ ва ғайридавлатии Тоҷикистон иборат аст, дар ин мизи гирд сохтор, унсуру бахшҳои асосӣ ва диду нигоҳҳои пешниҳодии Стратегияро баррасӣ мекунанд.

МТБ ёриҳои худро дар ин бастагӣ дар чаҳорчӯбаи лоиҳае амал менамояд, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи уҳдадорияҳояш дар баробари СТҶ ва амалисозии Созишномаҳои СТҶ мусоидат мекунад. Ин лоиҳа аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат маблағгузорӣ мешавад.

Таҳияи стратегияи мазкур яке аз бандҳои муҳими Барномаи  Ҳукумати ҶТ дар мавриди мутобиқ сохтани низоми савдо дар давраи баъд аз вуруд ба СТҶ мебошад. Доктор Намрата Вакҳалу, мушовири байнулмилалии МТБ доир ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, мегӯяд: “Стратегияи мазкур ба Ҳукумати Тоҷикистон дар самти таъсиси як низоми муассири бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, ки қобили қабули истеъмолкунандаҳо бошад, ба ҳайси харитаи роҳ хидмат хоҳад кард. Сохтори пешниҳодии Стратегия, бар иловаи тасвири чолишҳои бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, ҳамчунин, низоми феълии назорати хӯрокворӣ дар кишварро таҳлил мекунад, то халои мавҷударо нишон бидиҳад, ки дар низоми нави муассири бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ба инобат гирифта шавад. Ин сохтор, ҳамчунин, чораву иқдомҳои асосӣ ва муддати иҷроиши онҳоро ҳам барои расидан ба сиёсати маҳсулоти бехатари хӯрокворӣ фаро мегирад”.

Дар ин мизи гирд намояндагони аршади ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, ҳамчунин, механизми сохторӣ ва ҳамоҳангии иҷрои стратегияро баррасӣ мекунанд ва чораву иқдомоти заруриро ҳамроҳ бо масъалаҳои молии иҷроиши стратегия мувофиқат мекунанд.

Гурӯҳи кории таҳияи Стратегияи миллии таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ дар моҳи апрели соли ҷорӣ муштаракан аз ҷониби МТБ ва Вазорати рушди иқтисодӣ ва савдои Тоҷикистон таъсис ёфтааст. МТБ ба Гуруҳи корӣ ёрии фаннӣ, аз ҷумла роҳнамоиву машварат дар таҳияи стратегия мерасонад.

МТБ ба Тоҷикистон сар аз соли  2011 дар самти бехатарии маҳсулоти ғизоворӣ кӯмак мерасонад. Ин кӯмакҳо бо таҳияи ҷадвали баҳодиҳии вазифаҳо, салоҳият ва фаъолияти вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон дар соҳаи таъмини бехатарии маҳсулоти хӯроквори оғоз ёфта буданд. Ҷадвали мазкур барои муайян кардани ҳолатҳои такроршавии фаъолият ва норасоиҳои ҷойдошта кӯмаки амалӣ намуда, дар таҳияи пешниҳоду тавсияҳо оид ба бознигарӣ ва таҳияи чорабиниҳо ҷиҳати аз байн бурдани такроршавии фаъолиятхо дар байни вазорату идораҳо ва ҳалли масоили ҷойдошта бо назардошти принсипҳои идоракунии самаранок заминаи муҳим гардид.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳаи фаннии худ ба бахши хусусии Тоҷикистон ҷиҳати огоҳии бештар аз имкониятҳо ва чолишҳои узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Дар бораи ёриҳои Швейтсария: Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Дурнамои Ҳамкории худ барои солҳои 2012  -2015 таваҷҷуҳи худро дар Тоҷикистон ба чаҳор соҳа: саломатӣ, авлавияти қонун, ироаи оби ошимиданӣ ва беҳдоштӣ, ва рушди бахши хусусӣ равона кардааст. Ҳадафи умумии барномаҳои ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон пуштибонӣ аз раванди гузариш дар кишвар ба василаи саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз мусоидат дар бунёди сохтор ва низомҳои посухгӯи ниёзҳои мардум кор гирифта мешавад. www.swisscoop.tj, www.deza.admin.ch, www.seco-cooperation.admin.ch

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

w

Connecting to %s