International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Leave a comment

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

ПРЕСС-КАФЕ

Шаҳри Душанбе/Бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдо/30-уми сентябри соли 2014

ДАЪВАТНОМА

барои расонаҳои хабарӣ

 

Журналистони гиромӣ!

Дафтари Маркази тиҷорати байнулмилалӣ дар Тоҷикистон бо камоли эҳтиром Шуморо ба суҳбат дар мавзӯъи узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) ва таъсири он ба соҳаҳои саноати ғизовориву кишоварзӣ ва оҳангудозӣ (металлургия) ва як пиёла чой бо мутахассисони соҳа даъват мекунад. Дар нимаи аввали рӯз, қабл аз пресс-кафе, давраи омӯзиши нимрӯза дар мавзӯъи “Манфиатҳо ва чолишҳои саноати ғизовориву кишоварзии Тоҷикистон аз узвияти кишвар дар СТҶ” ва дар нимаи аввали фардои пресс-кафе, давраи омӯзишии дигари нимрӯза дар мавзӯъи “Манфиатҳо ва чолишҳои саноати оҳангудозии Тоҷикистон аз узвияти кишвар дар СТҶ” баргузор мегардад.

Замон: 30-уми сентябри соли 2014, аз 15:00 тo 17:00

Макон: Ошёнаи якуми Вазорати рушди иқтисод ва савдо

Паоло Вергано, коршиноси тиҷорати байнулмилалӣ, журналистони тоҷикро бо талаботи СТҶ дар робита бо соҳаҳои саноати ғизовориву кишоварзӣ ва оҳангудозӣ (металлургия), манфиатҳо ва чолишҳое, ки ин соҳаҳо аз узвияти кишвар дар СТҶ мебардоранд, ва таъсири узвияти Тоҷикистон ба СТҶ ба ин соҳаҳо шинос мекунад. Саидраҳмон Назриев, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, низ дар нишаст ҳозир буда, омодаи посух ба суолҳои Шумо хоҳад буд.

 

Барои иттилоъи бештар, тамос бигиред:

(+992 37) 2219870 Дафтари МТБ дар Тоҷикистон

+992 9 000 101 55 Саидмӯъмин Камолов

+992 907 90 1981 Иноятулло Қосимов

Лутфан, ширкати худро дар чорабинии мазкур бо ирсоли як нома ба имейлҳои зер тасдиқ бикунед: itc.tajikistan@gmail.com, inoyatullo_81@mail.ru

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s