International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Манфиатҳо ва чолишҳои саноати ғизовориву кишоварзӣ ва оҳангудозии Тоҷикистон аз узвияти кишвар дар Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ

Leave a comment

Таъсири узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) ба соҳаҳои саноати оҳангудозӣ (металлургия) ва ғизовориву кишоварзии ин кишвар дар шаҳри Душанбе баррасӣ мешавад.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) имрӯз, 30-уми сентябри соли 2014, дар шаҳри Душанбе як давраи омӯзишӣ ва пас аз он пресс-кафе барои журналистон дар мавзӯъи узвияти Тоҷикистон дар СТҶ ва таъсири он ба соҳаи ғизовориву кишоварзӣ баргузор мекунад. Айни мавзӯъ дар иртибот ба саноати оҳангудозӣ фардо, 1-уми октябри соли 2014, баррасӣ мешавад.

Намояндагони соҳаҳои мазкур, ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва расонаҳои хабарӣ талаботи СТҶ дар робита бо саноати ғизовориву кишоварзӣ ва оҳангудозӣ, манфиатҳо ва чолишҳое, ки ин соҳаҳо аз узвияти кишвар дар СТҶ мебардорад, ва таъсири узвияти Тоҷикистон ба СТҶ ба ин саноатҳоро баррасӣ мекунанд. Чорабинии мазкур дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи МТБ баргузор мешавад. Ин лоиҳаи МТБ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи уҳдадорияҳояш дар баробари СТҶ ва амалисозии Созишномаҳои СТҶ мусоидат мекунад. Ин лоиҳа аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат маблағгузорӣ мешавад.

Паоло Вергано, коршиноси тиҷорати байнулмилалӣ ва мударриби давраҳои омӯзишии мазкур, ҳангоми муаррифии феҳраси созишномаҳои марбут ба СТҶ ба иштирокдорони давраҳои омӯзишӣ ва пресс-кафе, дар мавриди таъсири узвияти СТҶ ба соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон чунин ибрози назар кард: “Сарфи назар аз он ки бахши хусусӣ аз узвият дар СТҶ дар кӯтоҳмуддат таъсири манфӣ мебинад, пиёда кардани чаҳорчӯбаҳои тиҷоратии шаффофтар, амнтар ва пешгӯишавандатар дар дарозмуддат натиҷаҳои мусбат ба бор меорад. Ман тавсия медиҳам, ки шиносоии доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон бо имкониятҳо ва захираҳои СТҶ идома дода шуда, манфиатҳои соҳаҳои саноати оҳангудозӣ (металлургия) ва ғизовориву кишоварзии кишвар ба эътибор гирифта шаванд. Барои ин, намояндагони ин соҳаҳоро бояд ба гуфтушунидҳои тиҷоратӣ ва баҳсҳои фаннӣ пайваста ҷалб кард ва ҳамзамон, барояшон дастрасӣ ба механизм ва василаҳои СТҶ-ро фароҳам овард”.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳаи фаннии худ ба бахши хусусии Тоҷикистон ҷиҳати огоҳии бештар аз имкониятҳо ва чолишҳои узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Дар бораи ёриҳои Швейтсария: Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Дурнамои Ҳамкории худ барои солҳои 2012 -2015 таваҷҷуҳи худро дар Тоҷикистон ба чаҳор соҳа: саломатӣ, авлавияти қонун, ироаи оби ошимиданӣ ва беҳдоштӣ, ва рушди бахши хусусӣ равона кардааст. Ҳадафи умумии барномаҳои ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон пуштибонӣ аз раванди гузариш дар кишвар ба василаи саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз мусоидат дар бунёди сохтор ва низомҳои посухгӯи ниёзҳои мардум кор гирифта мешавад. http://www.swisscoop.tj, http://www.deza.admin.ch, http://www.seco-cooperation.admin.ch

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s