International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вергано: СҶТ метавонад ба шумо ёрӣ диҳад, вале на ба тамоми мушкилот

Leave a comment

Фирдавс Давлатов, нашрияи “Миллат”

Таъсири узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) ба соҳаҳои саноати оҳангудозӣ (металлургия) ва ғизовориву кишоварзии кишвар дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд.

Рӯзҳои 30-юми сентябр ва 1 октябри соли 2014, дар шаҳри Душанбе як давраи омӯзишӣ ва пас аз он пресс-кафе барои рӯзноманигорон дар мавзӯъи узвияти Тоҷикистон дар СТҶ ва таъсири он ба соҳаи ғизовориву кишоварзӣ ва ба саноати оҳангудозӣ доир шуд. Намояндагони соҳаҳои мазкур, ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва расонаҳои хабарӣ талаботи СТҶ дар робита бо саноати ғизовориву кишоварзӣ ва оҳангудозӣ, манфиатҳо ва чолишҳое, ки ин соҳаҳо аз узвияти кишвар дар СТҶ мебардорад, ва таъсири узвияти Тоҷикистон ба СТҶ ба ин саноатҳоро ба баррасӣ гирифтанд.

Паоло Вергано, коршиноси тиҷорати байнулмилалӣ ва мураббии давраҳои омӯзишии мазкур, ҳангоми муаррифии феҳраси созишномаҳои марбут ба СТҶ ба иштирокдорони давраҳои омӯзишӣ ва пресс-кафе, дар мавриди таъсири узвияти СТҶ ба соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон гуфт: “Сарфи назар аз он ки бахши хусусӣ аз узвият дар СТҶ дар кӯтоҳмуддат таъсири манфӣ мебинад, пиёда кардани чаҳорчӯбаҳои тиҷоратии шаффофтар, амнтар ва пешгӯишавандае дар дарозмуддат натиҷаҳои мусбат ба бор меорад. Ман тавсия медиҳам, ки шиносоии доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон бо имкониятҳо ва захираҳои СТҶ идома дода шуда, манфиатҳои соҳаҳои саноати оҳангудозӣ (металлургия) ва ғизовориву кишоварзии кишвар ба эътибор гирифта шаванд. Барои ин, намояндагони ин соҳаҳоро бояд ба гуфтушунидҳои тиҷоратӣ ва баҳсҳои фаннӣ пайваста ҷалб кард ва ҳамзамон, барояшон дастрасӣ ба механизм ва василаҳои СТҶ-ро фароҳам овард”.

Паоло Вергано дар посух ба суоли хабарнигори “Миллат”, ки “тайи чанд рӯзе, ки дар Тоҷикистон қарор доранд ва ғизоҳои инҷоро чи гуна дарёфтанд(?), гуфт: “Мо аслан тадқиқоти ҷиддӣ дар бозорҳои шумо анҷом надодем. Ҳамчун истеъмолкунандаи ғизо ман хеле хушҳол ҳастам, ки ҳанӯз ҳам зиндаам. Яъне хӯрокҳои шумо қобили эътимод аст”.

Vergano02Ҳамчунин аз ҷаноби Паоло суол шуд, ки оё боре ба дӯконҳои ғизоворӣ ва либосворӣ дар Тоҷикистон сар халондааст ва оё нарху навои онҳоро мушоҳида кардаанд? ӯ гуфт: “Бале зимнан, ҳамчун истеъмолкунанда бори аввал ман дирӯз дар як мағоза будам, ки бағоҷи ман дар Истамбул талаф шуд. Либосвории ин ҷоро аз рӯйи сифаташон хеле гарон дарёфтам. Ҳамчунин андозаи мувофиқро пайдо кардан барои ман мушкил буд”.

Дар посух ба ин суол, ки “Чаро дар кишваре, ки мардумаш ба маротиб даромади камтар аз кишварҳои дигар дорад, нарху навои ғизоӣ ин қадар гарон аст ва оё узвият дар СҶТ ба ин чӣ таъсир мерасонад? – ҷаноби Паоло Вергано гуфт, ки; “ин бо адами рақобат иртибот дорад. Зоҳиран дӯконҳои зиёд нест. Бозигарони рақобаткунанда зиёд нестанд. Шояд сабаб ин бошад. Лекин ман фикр намекунам, ки шумо инро ба СҶТ рабт диҳед. Ман тасаввур мекунам, ки ин қабл аз вуруд ба СҶТ буд, яъне Тоҷикистон чун узви Шӯравӣ буд. Гузариш ҳатман замон ва вақт мегирад. Албатта ин дарднок аст ва ҳатто дар Аврупо ҳам дарднок мебошад. Аврупо низ дар гузариши ҳамешагӣ қарор дорад. Бозорҳои мо бозу кушода ҳастанд. Яъне содироти зиёд аз кишварҳои мисли Чин, Осиёи Ҷанубӣ ва аз Итолиё маҳсулоти арзон меояд, ки дар он ҷо истеҳсол мисли дар Тоҷикистон аст. Яъне нассоҷӣ, металургия хеле қавӣ буд. Ҳоло бошад, дар ҳоли нобудӣ аст. Истеҳсоли зиёд дар гузашта буд. Ҳатто истеҳсоли пойафзол. Дар хотир аст, ки мо низ узви СҶТ ҳастем. Ин маънои онро дорад, ки шумо ҳамон корҳоеро, ки қаблан анҷом медодед, онҳоро такмил накардед, беҳтар накардед. Онро идома надодед. Он кишварҳое, ки тағйир намедиҳанд, онҳо хеле бохт медиҳанд. Онҳо наметавонанд, ки некуаҳволии мардумро таъмин кунанд, яъне нафақа бидиҳанд. Инҳо ба хотире нест, ки кишварҳо вориди СҶТ мешаванд. Ин ба хотири он аст, ки ислоҳот сари вақт сурат мегирад. Шояд кишвар қобили таваҷҷуҳ нест. Яъне сармогузорон ба хотири сармоягузорӣ ба кишвар ворид намешаванд.

СҶТ метавонад ба шумо кумак кунад, вале на ба тамоми мушкилоти шумо. Ман аз ин ҳарос дорам. Мисли он ки дар Итолиё кумаки комил расонида наметавонанд. Ғизои шумо мушкил надорад. Шояд машҳур ва маъруф нест. Шояд мушкил аст, ки қобили таваҷҷуҳи бозори ҷаҳонӣ бошад. Лекин ба ҳар ҳол бо амн аст”.

ӯ афзуд: “Чаро ғизо гарон аст? Шояд сифаташ паст аст ва рақобат вуҷуд надорад. Аслан рақобат метавонад ин мушкилро ҳалу фасл бикунад. Бубинед, ки агар шумо як дукон дошта бошед дар шаҳр, шумо ҳар чизе, ки бифурушед мардум харидорӣ мекунанд. Ин фикри шахсии ман аст ва дар асоси тадқиқот нест. Ин бар асоси он таҷрибае, ки ман доштам аст”.

Зимнан, Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳаи фаннии худ ба бахши хусусии Тоҷикистон ҷиҳати огоҳии бештар аз имкониятҳо ва чолишҳои узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s