International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МТБ дар Тоҷикистон: Муваффақиятҳо ва нақшаҳои оянда

Leave a comment

Фаъолият ва дастовардҳои барномаҳои Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ), чолишҳои рӯбарӯи он ва нақшаҳои ояндаи он имрӯз, 16-уми октябр, дар нишасти навбатии Кумитаи назоратии лоиҳаҳо дар шаҳри Душанбе баррасӣ мешавад.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон се лоиҳаро пиёда мекунад, ки ҳар сеяш аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат маблағгузорӣ мешавад. Кумитаи назоратии лоиҳаҳо бо ҳадафи кӯмак дар фаъолияти лоиҳаҳо, шаффофият дар кори амалигардонии онҳо ва замонати посухгӯ будани натоиҷашон ба афзалиятҳои кишвар ташкил шудааст. Намояндаҳои ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО), МТБ, ва бахши хусусӣ узви Кумитаи мазкур мебошанд.

Нишасти Кумитаи назоратии лоиҳаҳои МТБ дар Тоҷикистон дар пайи ду анҷумани баландпояи байнулмилалии иқтисодӣ дар Тоҷикистон – Анҷумани раҳбарии Файненшл Таймс ва Бонки аврупоии бозсохт ва рушд ва Анҷумани иқтисодиву сармоягузории Тоҷикистон, ки ду рӯзи гузашта баргузор гардиданд, доир мешавад. Бону Анна де Чамбриер, мудири барномаии СЕКО, ки дар ҳар ду анҷумани мазкур иштирок кард, дар нишасти МТБ низ суханронӣ хоҳад кард.

Нишасти КНЛ-и МТБ-ро Саидраҳмон Назриев, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, боз хоҳад кард. Ҷаноби Назриев фаъолияти тарҳҳои МТБ-ро пурсамар номида, нақши ин созмонро дар рушди соҳаи нассоҷиву дӯзандагии кишвар, мусоидат дар иҷрои уҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ), ва болобарии огаҳии доираҳои тиҷоративу давлатии кишвар аз чолишҳову манфиатҳои ин узвият беназир меномад.

Армен Заргарян, ҳамоҳангсози барномаҳои МТБ, аз маҳсули кори МТБ дар Тоҷикистон дар соли 2014 чанд мисол меорад, аз ҷумла он ки бо мусоидати созмон корхонаҳои соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ дар намоишгоҳҳои байнулмилалӣ дар Истанбул ва Маскав иштирок карданд, мутахассисони тоҷик бо сафари омузишӣ ба Чин рафтанд, як силсила давраҳои омӯзишӣ доир ба СТҶ барои намояндагони соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон баргузор шуд, сатҳи огаҳӣ доир ба СТҶ тавассути чорабиниҳои расонаӣ ва нашри маводи иттилоотӣ боло бурда шуд, ибтикорҳое дар таҳияи Стратегияи миллии бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ рӯидаст гирифта шуд, тадқиқоте дар мавзӯи мушкилоти тоҷирони содироткунандаи тоҷик дар бозорҳои беруна гузаронида шуд, чораҳои Созишномаи СТҶ доир ба мусоидат ба тиҷорат ба бахшҳо тақсим карда шуд, силсилаи омӯзишҳо барои корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагӣ баргузор гардиданд, пажӯҳишҳои вижа доир ба тавоноии кишвар дар соҳаҳои пахтаи органикӣ ва туризм гузаронида шуд, аудиторҳои маҳаллӣ доир ба меъёри ИСО 9001 омода карда шуданд, ва ғайра.

Тарҳҳои Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Бахшҳои ЯК ва ДУ-и Барномаи СЕКО оид ба ҳамкории тиҷоратӣ дар Тоҷикистон. Ҳадафи умумии ин барнома мусоидат ба Тоҷикистон дар мувофиқ гардонидани сиёсати тиҷоратияш ба қоидаҳои СТҶ, боло бурдани сатҳи огаҳии ниҳодҳои давлативу бахши хусусӣ аз манфиатҳову чолишҳои узвият дар СТҶ, ва тақвият додани иқтидори ниҳодҳои СКАМ, СФС ва TБT мебошад.

– Бахши ЧОР-и Барномаи СЕКО оид ба ҳамкории тиҷоратӣ дар Тоҷикистон. Лоиҳаи мазкур таваҷҷӯҳи худро ба боло бурдани сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон равона мекунад ва барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида, ҳамчунин, ба ҷонибҳои манфиатдор дар коргирӣ аз равиши стротежӣ барои рушди соҳа ёрӣ медиҳад. Ин лоиҳа, ҳамчунин, чолишҳо ва иқтидор барои рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистонро омӯхта, самтҳои бартари ниёзманди ёриҳои фанниро, ки марбут ба соҳибкорӣ ва тиҷоратанд, муайян мекунад.

Дар бораи ёриҳои Швейтсария: Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Дурнамои Ҳамкории худ барои солҳои 2012 -2015 таваҷҷуҳи худро дар Тоҷикистон ба чаҳор соҳа: саломатӣ, авлавияти қонун, ироаи оби ошимиданӣ ва беҳдоштӣ, ва рушди бахши хусусӣ равона кардааст. Ҳадафи умумии барномаҳои ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон пуштибонӣ аз раванди гузариш дар кишвар ба василаи саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз мусоидат дар бунёди сохтор ва низомҳои посухгӯи ниёзҳои мардум кор гирифта мешавад. http://www.swisscoop.tj, http://www.deza.admin.ch, http://www.seco-cooperation.admin.ch

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s