International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Идомаи шиносоии Тоҷикистон бо василаҳои СТҶ ҷиҳати ҳимояи тиҷорат

Leave a comment

Ниҳодҳои давлатӣ ва бахши хусусии Тоҷикистон бо абзорҳо ва василаҳои ҳимояи тиҷорат дар чаҳорчӯбаи узвият дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) шинос мешаванд. Ин шиносоӣ ҳангоми давраи омӯзишии дурӯзае, ки имрӯз, 28-уми октябр, дар шаҳри Душанбе оғоз ёфт, сурат мегирад.

Давраи омӯзишӣ аз ҷониби Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи МТБ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огаҳии ниҳодҳои давлатӣ ва бахши хусусии Тоҷикистон доир ба имкониятҳо ва чолишҳои узвияти кишвар дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ баргузор мегардад. Ин лоиҳа аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат маблағгузорӣ мешавад.

Дар чорабинии мазкур масоили марбут ба ҷараёни таҳия ва истифодаи василаву фишангҳои мавҷудаи ҳимояи тиҷорат дар чаҳорчӯбаи қарордодҳо ва созишномаҳои СТҶ баррасӣ мешавад. Барномаи давраи омӯзишӣ, аз ҷумла, аз мавзӯъҳое ба мисли раванди таҳия ва пешниҳоди дархости зиддидемпинг ва зидди кӯмакҳои молиявӣ (субсидияҳо), оғоз намудан ва роҳандозии таҳқиқоти тиҷоратӣ, истифодаи василаву фишангҳои нави ҳимояи тиҷорат ва огоҳ сохтан аз онҳо ва ғайра иборат аст. Иштирокдорони давраи омӯзиширо, ҳамчунин, бо намунаҳои истифода аз ин василаҳо дар Укроин ва кишварҳои узви Иттиҳоди гумрукӣ – Белорус, Қазоқистон ва Русия ошно мекунанд.

Юрий Рудюк, мушовири байнулмилалии МТБ доир ба масоили узвият дар СТҶ ва тренери семинари мазкур, мегӯяд, «ҳангоми баррасии мисолҳои мушаххас, мо таваҷҷӯҳи худро ба сабақҳо ва равандҳои имрӯзаи низоми василаҳои ҳимояи тиҷорат дар кишварҳои мунтахаби ИДМ равона мекунем. Мо, ҳамчунин, дар бораи низоми ҳуқуқии Иттиҳоди Аврупо (ИА) марбут ба ҳимояи тиҷорат ҳарф хоҳем зад».

Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) ниҳоди байнулмилалиест, ки дар соли 1995 бо ҳадафи танзими тиҷорат миёни аъзояш таъсис ёфтааст. Фаъолияти СТҶ, асосан, ба бунёди фазои боз, озод ва одилонаи тиҷоратӣ равона шудааст, фазое, ки ҳама аъзо дастрасии баробар ба манфиатҳоро доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-юми марти соли 2013 ба ҳайси узви 159-уми ин созмон пазируфта шуд.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳаи фаннии худ ба бахши хусусии Тоҷикистон ҷиҳати огоҳии бештар аз имкониятҳо ва чолишҳои узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Дар бораи ёриҳои Швейтсария: Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Дурнамои Ҳамкории худ барои солҳои 2012  -2015 таваҷҷуҳи худро дар Тоҷикистон ба чаҳор соҳа: саломатӣ, авлавияти қонун, ироаи оби ошимиданӣ ва беҳдоштӣ, ва рушди бахши хусусӣ равона кардааст. Ҳадафи умумии барномаҳои ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон пуштибонӣ аз раванди гузариш дар кишвар ба василаи саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз мусоидат дар бунёди сохтор ва низомҳои посухгӯи ниёзҳои мардум кор гирифта мешавад. www.swisscoop.tj, www.deza.admin.ch, www.seco-cooperation.admin.ch

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s