International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ёрӣ ба корхонаҳои нассоҷии тоҷик дар гузоштани қадаме ба пеш

Leave a comment

Боздиди намояндаи Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) аз Тоҷикистон, ки бо ҳадафи баҳогузорӣ ба ширкатҳои нассоҷии Тоҷикистон сурат гирифта буд, имрӯз, 28-уми ноябр, бо баргузории як давраи омӯзишие дар шаҳри Душанбе барои намояндагони соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон анҷом пазируфт.

Ин сафар дар чаҳорчӯбаи барномаи “Тақвияти рақобатпазирии содиротии корхонаҳои хурду миёнаи соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ ва рушди тавоноии ниҳодҳои пуштибони тиҷорат дар Тоҷикистон” сурат гирифт. Ин барнома аз ҷониби МТБ амалӣ ва аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад.

Муниш Тягӣ, мушовири байнулмилалии МТБ доир ба соҳаи нассоҷӣ ва ҳамзамон, мушовири аршади ширкати ҳиндии Раҷеш Бҳеда Консалтинг, дар ҷараёни сафараш аз 19-ум то 28-уми ноябр аз бештар аз 10 ширкати нассоҷии Душанбеву Суғду Хатлон дидан кард. Ҳадаф аз ин боздидҳо баҳогузорӣ ба фаъолияти корхонаҳои нассоҷии Тоҷикистон дар самти ресандагӣ, рангрезӣ, ва бофандагӣ буд. Ҷаноби Тягӣ натиҷаҳои аввалияи сафари худро бо тавсияҳои нахустинаш дар ду давраи омӯзишии нимрӯза дар шаҳрҳои Хуҷанд (25-уми ноябр) ва Душанбе (28-уми ноябр) дар миён гузошт. Ин давраҳои омӯзишӣ бо мақсади ёрӣ ба корхонаҳои Тоҷикистон дар беҳтар кардани фаъолияташон ва ҳал кардани масоиле, ки дар ҷараёни кор пеш меояд, тарҳрезӣ шуда буданд.

Ҳангоми боздидҳояш аз корхонаҳо, ҷаноби Тягӣ дар мавриди истифода аз намунаҳои гуногуни фанновариҳо вобаста ба дархост ва ниёзҳои корхонаҳо тавсияҳо ироа намуд. Интизор меравад, ӯ ҷиҳати муваффақияти қадамҳои баъдии корхонаҳои Тоҷикистон дар роҳи беҳтар кардани маҳсулоташон ва вуруд ба бозорҳои нав тавсияҳои муфассалтар пешниҳод бикунад. 

Лоиҳаи мазкури МТБ ҷузъе аз Бахши чаҳоруми Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон буда, таваҷҷӯҳи худро ба боло бурдани сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон равона мекунад ва барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида, ҳамчунин, ба ҷонибҳои манфиатдор дар коргирӣ аз равиши стротежӣ барои рушди соҳа ёрӣ медиҳад. Ин лоиҳа, ҳамчунин, чолишҳо ва иқтидор барои рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистонро омӯхта, самтҳои бартари ниёзманди ёриҳои фанниро, ки марбут ба соҳибкорӣ ва тиҷоратанд, муайян мекунад. 

Дар бораи ёриҳои Швейтсария: Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Дурнамои Ҳамкории худ барои солҳои 2012 -2015 таваҷҷуҳи худро дар Тоҷикистон ба чаҳор соҳа: саломатӣ, авлавияти қонун, ироаи оби ошомиданӣ ва беҳдоштӣ, ва рушди бахши хусусӣ равона кардааст. Ҳадафи умумии барномаҳои ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон пуштибонӣ аз раванди гузариш дар кишвар ба василаи саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз мусоидат дар бунёди сохтор ва низомҳои посухгӯи ниёзҳои мардум кор гирифта мешавад. http://www.swisscoop.tj, http://www.deza.admin.ch, http://www.seco-cooperation.admin.ch 

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s