International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусоидати МТБ ба Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар намоишгоҳҳои Франкфурт ва Маскав

Leave a comment

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) ба истеҳсолкунандаҳои маҳсулоти дастии Тоҷикистон ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба намоишгоҳҳои байнулмилалии Ambiente дар шаҳри Франкфурти Олмон (13-17-уми феврали соли 2015) ва Подарки дар шаҳри Маскави Русия (16-19-уми марти соли 2015) ёрӣ мерасонад.

Барои расидан ба ин ҳадаф як гуруҳи мушовирони байнулмилалии МТБ доир ба тарроҳӣ ва бозорёбӣ иборат аз Алфонс Эйлигман, Габриэла Бёрде, ва Элина Маннурова бо як сафари чаҳоррӯза аз 1-ум то 4-уми декабр дар Тоҷикистон қарор доштанд. Ин сафар дар чаҳорчӯбаи барномаи “Тақвияти рақобатпазирии содиротии корхонаҳои хурду миёнаи соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ ва рушди тавоноии ниҳодҳои пуштибони тиҷорат дар Тоҷикистон” сурат гирифт. Барномаи мазкур аз ҷониби Маркази тиҷорати байнулмилалӣ амалӣ ва аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат маблағгузорӣ мешавад.

Мутахассисони МТБ дар ҷараёни сафари худ чанд давраи омӯзишӣ баргузор карда, ҳамчунин, бо намояндагони Иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон ва истеҳсолкунандагони дигари маҳсулоти дастӣ ба тариқи инфиродӣ кор карданд. Дар чаҳорчӯбаи давраҳои омӯзишии вижа, ширкаткунандагон бо бузургтарин намоишгоҳи маҳсулоти хона ва ҳадяҳо – Ambiente, ва калонтарин намоишгоҳи ҳадяҳо, ҳунарҳои дастӣ ва маҳсулоти тазйинӣ дар ҳудуди ИДМ – Подарки, шинос шуданд. Ҳамасола, дар намоишгоҳи Ambiente, ки дар шаҳри Франкфурт баргузор мешавад, 4700 ширкат аз қариб 90 кишвар, ва тақрибан 145000 меҳмон аз 160 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд. Намоишгоҳи байнулмилалии Подарки дар Маскав тирамоҳи гузашта мизбони шумораи рекордии 42700 меҳмон ва 669 ширкат аз Русия, ҷамоҳири ИДМ, ва кишварҳои дигар буд. Ҳар ду намоишгоҳ макони хубе барои ба намоиш гузоштани навъҳои гуногуни маҳсулот мебошанд. Дар чаҳорчӯбаи намоишгоҳҳо, чандин чорабиниҳои дигар гузаронида мешаванд, ки дар онҳо равандҳои тозатарини соҳаи саноат ба маъраз гузошта шуда, ҳамчунин, имконияти барқарор кардани тамосҳои нав фароҳам меояд.

Иштирокдорони давраҳои омӯзишии шаҳри Душанбе бо имкониятҳои бозорёбӣ ва равандҳои байнулмилалии тарроҳӣ, ҳамчунин, бо натиҷаҳои ширкатдорони охирини намоишгоҳҳои фавқуззикр низ шинос шуданд. Алфонс Эйлигман, мушовири байнулмилалии МТБ доир ба бозорёбӣ, мегӯяд, дар ҷараёни сафар ба Тоҷикистон ҳайъати мутахассисони МТБ боз “муштарак бо шарикони маҳаллӣ сари масъалаҳои интихоби маҳсулот ва беҳсозии он, таҳияи баргаи фурӯш, омӯзиши қоидаҳои намоишгоҳҳо ва зарфиятҳои содиротӣ кор карданд. Ширкатдорони давраҳои омӯзиширо бо намоишгоҳҳо, маҳсулоти қобили намоиш, ва роҳҳои дарёфту қабули фармоишҳо шинос кардем. Масъалаҳои ташкилотӣ, равандҳои тарроҳӣ, ва рушди тарроҳӣ, ҳамчунин, василаҳои истифодаи беҳтари иштирок дар намоишгоҳ барои рушди бозорёбии ширкат низ дар маркази таваҷҷӯҳи мо дар ин сафар буд”.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ сар аз оғози фаъолияташ дар Тоҷикистон дар соли 2002 ҳамасола ба бахши хусусии мавриди таваҷҷӯҳаш барои роҳ ёфтан ба бозорҳои байнулмилалӣ ба воситаи беҳтар кардани маҳсулот, амиқтар кардани донишҳои тарроҳиву бозорёбӣ, ва барқарор кардани тамосҳои байнулмилалӣ тавассути иштирок дар намоишгоҳҳои байнулмилалӣ мусоидат мерасонад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s