International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон стратегияи нави рушди саноати нассоҷиву дӯзандагӣ таҳия мешавад

Leave a comment

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ҳамроҳ бо Маркази тиҷорати байнулмилалӣ силсилаи машваратҳоро бо ҷалби ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати таҳияи Стратегияи нави панҷсолаи рушди саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Тоҷикистон оғоз карданд. Нахустин давраи фаннии машваратию омӯзишӣ бо иштироки намояндагони ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва бахши хусусӣ рӯзҳои 27-28-уми январи соли 2015 дар меҳмонхонаи Шератон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Ин ибтикор аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар соли 2009 низ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи Стратегияи рушди содироти маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ барои солҳои 2010-2013 мусоидат расонида буд. Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, натиҷаҳои стратегияи қаблиро муваффақ номида, сатҳи баланди иҷроиши баъзе нуктаҳои стратегияи мазкурро қайд кард ва ҷиҳати истифодаи ҳатмии донишҳои андӯхта аз таҷрибаи қаблӣ барои панҷсолаи баъдӣ таъкид намуд. Ҷаноби Бобозода мегӯяд: “Стратегияи қаблӣ барои ҳамоҳангсозии талошҳо ва коргирӣ аз равиши ягонаи ҳалли масъалаҳои муайяншуда заминаи муҳим фароҳам оварда буд. Мо низоми мудирияти сифатро дар баъзе ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагӣ беҳтар кардем, сатҳи огоҳии мутахассисони тоҷикро доир ба талаботи муосири бозор боло бурдем, ба бозорҳову харидорони нав роҳ кушодем, ва ҳамчунин, ном ва ҳузури худро дар бозорҳои берунӣ тақвият бахшидем”.

Эрик Бушо, корманди аршади шӯъбаи стратегияи содирот дар дафтари марказии МТБ дар Женева, мегӯяд: “Бо назардошти дастовардҳо ва камбудиҳо аз стратегияи қаблӣ, мо ҳоло бояд талош бикунем, то Стратегияи рушди саноати нассоҷиву дӯзандагӣ дар Тоҷикистон аз нигоҳи стратегӣ бомавқеъ бошад ва тавоноии мусоидат ба зуҳури як муҳити рақобатпазирро, ки хоси ин соҳа аст, дошта бошад. Дар машварати нахустин аз ҳама иштироккунандаҳо даъват мешавад, то дар мавриди вазъи феълии соҳа, мушкилоти асосӣ дар роҳи боло бурдани сатҳи рақобатпазирӣ, ва самтҳои стратегии лозима ҷиҳати фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ба хулосаи ягона бирасанд. Сармоягузорӣ дар ҷиҳати ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта ва боло бурдани сатҳи самаранокии истеҳсолот тавассути омӯзишу рушди захираҳои инсонӣ намунае аз роҳҳо ба сӯи ин ҳадаф ба ҳисоб мераванд”.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ баҳогузории аввалияи соҳаро ба анҷом расонидааст, ки натиҷаҳояш дар муайян кардани мушкилоти рақобатпазирӣ ва имкониятҳо барои рушди соҳа бо истифода аз равиши бозорӣ асос мегарданд. Дар машварати нахустин натиҷаҳои муқаддамотии вазъи соҳаи насоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон, ки аз ҷониби МТБ гузаронида шудааст, таҳлил ва тасдиқ мешаванд, самтҳои афзалиятнок ва имкониятҳои то ҳанӯз истифоданашуда муайян мегарданд, ва нақшаи аввалияи стратегии иҷроиш таҳия мешавад. Интизор меравад, стратегияи нав доираи васеъи мушкилотро, ба монанди монеаҳо ва маҳдудиятҳо дар роҳи таъминот, муҳити тиҷоратӣ, дастрасӣ ба бозор, тақвияти сохтору ниҳодҳои марбута ва тавонмандсозии онон, ҷалби шарикони бештар ва гуногун, ва масъалаҳои дигарро фаро бигирад.

Лоиҳаи мазкури МТБ ҷузъе аз Бахши чаҳоруми Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон буда, таваҷҷӯҳи худро ба боло бурдани сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон равона мекунад ва барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида, ҳамчунин, ба ҷонибҳои манфиатдор дар коргирӣ аз равиши стротежӣ барои рушди соҳа ёрӣ медиҳад. Ин лоиҳа, ҳамчунин, чолишҳо ва иқтидор барои рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистонро омӯхта, самтҳои бартари ниёзманди ёриҳои фанниро, ки марбут ба соҳибкорӣ ва тиҷоратанд, муайян мекунад.

Дар бораи ёриҳои Швейтсария: Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Дурнамои Ҳамкории худ барои солҳои 2012 -2015 таваҷҷуҳи худро дар Тоҷикистон ба чаҳор соҳа: саломатӣ, авлавияти қонун, ироаи оби ошимиданӣ ва беҳдоштӣ, ва рушди бахши хусусӣ равона кардааст. Ҳадафи умумии барномаҳои ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон пуштибонӣ аз раванди гузариш дар кишвар ба василаи саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз мусоидат дар бунёди сохтор ва низомҳои посухгӯи ниёзҳои мардум кор гирифта мешавад. http://www.swisscoop.tj, http://www.deza.admin.ch, http://www.seco-cooperation.admin.ch

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s