International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Намоишгоҳи Истанбул дари бозорҳои навро барои саноати ресандагии Тоҷикистон боз мекунад

Leave a comment

Панҷ корхонаи ресандагӣ – “Ваҳдат”, “Нассоҷи Хуҷанд”, “Олим Текстайлз”, “Ортекс” ва “Тента-Кӯлоб” аз 5-ум то 8-уми феврали соли ҷорӣ дар дувоздаҳумин Намоишгоҳи байнулмилалии нассоҷии Истанбул аз Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд.

Намоишгоҳи нассоҷии Истанбул бо садҳо ширкаткунанда ва ҳазорҳо боздидкунанда яке аз бузургтарин намоишгоҳҳои соҳавӣ дар минтақа маҳсуб мегардад ва корхонаҳои Тоҷикистон барои чаҳорумин бор пайидарпай дар он иштирок мекунанд. Сафари ҳайъати Тоҷикистон ба Туркия бо мусоидати Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) ва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон сурат мегирад.

Ширкатҳои тоҷик солҳои гузашта бо иштирок дар ин намоишгоҳ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд. Ин намоишгоҳ мизбони беш аз 40 000 боздидкунанда аз тақрибан 70 кишвари ҷаҳон хоҳад буд. Дар он ҳудуди 200 ширкат аз кишварҳои гуногун маҳсулоти худро, ба мисли нахи пахта, таҷҳизоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, матоъ, маҳсулоти нассоҷӣ, либосворӣ, ришта ва ғайраро ба маърази тамошо хоҳанд гузошт. Саидмӯъмин Камолов, раҳбари барномаҳои Маркази тиҷорати байнулмилалӣ дар Тоҷикистон, ки ҳайъати кишварро дар намоишгоҳ роҳбаладӣ мекунад, мегӯяд: “Намоишгоҳи байнулмилалии нассоҷии Истанбул яке аз беҳтарин маконҳои дидори фурӯшандаҳои маҳсулоти нассоҷӣ ва харидорони он мебошад. Бозорҳои калидии соҳа дар дурии ҳадди аксар чаҳор-панҷ соати парвоз аз Истанбул ҷойгир шуда, ба осонӣ дастрасанд, ва аз ин рӯ, Намоишгоҳи Истанбул маркази дидори кишварҳои минтақа гардидааст. Корхонаҳои Тоҷикистон ба бозорҳои нав дар Туркия, ҳамчунин, ба бозорҳои рӯбарушд дар кишварҳои Балкан, лаби Баҳри Сиёҳ, Қафқоз, Русия, Осиёи ғарбӣ, Ховари Миёна ва Офриқои шимолӣ дастрасӣ пайдо мекунанд”.

Иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи Истанбул имкони хубест, то онҳо маҳсулоти худро дар саҳнаи байнулмилалӣ, махсусан, ба харидорони эҳтимолӣ аз Туркия ва кишварҳои дигар намоиш бидиҳанд. Аъзои ҳайъати Тоҷикистон мутмаинанд, ки иштирок дар ин намоишгоҳ имкониятҳои навро барояшон боз мекунад. Ҷамшед Абдулов, мудири кул ва соҳибмулки “Олим Текстайлз”, мегӯяд, “мо солҳои пешин низ дар ин намоишгоҳ иштирок карда будем, ки бароямон хеле ҳам муфид буд. Дар минтақа ба маҳсулоти мо ниёз ҳаст ва иштирок дар намоишгоҳи Истанбул имкони хубест, то мо бо харидорони эҳтимолӣ робитаи мустақим барқарор намоем ва ҷуғрофиёи бозори худро тавсеа бахшем. Дар намоишгоҳ иттилооти зиёди лозима доир ба таҷҳизоти замонавӣ, аз ҷумла, таҷҳизоти озмоишгоҳҳо низ хоҳем гирифт”.

Ҷиҳати рушди тавонои корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон дар самти беҳтар кардани маҳсулот ва бозорёбӣ, МТБ ба ширкатҳо дар омодагии иштирок ба намоишгоҳҳои байнулмилалӣ мусоидат менамояд. МТБ бар ин бовар аст, ки иштирок дар намоишгоҳҳои байнулмилалӣ барои корхонаҳои ҳамкори лоиҳа ҷиҳати ба намоиш гузоштани маҳсулоташон, шиносоӣ бо харидорони эҳтимолӣ ва барқарор кардани тамосҳои нави тиҷоратӣ, дарёфти маълумот доир ба бозорҳои мавҷуд ва нав, рақибон, ва талаботи бозори ҷаҳонӣ имкониятҳои фаровонро фароҳам меорад.

Лоиҳаи мазкури МТБ ҷузъе аз Бахши чаҳоруми Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон буда, таваҷҷӯҳи худро ба боло бурдани сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон равона мекунад ва барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида, ҳамчунин, ба ҷонибҳои манфиатдор дар коргирӣ аз равиши стротежӣ барои рушди соҳа ёрӣ медиҳад. Ин лоиҳа, ҳамчунин, чолишҳо ва иқтидор барои рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистонро омӯхта, самтҳои бартари ниёзманди ёриҳои фанниро, ки марбут ба соҳибкорӣ ва тиҷоратанд, муайян мекунад. 

Дар бораи ёриҳои Швейтсария: Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Дурнамои Ҳамкории худ барои солҳои 2012 -2015 таваҷҷуҳи худро дар Тоҷикистон ба чаҳор соҳа: саломатӣ, авлавияти қонун, ироаи оби ошимиданӣ ва беҳдоштӣ, ва рушди бахши хусусӣ равона кардааст. Ҳадафи умумии барномаҳои ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон пуштибонӣ аз раванди гузариш дар кишвар ба василаи саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз мусоидат дар бунёди сохтор ва низомҳои посухгӯи ниёзҳои мардум кор гирифта мешавад. http://www.swisscoop.tj, http://www.deza.admin.ch, http://www.seco-cooperation.admin.ch

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s