International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳунарҳои дастии Тоҷикистон дар Франкфурт намоиш дода мешавад

Leave a comment

Барои нахустин бор маҳсулоти ҳунарҳои дастии Тоҷикистон дар намоишгоҳи маъруфи байнулмилалии молҳои истеъмолӣ – Ambiente, ки аз 13-ум то 17-уми феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Франкфурти Олмон баргузор мегардад, ба намоиш гузошта мешавад.

Иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон ва ширкати “Умед” бо мусоидати Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) Тоҷикистонро дар муҳимтарин намоишгоҳи тиҷоратии молҳои истеъмолӣ дар ҷаҳон намояндагӣ мекунанд. Ин сафар аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.

Ҳамасола, дар намоишгоҳи Ambiente 4700 ширкат аз қариб 90 кишвар, ва тақрибан 145000 меҳмон аз 160 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд. Дар ҷараёни он, чандин чорабиниҳои дигар гузаронида мешаванд, ки дар онҳо равандҳои тозатарини соҳаи саноат ба маъраз гузошта шуда, ҳамчунин, имконияти барқарор кардани тамосҳои нав фароҳам меояд. Ширкаткунандагони намоишгоҳ аз навовариҳои корбурдӣ дар мӯди тарроҳӣ ва равандҳои мӯдсозии бозор огоҳ мешаванд.

Ҳусейн Ғуломов, мудири иҷроияи Иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон, мегӯяд, “Ба МТБ барои фароҳам овардани ин имконияти вуруди ҳунарҳои миллӣ ба бозори аврупоӣ ибрози сипос менамоем. Мутмаин ҳастем, ки иштироки нахустини мо дар Ambiente бароямон ҳамчун як асоси таҷрибаандӯзӣ ҷиҳати тақвияти бештари ҳунарҳои дастӣ дар Тоҷикистон мегардад. Мо ба ин намоишгоҳ барои дарёфти ҳамкорҳо ва бозорҳои нав, бозёфти мӯду ҷараёнҳои нав дар олами ҳунарҳои дастӣ, ва ҳамчунин, барои намоиш додани зебоии нодири шарқии маҳсулоти тоҷикӣ ба муштариёни оянда омадаем”.

МБТ ба корхонаҳои Тоҷикистон дар омодагӣ ба намоишгоҳ ҳамаҷониба мусоидат намуд. Мутахассисони лоиҳаи МБТ намояндагони корхонаҳоро бо роҳҳои дарёфти нафъи ҳарчӣ бештар аз намоишгоҳ, сар карда аз тарҳрезии иштирок то ба имзои созишномаҳои нав шинос карданд. Алфонс Эйлигман, мушовири байнулмилалии МТБ доир ба бозорёбӣ, мегӯяд, мутахассисони МТБ бо ҳайъати Тоҷикистон “муштарак сари масъалаҳои интихоби маҳсулот ва беҳсозии он, таҳияи баргаи фурӯш, масъалаҳои ташкилотӣ, ва василаҳои истифодаи беҳтари иштирок дар намоишгоҳ барои рушди бозорёбии ширкат ҳамкорӣ намуданд”.

МБТ бо ҳадафи боло бурдани тавоноии корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон, ба иштироки онҳо дар намоишгоҳҳои байнулмилалӣ мусоидат менамояд. МБТ бар ин бовар аст, ки иштирок дар намоишгоҳҳои байнулмилалӣ ба корхонаҳои ҳамкори лоиҳа имкон медиҳад, то маҳсулоти худро ба намоиш бигзоранд, ҳамкорон ва муштариёни нав биёбанд, тамосҳои навро роҳандозӣ намоянд ва ҳамчунин доир ба бозорҳо, талаботи бозорҳо ва рақибонашон иттилооти муҳим ва лозимаро дарёфт намоянд.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ сар аз оғози фаъолияташ дар Тоҷикистон дар соли 2002 ҳамасола ба бахши хусусии мавриди таваҷҷӯҳаш барои роҳ ёфтан ба бозорҳои байнулмилалӣ ба воситаи беҳтар кардани маҳсулот, амиқтар кардани донишҳои тарроҳиву бозорёбӣ, ва барқарор кардани тамосҳои байнулмилалӣ тавассути иштирок дар намоишгоҳҳои байнулмилалӣ мусоидат мерасонад.

Лоиҳаи мазкури МТБ ҷузъе аз Бахши чаҳоруми Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон буда, таваҷҷӯҳи худро ба боло бурдани сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон равона мекунад ва барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида, ҳамчунин, ба ҷонибҳои манфиатдор дар коргирӣ аз равиши стротежӣ барои рушди соҳа ёрӣ медиҳад. Ин лоиҳа, ҳамчунин, чолишҳо ва иқтидор барои рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистонро омӯхта, самтҳои бартари ниёзманди ёриҳои фанниро, ки марбут ба соҳибкорӣ ва тиҷоратанд, муайян мекунад.

Дар бораи ёриҳои Швейтсария: Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Дурнамои Ҳамкории худ барои солҳои 2012 -2015 таваҷҷуҳи худро дар Тоҷикистон ба чаҳор соҳа: саломатӣ, авлавияти қонун, ироаи оби ошимиданӣ ва беҳдоштӣ, ва рушди бахши хусусӣ равона кардааст. Ҳадафи умумии барномаҳои ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон пуштибонӣ аз раванди гузариш дар кишвар ба василаи саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз мусоидат дар бунёди сохтор ва низомҳои посухгӯи ниёзҳои мардум кор гирифта мешавад. http://www.swisscoop.tj, http://www.deza.admin.ch, http://www.seco-cooperation.admin.ch

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

w

Connecting to %s