International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳунарҳои дастии Тоҷикистон дар бузургтарин намоишгоҳи ҳадяҳои дастӣ дар ИДМ

Leave a comment

Ҷавоҳирот, сӯзаниҳо, кифҳо, ҷӯробҳо ва маҳсулоти дигари дастии миллии Тоҷикистон барои нахустин бор дар бузургтарин намоишгоҳи ҳунар ва ҳадяҳо дар ИДМ – “Подарки”, ки аз 16-ум то 19-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав баргузор мегардад, ба намоиш гузошта мешавад.

Маҳсули ҳунарҳои дастии аъзои Иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон ва чаҳор ширкати тоҷик – “Умед”, “Суман”, “Де Памири Ҳендикрафт”, ва брэнди “Озара”-и Иттиҳодияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон дар намоишгоҳи “Подарки”, ки бузургтарин намоишгоҳи тахассусӣ дар қаламрави Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ (ИДМ) ба шумор меравад, ба маърази тамошо гузошта хоҳад шуд. Ин сафар аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.

Намоишгоҳи тиҷоратӣ ва бозорёбии маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ – “Подарки” ин бор мизбони тақрибан 22000 меҳмон ва 300 ширкат аз Русия, кишварҳои ИДМ ва кишварҳои дигар мебошад. Мутахассисон, ширкатҳои тиҷоратӣ ва харидорони ҳадяҳо, лавозимоти ороиши хона ва дигарон аз ин намоишгоҳ дидан мекунанд. Элина Маннурова, мушовири байнулмилалии МТБ, ки аз моҳи декабри соли гузашта бад-ин сӯ ба ҳунармандони Тоҷикистон барои иштироки пурсамар дар намоишгоҳи Маскав ёрии ҳамаҷониба мерасонад, бар ин назар аст, ки иштироки ҳунармандони Тоҷикистон дар “Подарки” бояд “ҳамчун як навъ санҷиши бозор қабул шавад, чунки ин иштирок имкон медиҳад, то аз ниёзҳои муштариёни эҳтимолӣ ва роҳҳои вуруди собит ба бозори Русия дарки комил пайдо шавад. Иштирок дар ин намоишгоҳ барои намояндагони соҳаи ҳунарҳои дастии Тоҷикистон имкон медиҳад, то робитаҳои дарозмуддати тиҷоратӣ бо Русия барқарор намояд. Сарфи назар аз надоштани таҷрибаи кофӣ ва дониш мукаммали бозорӣ, ба ҳунармандони Тоҷикистон тавсия медиҳам, ки барои рушди иқтидори содиротии худ таваҷҷуҳи асосиашонро ба бозори Русия равона кунанд, зеро набудани мушкили забонӣ ва раводид, ҳамчунин, наздикии ҷуғрофӣ ба ин мусоидат менамояд”.

Абдураҳмон Назирматов, раиси Иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон, мегӯяд, “аз фароҳам омадани имкони намоиши ҳунарҳои дастии тоҷик дар Маскав ва роҳ ба бозори васеътари пурмуштарӣ шодем. Умедворем, ки ҳайъати Тоҷикистон аз ин намоишгоҳ бо як бағоҷи пур аз донишу идея доир ба василаҳои густариши бозори мо то ба Русия бармегардад. Таҷрибае, ки дар ин намоишгоҳ хоҳем гирифт, ба мо имкон хоҳад дод, то ба талаботи васеътари муштариёнамон чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ доир ба тарҳ ва сифати маҳсулот посух бигӯем”.

МБТ ба корхонаҳои Тоҷикистон дар омодагӣ ба намоишгоҳ ҳамаҷониба мусоидат намуд. Мутахассисони лоиҳаи МБТ намояндагони корхонаҳоро бо роҳҳои дарёфти нафъи ҳарчӣ бештар аз намоишгоҳ, сар карда аз тарҳрезии иштирок то ба имзои созишномаҳои нав шинос карданд.  Маркази тиҷорати байнулмилалӣ сар аз оғози фаъолияташ дар Тоҷикистон дар соли 2002 ҳамасола ба бахши хусусии мавриди таваҷҷӯҳаш барои роҳ ёфтан ба бозорҳои байнулмилалӣ ба воситаи беҳтар кардани маҳсулот, амиқтар кардани донишҳои тарроҳиву бозорёбӣ, ва барқарор кардани тамосҳои байнулмилалӣ тавассути иштирок дар намоишгоҳҳои байнулмилалӣ мусоидат мерасонад.

Лоиҳаи мазкури МТБ ҷузъе аз Бахши чаҳоруми Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон буда, таваҷҷӯҳи худро ба боло бурдани сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон равона мекунад ва барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида, ҳамчунин, ба ҷонибҳои манфиатдор дар коргирӣ аз равиши стротежӣ барои рушди соҳа ёрӣ медиҳад. Ин лоиҳа, ҳамчунин, чолишҳо ва иқтидор барои рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистонро омӯхта, самтҳои бартари ниёзманди ёриҳои фанниро, ки марбут ба соҳибкорӣ ва тиҷоратанд, муайян мекунад.

Дар бораи ёриҳои Швейтсария: Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Дурнамои Ҳамкории худ барои солҳои 2012 -2015 таваҷҷуҳи худро дар Тоҷикистон ба чаҳор соҳа: саломатӣ, авлавияти қонун, ироаи оби ошимиданӣ ва беҳдоштӣ, ва рушди бахши хусусӣ равона кардааст. Ҳадафи умумии барномаҳои ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон пуштибонӣ аз раванди гузариш дар кишвар ба василаи саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз мусоидат дар бунёди сохтор ва низомҳои посухгӯи ниёзҳои мардум кор гирифта мешавад. http://www.swisscoop.tj, http://www.deza.admin.ch, http://www.seco-cooperation.admin.ch

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s