Роҳнамои нахустини фарҳангии Душанбе барои сокинону меҳмонони пойтахт омода гардид

Шаҳри Душанбе дар асл чанд сол дорад? Эъломияи Куруши Кабир ва ҳайкали Буддои хобидаро дар куҷо метавон дид? Пойтахти Тоҷикистон чаро ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид шудааст? Аз куҷо метавон либосҳои миллӣ, маҳсулоти заргарӣ, ва ҳадяҳои миллии баландсифатро бо нархи арзон харид? Боғҳои Душанбе чаро шуҳратёранд? Нахустин роҳнамои айнӣ-иттилоотии Сайри фарҳангии Душанбе ба ин ҳама суолҳо посух хоҳад гуфт. 

Ин китобча, ки бо забони англисӣ дар торнамои мо дастрас аст, муштаракан аз ҷониби Маркази рушди сайёҳӣ ва Иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкории тиҷорат дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад, таҳия шудааст.

Китобча маълумоти муфассал, тасвир ва акси осорхонаҳо, театрҳо, галареяҳои санъати тасвирӣ, боғҳо, ва маконҳои дидании шаҳри Душанберо фаро гирифтааст. Муаллифони он, Баҳриддин Исомутдинов ва Абдураҳмон Назирматов, мутмаинанд, ки бо ин роҳнамо як халои иттилоотиро пур карданд, ки дар пажӯҳиши имкониятҳои соҳаи сайёҳии Тоҷикистон, ки МТБ соли гузашта гузаронида буд, яке аз заъфҳои асосии соҳа номида шуда буд.

Ҷаноби Исомутдинов мегӯяд, яке аз ҳадафҳои асосии лоиҳаи МТБ ин пайванд додани соҳаи сайёҳӣ бо ҳунарҳои дастӣ мебошад. Ӯ мегӯяд: “Ҳар дуи ин соҳаҳо барои иқтисоди Тоҷикистон муҳимманд. Маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ, ки бо истифода аз нақшу нигорҳои миллӣ таҳия шудаанд, як навъ рамзи кишвар мебошанд. Нақшу нигорҳо, либосҳои миллӣ, ва рангҳо беҳтар шинохта мешаванд ва обрӯи кишварро боло мебаранд”.

Дар чаҳорчӯбаи ин ибтикор дар моҳи феврал кормандони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ба маконҳои дидании шаҳри Душанбе ва галареяҳои санъати тасвирӣ роҳнамоӣ шуданд, то миёни ду соҳа робита барқарор гардад.

Лоиҳаи мазкури МТБ ҷузъе аз Бахши чаҳоруми Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон буда, таваҷҷӯҳи худро ба боло бурдани сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон равона мекунад ва барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида, ҳамчунин, ба ҷонибҳои манфиатдор дар коргирӣ аз равиши стротежӣ барои рушди соҳа ёрӣ медиҳад. Ин лоиҳа, ҳамчунин, чолишҳо ва иқтидор барои рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистонро омӯхта, самтҳои бартари ниёзманди ёриҳои фанниро, ки марбут ба соҳибкорӣ ва тиҷоратанд, муайян мекунад.

Дар бораи ёриҳои Швейтсария: Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Дурнамои Ҳамкории худ барои солҳои 2012 -2015 таваҷҷуҳи худро дар Тоҷикистон ба чаҳор соҳа: саломатӣ, авлавияти қонун, ироаи оби ошимиданӣ ва беҳдоштӣ, ва рушди бахши хусусӣ равона кардааст. Ҳадафи умумии барномаҳои ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон пуштибонӣ аз раванди гузариш дар кишвар ба василаи саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз мусоидат дар бунёди сохтор ва низомҳои посухгӯи ниёзҳои мардум кор гирифта мешавад. http://www.swisscoop.tj, http://www.deza.admin.ch, http://www.seco-cooperation.admin.ch

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

w

Connecting to %s