International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тарроҳони тоҷик василаҳои истифода аз сабки себӯъдии тарроҳии либосро омӯхтанд

Leave a comment

Барои нахустин бор дар кишвар, ду давраи омӯзишии панҷрӯза дар мавзӯъи сабки эҷодкоронаи себӯъдии (3D) тарроҳии либос барои тарроҳони ширкатҳои дӯзандагии Тоҷикистон, тарроҳони мустақил, ва омӯзгорону донишандӯзони донишгоҳҳои зирабти ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Давраи аввал аз 13-ум то 17-уми апрел дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Хуҷанд, ва давраи дуввум аз 20-ум то 24-уми апрел дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Баргузории давраҳои омӯзишӣ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, ки ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкории тиҷорат дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад, сурат гирифт.

Професор Аша Бакси, мушовири аршади Раҷеш Бҳеда Консалтинг (Rajesh Bheda Consulting), ширкати ҳиндии маъруф дар арсаи тарроҳии либос, иштирокдорони давраҳои омӯзиширо бо василаҳои сабки себӯъдии тарроҳии либос бо таваҷҷӯхи вижа ба сифат шинос кард. Профессор Бакси гуфт: “Дарёфти роҳҳои истифода аз сабки себӯъдии тарроҳии либос бо назардошти гуногунии бадани инсон ҳадафи аслии ин омӯзиш буд. Мо, ҳамчунин, сари василаҳои нави ҳалли мушкилоти тарроҳӣ ва равандҳои замонавии мӯди ҷаҳонӣ кор бурдем. Иштирокдорон дар истифода аз маҳорату дониши тарроҳии худ хеле фаъол буданд ва мавзӯъҳои сохториву эстетикии тарроҳӣ ва матоъсозӣ бо истифода аз василаҳои гуногунро фаро гирифтанд”.

Профессор Бакси дар ҷаҳони тарроҳии либос ба ҳайси мушовир, олим, ва узви даҳҳо ҳайъати илмӣ маъруф аст. Дар давраҳои омӯзишии Хуҷанду Душанбе ӯ аз намоишҳои тасвирӣ ва таҷрибаи амалӣ бо таваҷҷӯҳи вижа ба василаҳои эҷодии рушди маҳорат кор гирифт. Сарулибоси мавсимӣ, либоси мактабӣ, интихоби рангу матоъ, ва василаҳои матоъсозӣ низ дар ҷараёни давраҳои омӯзишӣ ба риштаи суҳбат кашида шуд. Ба иштирокдорони давраҳои омӯзишӣ дар анҷоми он гувоҳнома супорида шуд.

Дар давоми сафараш ба Тоҷикистон, профессор Бакси, ҳамчунин, аз корхонаҳои ҳамкори лоиҳа дидан кард, бо раванди тарроҳи либос дар онҳо шинос шуд, ва ҷиҳати рушди кор баъзе тавсияҳо ироа намуд.

Лоиҳаи мазкури МТБ ҷузъе аз Бахши чаҳоруми Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон буда, таваҷҷӯҳи худро ба боло бурдани сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон равона мекунад ва барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида, ҳамчунин, ба ҷонибҳои манфиатдор дар коргирӣ аз равиши стротежӣ барои рушди соҳа ёрӣ медиҳад. Ин лоиҳа, ҳамчунин, чолишҳо ва иқтидор барои рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистонро омӯхта, самтҳои бартари ниёзманди ёриҳои фанниро, ки марбут ба соҳибкорӣ ва тиҷоратанд, муайян мекунад.

Дар бораи ёриҳои Швейтсария: Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Дурнамои Ҳамкории худ барои солҳои 2012 -2015 таваҷҷуҳи худро дар Тоҷикистон ба чаҳор соҳа: саломатӣ, авлавияти қонун, ироаи оби ошимиданӣ ва беҳдоштӣ, ва рушди бахши хусусӣ равона кардааст. Ҳадафи умумии барномаҳои ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон пуштибонӣ аз раванди гузариш дар кишвар ба василаи саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз мусоидат дар бунёди сохтор ва низомҳои посухгӯи ниёзҳои мардум кор гирифта мешавад. http://www.swisscoop.tj, http://www.deza.admin.ch, http://www.seco-cooperation.admin.ch

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s