International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Leave a comment

ТАҚВИЯТИ РАҚОБАТПАЗИРИИ СОДИРОТИИ КОРХОНАҲОИ ХУРДУ МИЁНАИ СОҲАИ НАССОҶИВУ ДӮЗАНДАГӢ ВА РУШДИ ТАВОНОИИ НИҲОДҲОИ ПУШТИБОНИ ТИҶОРАТ

Лоиҳаи мазкур Бахши чаҳоруми Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон буда, таваҷҷӯҳи худро ба боло бурдани сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон равона мекунад ва барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида, ҳамчунин, ба ҷонибҳои манфиатдор дар коргирӣ аз равиши стротежӣ барои рушди соҳа ёрӣ медиҳад. Ин лоиҳа, ҳамчунин, чолишҳо ва иқтидор барои рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистонро омӯхта, самтҳои бартари ниёзманди ёриҳои фанниро, ки марбут ба соҳибкорӣ ва тиҷоратанд, муайян мекунад.

Сентябри 2013 – Сентябри 2016

Маблағгузори лоиҳа – СЕКО

Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (SECO) – созмонест, ки бо масоили сиёсати иқтисодии ин кишвар сарукор дорад ва шомили сохтори Идораи федеролии Швейтсария дар умури иқтисод мебошад. СЕКО дар кишварҳои рӯ ба инкишоф ва дар ҳоли гузариш барномаҳои тавсиъаи иқтисодӣ амалӣ месозад, ки  ҳадафи асосии онҳо дастгирӣ намудани ҳамгироии ин кишварҳо ба иқтисоди ҷаҳонӣ, тараққиёти иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад. Маълумоти бештарро дар торнамои зер пайдо кардан мумкин аст: http://www.seco.admin.ch.

Иҷрокунандаи лоиҳа – МТБ

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) як оҷонси ҳамкории фаннӣ мебошад, ки муштаракан аз ҷониби Конфронси Созмони Милал оид ба Тиҷорат ва Рушд ва Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ таъсис ёфтааст. Ҳадафи МТБ ин мусоидат дар ҷиҳати расидан ба рушд ва тавсеаи устувор тавассути инкишофи савдо ва тиҷорати байнулмилалӣ мебошад. Маълумоти муфаccaлтарро дар торнамои зер метавонед пайдо бикунед: www.intracen.org.

Таҷрибаи қаблии МТБ дар Тоҷикистон

Лоиҳаҳои Маркази тиҷорати байнулмилалӣ дар Тоҷикистон ба хотири мусоидат ба рушди устувор ва гуногунсозии маҳсулоти содиротӣ дар ин кишвар тарҳрезӣ шудааст. Ин лоиҳаҳо ба рушди имконоти миллии тараққии тиҷорат бо роҳи кӯмак ба ниҳодҳои хадамотрасон ва ҳалли масоили сохторӣ равона шудааст.

То кунун МТБ як силсила тарҳҳоеро барои дастгирии соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон пиёда кардааст, монанди «Пешбурди тиҷорат дар Осиёи Марказӣ» (2002-2003) ва се марҳилаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» (2003-2006, 2006-2008 ва 2009-2013). Дар оғоз самти фаъолияти МТБ дар Тоҷикистон соҳаи коркарди мева ва сабзавот буд ва бо бадастории муваффақиятҳо дар ин соҳа, таваҷҷӯҳи МТБ сар аз соли 2009 ба соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ гардонида шуд. Вуруди корхонаҳои тоҷик ба бозорҳои Русия, Туркия, Итолиё, Литва ва Австрия; барпо намудани робитаҳои тиҷоратӣ бо ширкатҳои шинохтаи ҷаҳонӣ, ба мисли Ашан, ИКЕА, Ҷинсмейкерз; афзоиши ҳаҷми содирот; таҳияи Стратегияи рушди содироти маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон; таъмини иштироки ширкатҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байнулмилалӣ дар Порис, Шонҳой, Маскав ва Истанбул – ин ҳама танҳо чанд мисол аз натиҷаҳои фаъолияти марҳилаи ниҳоии лоиҳаи “Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон” дар тӯли ҳамагӣ сеюним сол мебошад.

Аҳдофи нави лоиҳаи нави МТБ

Дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳа таваҷҷӯҳи МTБ ба тақвияти рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон идома меёбад. Барои расидан ба ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои пуштибони тиҷорат ёриҳои соҳавии махсус расонида шуда, ба ҷонибҳои манфиатдор низ дар қабули равиши стратегии рушди соҳа мусоидат карда мешавад. Сабаби таваҷҷӯҳи МТБ ба соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон имкониятҳои мавҷудаи ин соҳа барои рушди бештар ва саҳмгузорӣ дар гуногунсозии содироти Тоҷикистон мебошад. Соҳаи мазкур, ҳамчунин, метавонад дар фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, махсусан барои занон, нақши муҳим бибозад. Ҳамчун қисмате аз ин ёриҳо, лоиҳа боз пажӯҳишҳое ҷиҳати беҳтар фаҳмидани вазъи феълии дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ дар Тоҷикистон, муайян кардани имконияти ҳамгироии истеҳсолкунандагони пахтаи органикӣ дар Тоҷикистон ба занҷираи арзиши афзудаи соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ, ва муайян кардани имкониятҳои рушд ва чолишҳои соҳаҳои сайёҳиву ҳунарҳои дастӣ дар кишварро низ роҳандозӣ мекунад.

p1150074

Ҳадафҳои лоиҳа:

НАТИҶАИ МУНТАЗИРАИ 1

Беҳтар гаштани чаҳорчӯбаи стратегӣ ва сохтории соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ

Бозбинии стратегияи содиротии соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ ва таъсиси як сохтори расмӣ барои назорат аз болои иҷроиши стратегия.

Мусоидат ба ниҳодҳои хадамоти тиҷоратӣ ҷиҳати тақвияти таҷриба ва тавсеаи хидматрасонии онҳо дар арсаҳои коркарди маҳсулот, мудирияти таҳвил, бозорёбии вижаи соҳа, ва мудирияти сифат.

Анҷом додани пажӯҳиши ҳамаҷониба бо мақсади беҳтар фаҳмидани вазъи феълии дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ дар Тоҷикистон ва пешниҳоди тавсияҳо бо назардошти ниёзҳои соҳа ба ёрии махсуси фаннӣ.

НАТИҶАИ МУНТАЗИРАИ 2

Боло рафтани сатҳи рақобатпазирии содиротии корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагӣ ва дастрасии онҳо ба бозорҳои нав

Баргузории семинару тренингҳо ва ироаи хадамоти машваратӣ ҷиҳати тақвияти иқтидори корхонаҳо дар заминаҳои коркарди маҳсулот, ҳосилнокӣ, бозорёбии вижаи соҳа ва мудирияти сифат.

Барқарор намудани робитаҳои нави тиҷоратӣ.

Анҷом додани пажӯҳиш оид ба имкониятҳои ҳамгироии истеҳсолкунандаҳои пахтаи органикӣ дар Тоҷикистон ба занҷираи арзиши афзудаи соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ.

НАТИҶАИ МУНТАЗИРАИ 3

Ҷонибҳои манфиатдори соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои дастӣ дониши худро доир ба ниёзҳои соҳа ва самтҳои бартари рушд боло мебаранд

Анҷом додани пажӯҳишҳои ҳамаҷониба доир ба вазъи ҳозира ва имкониятҳои рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои дастӣ.

Анҷом додани тадқиқоти асосноккунии фаннӣ дар мавриди таъсиси Созмонҳои мудирияти сайёҳӣ (СМС) дар ду минтақаи аз нигоҳи сайёҳӣ ҷолибтарини Тоҷикистон (водии Зарафшон ва вилояти Бадахшон).

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s