International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Давраҳои омӯзишӣ доир ба масъулияти иҷтимоии ширкатӣ ва амнияту беҳдошти ҳирфаӣ 

Leave a comment

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) таваҷҷӯҳ ба амнияту беҳдоштӣ дар ҷои кор ва маcъулияти иҷтимоиро дар соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон боло мебарад.

Ду давраи омӯзишӣ доир ба масъулияти иҷтимоии ширкатӣ ва амнияту беҳдошти ҳирфаӣ барои намояндагони корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд баргузор гардид. Баргузории давраҳои омӯзишӣ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкории тиҷорат дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад, сурат гирифт.

Барои гузаронидани ин давраҳои омӯзишӣ мушовири байнулмилали МТБ Оксана Герасимова ҷалб гардид. Бону Герасимова мегӯяд, “қабл аз давраҳои омӯзишӣ ман аз корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд дидан кардам. Ҳадаф аз ин боздидҳо баҳогузорӣ ба вазъи масъулияти иҷтимоии ширкатӣ ва вазъияти амниятиву беҳдошти ҳирфаӣ дар ин корхонаҳо буд. Пас аз мушоҳидаи вазъ дар ҷараёни боздидҳо ба корхонаҳо тавсияҳо додам ва ба суолҳояшон посух гуфтам. Барномаи давраҳои омӯзишӣ низ ниёзҳои корхонаҳои Тоҷикистон ба масъалаи мазкурро инъикос мекард”.

Василаҳову унсурҳои асосии масъулияти иҷтимоии ширкатӣ ва амнияту беҳдошти ҳирфаӣ дар соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ, нафъи иқтисодӣ аз фароҳам овардани шароити хуби корӣ, муошират ва ҳамкорӣ дар ҷои кор, баҳогузории хатар ва омилҳои хатар дар маркази диққат дар давраҳои омӯзишӣ буд ва дар анҷом як таҷрибаи амалӣ низ дар мавзӯъи баҳогузории хатар гузаронида шуд.

Бону Герасимова мегӯяд, мавзӯъи мазкур барои он корхонаҳои Тоҷикистон, ки дар шароити нави иқтисоди бозаргонӣ фаъолият мебаранд, хеле муҳим аст. Кордиҳандагон бояд бифаҳманд, ки сармоягузорӣ рӯи шароити хуби корӣ ва рушди фарҳанги ҷилавгирӣ ба манфиати корхона аст ва корхонаро устувортару сермаҳсултар мегардонад. Дар Тоҷикистон, дар ин самт ҳанӯзам кор бурдан лозим аст. Маркази тиҷорати байнулмилалӣ мусоидати худро ба соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон дар рушди масъулияти иҷтимоии ширкатӣ ва амнияту беҳдошти ҳирфаӣ идома медиҳад.

Лоиҳаи мазкури МТБ ҷузъе аз Бахши чаҳоруми Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон буда, таваҷҷӯҳи худро ба боло бурдани сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон равона мекунад ва барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида, ҳамчунин, ба ҷонибҳои манфиатдор дар коргирӣ аз равиши стротежӣ барои рушди соҳа ёрӣ медиҳад. Ин лоиҳа, ҳамчунин, чолишҳо ва иқтидор барои рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистонро омӯхта, самтҳои бартари ниёзманди ёриҳои фанниро, ки марбут ба соҳибкорӣ ва тиҷоратанд, муайян мекунад.

Дар бораи ёриҳои Швейтсария: Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Дурнамои Ҳамкории худ барои солҳои 2012 -2015 таваҷҷуҳи худро дар Тоҷикистон ба чаҳор соҳа: саломатӣ, авлавияти қонун, ироаи оби ошимиданӣ ва беҳдоштӣ, ва рушди бахши хусусӣ равона кардааст. Ҳадафи умумии барномаҳои ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон пуштибонӣ аз раванди гузариш дар кишвар ба василаи саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз мусоидат дар бунёди сохтор ва низомҳои посухгӯи ниёзҳои мардум кор гирифта мешавад. http://www.swisscoop.tj, http://www.deza.admin.ch, http://www.seco-cooperation.admin.ch

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s