International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тоҷикистон Кумитаи миллии соддасозии тиҷоратро таъсис медиҳад

Leave a comment

Вазифаҳо, сохтор, самтҳои фаъолият ва ҳадафи Кумитаи миллии соддасозии тиҷорат, ки таъсисаш ба нақша гирифта шудааст, рӯзи 13-уми июн дар як нишасте дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъсиси Кумитаи миллии соддасозии тиҷорат ёрӣ мерасонад. Ниҳоди нави давлатӣ бо ҳадафи соддасозӣ ва ҳамоҳангии равандҳои миллии марбут ба тиҷорати байнулмилалӣ таъсис хоҳад ёфт. Роҳандозии фаъолияти чунин як ниҳод талаби ҳатмии Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) дар чаҳорчӯбаи Созишномаи СТҶ доир ба соддасозии тиҷорат мебошад. Ёрии МТБ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти иҷрои уҳдадориҳои кишвар дар баробари СТҶ бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкории тиҷорат дар Тоҷикистон расонида мешавад.

Вазифаҳои асосии Кумитаи миллии соддасозии тиҷорат иборат хоҳанд буд аз: Иттилоърасонӣ аз сиёсатҳои соддасозии тиҷорат; мусоидат дар иҷрои уҳдадориҳои марбут ба Созишномаи СТҶ доир ба соддасозии тиҷорат; ба эътибор гирифтани мушкилоти бахши хусусӣ ҳангоми таҳияи сиёсати соддасозии тиҷорат; иҷрои нақши пайвандгар миёни ниҳодҳои давлати Тоҷикистон ва Кумитаи СТҶ доир ба соддасозии тиҷорат; мусоидат ба ниҳодҳои давлатӣ дар муайян кардани самтҳои бартар барои маблағгузорон; таҳияи қоидаҳои раҳнамоӣ барои ниҳодҳои марбута, аз ҷумла Девони вазирон; боло бурдани сатҳи огаҳии ҷомеа аз масоили марбут ба соддасозии тиҷорат; назорати иҷрои уҳдадориҳои марбут ба созиҳшномаҳои дуҷониба ва ғайра.

Амир Зафар Дурронӣ, мушовири байнулмилалии МТБ доир ба равандҳои тиҷорат, ки ба тими ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъсиси Кумитаи миллии соддасозии тиҷорат ёрӣ мерасонад, мегӯяд: «Равандҳои тиҷорат аз фаъолияти ниҳодҳои гуногуни давлатӣ ва бахши хусусӣ иборат аст ва аз ин рӯ, ба мавҷудияти як сохтори вижа ҷиҳати ҳамоҳангӣ ва ҳамкории муассир ниёз дорад. Ин Кумитаи махсус иқтидори сохторӣ ва назоратии ниҳодҳои миллиро ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳояш дар баробари СТҶ дар мавриди соддасозии тиҷорат боло мебарад. Ниҳоди мазкур, ҳамчунин, ба кишвар имкон медиҳад, то мустақилона равиши муассиртаринро дар самти таҳияи сиёсатҳо ва қонунгузориҳои нав муайян карда, бо ҳамкорони тиҷоратӣ гуфтушунидҳои муассиртар бигузаронад. Бахши хусусӣ низ имкон пайдо хоҳад кард, то дар гирифтани тасмимҳои сиёсӣ ҷиҳати соддасозии тиҷорат, аз ҷумла, таҳияи қонунгузориҳо, равандҳо ва василаҳои назорат, ибтикорҳо ҷиҳати рушд, иштироки фаъолтар бикунад».

Дар дарозмуддат, фазои тиҷоратии Тоҷикистон аз нигоҳи сарфаи замонӣ ва молӣ ҳангоми фаъолиятҳои фаромарзӣ манфиат хоҳад бардошт.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳаи фаннии худ ба бахши хусусии Тоҷикистон ҷиҳати огоҳии бештар аз имкониятҳо ва чолишҳои узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Дар бораи ёриҳои Швейтсария: Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Дурнамои Ҳамкории худ барои солҳои 2012 -2015 таваҷҷуҳи худро дар Тоҷикистон ба чаҳор соҳа: саломатӣ, авлавияти қонун, ироаи оби ошимиданӣ ва беҳдоштӣ, ва рушди бахши хусусӣ равона кардааст. Ҳадафи умумии барномаҳои ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон пуштибонӣ аз раванди гузариш дар кишвар ба василаи саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз мусоидат дар бунёди сохтор ва низомҳои посухгӯи ниёзҳои мардум кор гирифта мешавад. http://www.swisscoop.tj, http://www.deza.admin.ch, http://www.seco-cooperation.admin.ch

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s