International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аслов аз Амрико хост, Тоҷикистонро аз “рӯйхати сиёҳ” берун кунад

Leave a comment

Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар Вашингтон аз ҷониби Амрико хостааст, ки кишвари моро аз “рӯйхати сиёҳ”-и маъруф бо номи Ҷексон — Вэник лағв кунад.

Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Аслов ин масъаларо 17-уми июн дар мулоқот бо Дана Роҳрабахер, раҳбари зеркумитаи Конгресси Амрико оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупою Авруосиё ба миён гузоштааст. Ба иттилои манбаъ зимни мулоқот дар баробари лағви номи Тоҷикистон аз рӯйхати Ҷексон-Веник инчунин масоили амнияти минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шудаанд.

Руйхати Ҷексон — Вэник дар асоси пешниҳоди конгресменҳои амрикоӣ Ҷексон ва Вэник соли 1975 таҳия шуда, тибқи ин пешниҳодҳо Амрико бо кишварҳое, ки дар умури муҳоҷирату иқтисоди озод монеаҳо эҷод мекунанд, монеаҳои тиҷорӣ ворид мекунад. Раисиҷумҳури Амрико ҳақ надорад бо кишварҳои дар ин рӯйхат зикршуда созишномаҳои тиҷорӣ бандаду ҳукумати Амрико қарзҳои кафолатнок пешниҳод кунад. Ба ин рӯйхат собиқ кишварҳои шӯравӣ ва бархе аз кишварҳои сотсиалистӣ ворид будаанд. Аз соли 2000-ум то 2012 бо қарорҳои конгресси Амрико аз ин рӯйхат Қирғизистон, Русия, Украина, Молдова, Арманистон ва Гурҷистон ҳазф шуда, номи Тоҷикистон ҳанӯз дар он боқӣ мондааст.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s