International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Силсилаи нави барномаҳои Радиои Ватан доир ба СТҶ. Барномаи якум

Leave a comment

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ ва радиои маҳаллии маъруфи «Ватан» ҳамкориҳои худро доир ба боло бурдани сатҳи огаҳии доираҳои тиҷоратии тоҷик ва шумори васеътари шунавандагон аз Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ идома медиҳанд.

Сар аз оғози моҳи июн радиои «Ватан» дар бахши «Маърифати иқтисодӣ», ки аз ҷониби радиожурналисти маъруф Субҳони Ҷалил таҳия мешавад, силсилаи нави барномаҳоро таҳти унвони «Калидвожаҳои тиҷорати ҷаҳонӣ» оғоз кард. Барномаи мазкур ҳар субҳу шом дар рӯзҳои корӣ дар вақти тиллоӣ пахш гардида, дар ҳар як барномаи он Иноятулло Қосимов, раҳбари шӯъбаи СТҶ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ду-се истилоҳи СТҶ-ро бо забони тоҷикӣ ва соддаву фаҳмо шарҳ дод.

Субҳон Ҷалилов, мудири барномаҳои радиои «Ватан», мегӯяд, аллакай шунавандагонаш сипосномаҳои зиёде дар мавриди барномаи нав менависанд. Ӯ мегӯяд, «мехоҳем, ки шунавандаҳои мо, ки миёнашон соҳибкорону тоҷирон низ зиёданд, имконияти гирифтани маълумоти бештар доир ба низоми замонавии тиҷорати байнулмилалӣ аз забони коршиносони ҳирфаиро дошта бошанд. Дар соли гузашта як чунин силсилабарномаҳои муфидеро доир ба СТҶ муштаракан бо Маркази тиҷорати байнулмилалӣ роҳандозӣ карда будем ва бо назардошти маъруфияти он, имсол низ тасмим гирифтем, то ин силсиларо каме таҷдид карда, пахш бикунем».

Мо тасмим гирифтем, барномаҳои мазкурро дар сафҳаҳоямон дар СаундКлауд ва Фейсбук, ва ҳамчунин, дар торнамои расмиямон нашр бикунем. Барномаи якум ин ҷо дастраси Шумост.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s