СФС чист? Мо ҷавоб мегӯем

Ду сол боз Тоҷикистон узви Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ мебошад. Ба монанди кишварҳои дигари узви СТҶ, Тоҷикистон низ як қатор уҳдадориҳо дорад ва ин узвият, ҳамчунин, дари манфиатҳоеро барои кишвар боз кардааст. Чун бахше аз уҳдадориҳои худ, Тоҷикистон Маркази миллии иттилоотӣ (ММИ) ва Ниҳоди миллии огоҳсозӣ (НМО) доир ба СФС (чораҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ) -ро дар назди Вазорати кишоварзӣ ва Вазорати рушди иқтисодӣ ва савдо таъсис додааст. Вазифаҳои аслии НМО доир ба СФС посух додан ба дархостҳои кишварҳои узви СТҶ доир ба Тоҷикистон, ва ҳамчунин, пайгирии огоҳномаҳои кишварҳои узви СТҶ дар мавриди тағйирот дар иҷрои чораҳои СФС ва интишори он дар миёни ҷонибҳои манфиатдор мебошад. НМО боз муваззаф аст, ки СТҶ-ро низ аз тағйироти ҳамсон дар Тоҷикистон огоҳ намояд.

Дар ҳоли ҳозир мо барои тавсеаи феҳрасти ҷонибҳои манфиатдор аз ҳисоби бахши хусусӣ, яъне, ширкатҳои содиркунанда талош карда истодаем, ки пеш аз ҳама барои дарёфти маълумоти саривақтӣ доир ба тағйирот дар истифодаи чораҳои СФС дар бозорҳои берунаи мавриди назарашон таваҷҷуҳ доранд. Ҳамчунин, мо бо Иттиҳоди соҳибкорон ва содиркунандагон ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон низ ҳамкориҳои хубро ба роҳ мондаем. Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Бунгоҳи миллии иттилоотиро роҳандозӣ кардааст, ки доир ба чораҳои феълии СФС ва қоидаҳои техникӣ дар кишварҳои дигари узви СФС ва дар Тоҷикистон маълумот ироа карда метавонад.

Барои гирифтани маълумот ва ё ироаи шарҳу эзоҳ тавассути ММИ доир ба СФС, лутфан, ба нишонии зер муроҷиат намоед:

Шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 44 (бинои Вазорати кишоварзӣ, ошёнаи 4-ум, ҳуҷраҳои 13-15). Teл.: + (992 37) 2211596; Факс: +(992 37) 2211628; Имейл: agrowto-sps@mail.ru.

Салоҳиддин Замонов, корманди ММИ доир ба СФС

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s