Маҳсулоти ҳунарҳои дастии Тоҷикистон ба Франкфурт меравад

Барои дувумин бор маҳсулоти ҳунарҳои дастии Тоҷикистон дар намоишгоҳи маъруфи байнулмилалии молҳои истеъмолӣ – Ambiente, ки аз 12-ум то 16-уми феврали соли оянда дар шаҳри Франкфурти Олмон баргузор мегардад, ба намоиш гузошта мешавад.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) ба истеҳсолкунандаҳои маҳсулоти дастии Тоҷикистон ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба намоишгоҳи байнулмилалии Ambiente дар шаҳри Франкфурти Олмон ёрӣ мерасонад. Ин ёриҳо аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.

Имрӯз, 31-уми июл, дар як давраи омӯзишие дар шаҳри Душанбе намояндагони эҳтимолии Тоҷикистон дар намоишгоҳи Франкфурт бо роҳҳои омодагӣ ба намоишгоҳ ва иштироки фаъолу манфиатнок дар он  шинос шуданд. Намояндагони Иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон, ширкатҳои “Рухом”, “Умед”, “Суман”, “Мумтоз”, Ҷаҳоннек”, ва “Озара” дар давраи омӯзишӣ иштирок карданд. Дар он мушовири байнулмилалии МТБ доир ба тарроҳӣ ва бозорёбӣ Габриэла Бёрде ширкаткунандагонро бо имкониятҳои бозорёбӣ ва равандҳои байнулмилалии тарроҳӣ, ҳамчунин, бо натиҷаҳои охирини иштироки ҳайъати Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ шинос кард. Бону Бёрде, ки ба ҳайъати Тоҷикистон дар омодагӣ ба намоишгоҳи Франкфурт ёрӣ медиҳад, мегӯяд, “муштарак бо шарикони маҳаллӣ сари масъалаҳои интихоби маҳсулот ва беҳсозии он кор кардем ва иқтидори содиротии корхонаҳоро баҳогузорӣ намудем. Ширкатдорони давраҳои омӯзиширо бо намоишгоҳ, маҳсулоти қобили намоиш, ва роҳҳои дарёфту қабули фармоишҳо шинос кардем. Масъалаҳои ташкилотӣ, равандҳои тарроҳӣ, ва рушди тарроҳӣ, ҳамчунин, василаҳои истифодаи беҳтари иштирок дар намоишгоҳ барои рушди бозорёбии ширкат низ дар маркази таваҷҷӯҳи мо буд”.

Ҳамасола, дар намоишгоҳи Ambiente 4700 ширкат аз қариб 90 кишвар, ва тақрибан 145000 меҳмон аз 160 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд. Дар ҷараёни он, чандин чорабиниҳои дигар гузаронида мешаванд, ки дар онҳо равандҳои тозатарини соҳаи саноат ба маъраз гузошта шуда, ҳамчунин, имконияти барқарор кардани тамосҳои нав фароҳам меояд. Бо ёдоварӣ аз иштироки қаблии Тоҷикистон дар намоишгоҳи Франкфурт дар моҳи феврали соли ҷорӣ, хонум Бёрде мегӯяд, “иштироки қаблӣ ба мо ҷанбаъҳои қавӣ ва заифамон, ва ҳамчунин, он сатмҳоеро, ки ба таваҷҷӯҳи бештар ниёз доранд, нишон дод. Он иштирок ба ҳайъати Тоҷикистон имкон дод, то пешниҳодҳои ширкатҳои рақибро биомӯзанд ва доир ба талаботи бозор дар мавриди тарҳи маҳсулот, сифат ва нарх маълумот пайдо бикунанд. Мо натиҷаҳои иштироки қаблиямонро таҳлил карда, умедворем, ки ин бор аз Франкфурт бо натиҷаҳои беҳтар бармегардем, ҳарчанд, иштирок дар намоишгоҳҳои касбӣ раванди дурударози роҳандозии тамосҳои устувори корӣ мебошад”.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ сар аз оғози фаъолияташ дар Тоҷикистон дар соли 2002 ҳамасола ба бахши хусусии мавриди таваҷҷӯҳаш барои роҳ ёфтан ба бозорҳои байнулмилалӣ ба воситаи беҳтар кардани маҳсулот, амиқтар кардани донишҳои тарроҳиву бозорёбӣ, ва барқарор кардани тамосҳои байнулмилалӣ тавассути иштирок дар намоишгоҳҳои байнулмилалӣ мусоидат мерасонад.

Лоиҳаи мазкури МТБ ҷузъе аз Бахши чаҳоруми Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон буда, таваҷҷӯҳи худро ба боло бурдани сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон равона мекунад ва барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида, ҳамчунин, ба ҷонибҳои манфиатдор дар коргирӣ аз равиши стротежӣ барои рушди соҳа ёрӣ медиҳад. Ин лоиҳа, ҳамчунин, чолишҳо ва иқтидор барои рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистонро омӯхта, самтҳои бартари ниёзманди ёриҳои фанниро, ки марбут ба соҳибкорӣ ва тиҷоратанд, муайян мекунад. 

Дар бораи ёриҳои Швейтсария: Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Дурнамои Ҳамкории худ барои солҳои 2012 -2015 таваҷҷуҳи худро дар Тоҷикистон ба чаҳор соҳа: саломатӣ, авлавияти қонун, ироаи оби ошимиданӣ ва беҳдоштӣ, ва рушди бахши хусусӣ равона кардааст. Ҳадафи умумии барномаҳои ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон пуштибонӣ аз раванди гузариш дар кишвар ба василаи саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз мусоидат дар бунёди сохтор ва низомҳои посухгӯи ниёзҳои мардум кор гирифта мешавад. http://www.swisscoop.tj, http://www.deza.admin.ch, http://www.seco-cooperation.admin.ch

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s