Сафари панҷуми ширкатҳои нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон ба намоишгоҳи Маскав

Ҳашт корхонаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон аз 22-юм то 25-уми сентябр дар бузургтарин намоишгоҳи байнулмилалии нассоҷӣ ва либосвории Федеросюни Русия – намоишгоҳи “Текстиллегпром” дар шаҳри Маскав иштирок мекунанд. 

Корхонаҳои Тоҷикистон барои панҷумин бор пайдарпай бо мусоидат ва дастгирии Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) меҳмони намоишгоҳи байнулмилалии “Текстиллегпром”, ки азимтарин намоишгоҳи махсус дар Федеросюни Русия мебошад, мегарданд. Дар ин панҷ сол 21 корхона аз Тоҷикистон бо мусоидати МТБ дар ин намоишгоҳ иштирок кардаанд ва аксарашон низ се-чаҳор маротибаӣ ба ин намоишгоҳ рафтаанд. Корхонаҳои Тоҷикистон аз ин намоишгоҳ бо шартномаҳои чандсадҳазору чандмиллиондоллара баргаштаанд. Имсол корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии зерин имкони густариши бозори берунаи худро пайдо кардаанд: «Ваҳдат», “Мафтуна”, “Нассоҷии Хуҷанд”, «Ноҳид», “Олим Текстайл”, «Ортекс», «Раҳимов А.А.» ва «Тента Кӯлоб».

Ин сафар бо ибтикори лоиҳаи МТБ ва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат гузаронида мешавад.

“Текстиллегпром”, ки боз ҳамчун Намоишгоҳи тиҷоратии федералии нассоҷӣ ва маҳсулоту таҷҳизоти саноати сабук шинохта мешавад, соле ду бор тақрибан 2000 ширкати тиҷоративу саноатиро ҷамъ меоварад. Теъдоди меҳмонони намоишгоҳ то ба 37000 нафар мерасад, ки дар майдони бештар аз 65000 метри мукааб бо маҳсулоти замонавии беш аз 2500 ширкат аз 42 кишвари ҷаҳон шинос мешаванд. Тавре дар торнамои расмии “Текстиллегпром” омадааст, он ба ҳайси “макони дидори мутахассисони соҳа ва намоиши маҳсулоти хушсифат ва хидматрасонии аълои ширкатҳои русӣ ва хориҷӣ хидмат карда, ҳадафаш фароҳам овардани имконияти бастани шартномаҳои тиҷоратӣ миёни истеҳсолкунандагон, фурӯшандагон ва харидорон мебошад”.

Бино бар гуфтаи Наргиза Абдумаҷидова, ёвари барномаҳои МТБ дар Тоҷикистон, «иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи Маскав имкони хубест, то онҳо маҳсулоти худро дар саҳнаи байнулмилалӣ намоиш бидиҳанд, бо харидорони эҳтимолӣ робитаи мустақим барқарор намоянд ва ҷуғрофиёи бозори худро тавсеа бахшанд. Иштирок дар ин намоишгоҳ бар иловаи афзудани имкониятҳо, боз корхонаҳои Тоҷикистонро ба чолишҳое бинобар рақобати шадид дар бозор рӯбарӯ хоҳад кард. Сарфи назар аз пайдоиши нишонаҳои рукуд дар иқтисоди Русия, ин кишвар муҳимтарин ва ҷолибтарин бозор барои содироти маҳсулоти нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Сабабаш ҳам имкониятҳои ин бозор, мавқеъи ҷуғрофӣ, муносибатҳои наздики иқтисодӣ миёни ду кишвар, мавҷудияти тамосҳои фарҳангӣ ва аз ҳама муҳиммаш – шароити нисбатан мусоиди вуруд ба бозори Русия мебошад. “Текстиллегпром” истеҳсолкунандагон ва харидоронро аз тамоми минтақаҳои Русия гирдиҳам меоарад, ки имкони хуби шиносоӣ бо вазъи бозорро медиҳад. Аз ин рӯ, ин намоишгоҳ барои корхонаҳои содиркунандаи Тоҷикистон имкони хубест, то бозори Русия ва талаботи онро бештар омӯзанд ва беҳтар шиносанд ва бо шарикони эҳтимолӣ аз тамоми минтақаҳо тамосҳо барқарор намоянд.” 

Намоишгоҳ аз 11 павилйони вижа иборат хоҳад буд, ки дар онҳо матоъ, либосворӣ, маҳсулоти бофандагӣ, либоси зер, ҷӯробҳо, маҳсулоти кӯдакона, маҳсулот барои хона, маҳсулоти пӯстӣ, таҷҳизот, маҳсулоти хом, маҳсулоти нассоҷӣ ва ғайра ба намоиш мешавад. Девораҳои Тоҷикистон дар ду павилйон – маҳсулоти хом ва маҳсулоти бофандагӣ қомат афрохтааст.

Ҳайъати Тоҷикистон, ҳамчунин, аз павилйонҳои дигар низ дар намоишгоҳ бо ҳадафи шиносоӣ бо ҳамкорони эҳтимолии тиҷоратӣ ва фанновариҳои замонавию маҳсулоти навин дидан хоҳад кард. Ҳайъати Тоҷикистон, боз, имкон дорад, то дар конфронсҳои илмию тадқиқотӣ, давраҳои омӯзишӣ, ва мизи гирдҳо иштирок карда, бо шиносоӣ бо озмунҳои соҳавӣ иштироки эҳтимолӣ дар онҳоро дар оянда ба инобат бигирад.

Лоиҳаи мазкури МТБ ҷузъе аз Бахши чаҳоруми Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон буда, таваҷҷӯҳи худро ба боло бурдани сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон равона мекунад ва барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида, ҳамчунин, ба ҷонибҳои манфиатдор дар коргирӣ аз равиши стротежӣ барои рушди соҳа ёрӣ медиҳад. Ин лоиҳа, ҳамчунин, чолишҳо ва иқтидор барои рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистонро омӯхта, самтҳои бартари ниёзманди ёриҳои фанниро, ки марбут ба соҳибкорӣ ва тиҷоратанд, муайян мекунад. 

Дар бораи ёриҳои Швейтсария: Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Дурнамои Ҳамкории худ барои солҳои 2012 -2015 таваҷҷуҳи худро дар Тоҷикистон ба чаҳор соҳа: саломатӣ, авлавияти қонун, ироаи оби ошимиданӣ ва беҳдоштӣ, ва рушди бахши хусусӣ равона кардааст. Ҳадафи умумии барномаҳои ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон пуштибонӣ аз раванди гузариш дар кишвар ба василаи саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз мусоидат дар бунёди сохтор ва низомҳои посухгӯи ниёзҳои мардум кор гирифта мешавад. http://www.swisscoop.tj, http://www.deza.admin.ch, www.seco-cooperation.admin.ch 

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s