Тарроҳон ва дӯзандаҳои тоҷик сохтори либосро омӯхтанд

Тарроҳон, дӯзандаҳо, ва муҳандисони нассоҷии тоҷик аз як давраи серӯза доир ба сохтори либос, ки аз 21-ум то 23-юми сентябр дар шаҳри Хуҷанд, дуввумин шаҳри бузурги Тоҷикистон, баргузор шуд, баҳра бардоштанд. 

Давраи омӯзишии мазкур аз ҷониби лоиҳаи МТБ ва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат доир шуд.

Ҳадаф аз баргузории ин давраи омӯзишӣ амиқтар гардонидани донишу маҳорати касбии мутахассисони тоҷик доир ба василаҳои гуногун ва муҳтавои сохтори либос буд, ки дар саноати замонавии мӯд васеъ истифода мешавад. Томас Тан, мушовири аршад доир ба тарроҳӣ ва тренери давраи омӯзишии мазкур, мегӯяд: “Мо сохтори умумии либос ва намунаҳои гуногуни истифодаи дарзу кӯк дар қисматҳои гуногуни либосро фаро гирифтем. Донише, ки дар ин давраи омӯзишӣ гирифта шуд, ба иштироккунандагонаш имкон медиҳад, то шумори тарҳҳои лағвшударо, ки ба истеҳсоли васеъ роҳ намеёбанд, коҳиш бидиҳанд, нофаҳмӣ дар намунагирӣ ва истеҳсолро аз миён бибаранд, ва тамосу ҳамдигарфаҳмӣ дар баёни хусусиятҳои маҳсулотро беҳтар бигардонанд”.

Дар давраи омӯзишии мазкур аз лексия, презентатсия, наворҳои видеоӣ, баҳсҳои гуруҳӣ, омӯзиши намунаҳо, санҷишҳо ва василаҳои дигари тадрис кор гирифта шуд. Бону Нигора Халилова, намояндаи ширкати “Лидер”, ки яке аз иштирокдорони ин давра буд, мегӯяд, бар иловаи омӯзиши асл, таърих ва фазои тиҷоратии саноати либосворӣ, ӯ, ҳамчунин, муайян кардани навъҳои маъмулӣ ва тазйинии кӯкҳоро дар мувофиқат бо рамзҳои байнулмилалӣ ва соҳавӣ омӯхтааст. Бону Халилова илова мекунад: “Ба мо, боз, муайян кардан ва нишон додани навъҳои дарз тибқи рамзҳои меъёрии байнулмилаливу соҳавии дарзҳоро омӯзониданд. Ҳоло, мо боз метавонем нақшҳои гуногуни либосвории одиро муайян кунем, раванди дӯхтанро таҳлил ва тасвир бикунем, ва ғайра”. 

Лоиҳаи мазкури МТБ ҷузъе аз Бахши чаҳоруми Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон буда, таваҷҷӯҳи худро ба боло бурдани сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон равона мекунад ва барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида, ҳамчунин, ба ҷонибҳои манфиатдор дар коргирӣ аз равиши стротежӣ барои рушди соҳа ёрӣ медиҳад. Ин лоиҳа, ҳамчунин, чолишҳо ва иқтидор барои рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистонро омӯхта, самтҳои бартари ниёзманди ёриҳои фанниро, ки марбут ба соҳибкорӣ ва тиҷоратанд, муайян мекунад. 

Дар бораи ёриҳои Швейтсария: Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Дурнамои Ҳамкории худ барои солҳои 2012 -2015 таваҷҷуҳи худро дар Тоҷикистон ба чаҳор соҳа: саломатӣ, авлавияти қонун, ироаи оби ошимиданӣ ва беҳдоштӣ, ва рушди бахши хусусӣ равона кардааст. Ҳадафи умумии барномаҳои ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон пуштибонӣ аз раванди гузариш дар кишвар ба василаи саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз мусоидат дар бунёди сохтор ва низомҳои посухгӯи ниёзҳои мардум кор гирифта мешавад. http://www.swisscoop.tj, http://www.deza.admin.ch, www.seco-cooperation.admin.ch 

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s