МТБ аз дастовардҳояш дар Тоҷикистон гузориш медиҳад ва чолишҳояшро баррасӣ мекунад

Натиҷаҳои лоиҳаҳои Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар Тоҷикистон дар нишасти Кумитаи назоратии лоиҳаҳо (КНЛ)-и МТБ муваффақ баҳогузорӣ шуданд.

Фаъолият ва дастовардҳои барномаҳои Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ), чолишҳои рӯбарӯи он ва нақшаҳои ояндаи он имрӯз, 1-уми октябр, дар нишасти навбатии Кумитаи назоратии лоиҳаҳо дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд. Кумитаи назоратии лоиҳаҳо бо ҳадафи кӯмак дар фаъолияти лоиҳаҳо, шаффофият дар кори амалигардонии онҳо ва замонати посухгӯ будани натоиҷашон ба афзалиятҳои кишвар ташкил шудааст. Намояндаҳои ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО), МТБ, ва бахши хусусӣ узви Кумитаи мазкур мебошанд.  Ҳамаи тарҳҳои МТБ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат маблағгузорӣ мешавад.

Нишасти КНЛ-ро Саидраҳмон Назризода, муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, боз кард. Ҷаноби Назризода фаъолияти МТБ-ро дар Тоҷикистон пурсамар номида, нақши ин созмонро дар рушди соҳаи нассоҷиву дӯзандагии кишвар, мусоидат дар вуруди Тоҷикистон ба Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) ва иҷрои уҳдадориҳои кишвар дар назди ин созмон, ва болобарии огаҳии доираҳои тиҷоративу давлатии кишвар аз чолишҳову манфиатҳои ин узвият муҳим меномад. Ҷаноби Назризода гуфт: “Аллакай метавонем натиҷаҳоеро аз узвияти Тоҷикистон дар СТҶ мушоҳида намоем. Вуруд ба СТҶ ба рӯи мо дари имкониятҳои зиёдеро, сар карда аз дастрасии бидуни табъизи маҳсулоти мо ба кишварҳои дигари узви он боз намуд. Соҳибкорони мо аллакай ҳис мекунанд, ки онҳо аз ҳимояи муайяни ҳуқуқӣ бархӯрдоранд. Таваҷҷӯҳ ба кишвари мо, ҳамчун ба як кишвари аз нигоҳи қонунҳо пешгӯишаванда бештар гардид, ва ин гувоҳи мувофиқатии қонунгузориҳои мо ба талаботи СТҶ ва мусоидии иқлими сармоягузорӣ дар кишвари мо мебошад. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба нақши СЕКО ва МТБ дар вуруди Тоҷикистон ба СТҶ ва иҷрои уҳдадориҳои мо дар марҳилаи пас аз узвият баҳои баланд медиҳад. Умедворам, мо ҳамроҳ ҳамкориро ба нафъи иқтисоди мо ва мардуми мо идома медиҳем”.

Аз соли 2012 бад ин сӯ МТБ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати анҷоми гуфтушунидҳо ва ба даст овардани ҳаққи узвият ба Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ мусоидат кардааст. МТБ, ҳамчунин, ба бахши хусуси Тоҷикистон дар иштирок дар гуфтушунидҳо ва боло бурдани сатҳи огаҳияш аз манфиатҳову чолишҳои узвият дар СТҶ ёрӣ расонидааст. Армен Заргарян, ҳамоҳангсози барномаҳои МТБ дар кишварҳои Аврупо Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, мегӯяд: “МТБ дар чаҳорчӯбаи барномаҳои худ дар баланд бардоштани фаҳмиши умумии ниҳодҳои давлатӣ ва бахши хусусии Тоҷикистон доир ба нозукиҳои узвияти кишвар дар СТҶ мусоидат кардааст. МТБ дар таҳияи Стратегияи миллии бехатарии хӯрокворӣ, таъсиси Бунгоҳҳои миллии иттилоотӣ (БНИ) доир ба СФС ва ТБТ ва Кумитаи миллии соддагардонии расмиёти савдо ёрии фаннӣ расонидааст. Ҳамчунин, тадқиқоте дар мавзӯи мушкилоти тоҷирони содироткунандаи тоҷик дар бозорҳои беруна гузаронида шуда, дар мувофиқ сохтани қонунгузориҳои Тоҷикистон ба талаботи СТҶ мусоидат шудааст”.

Дастовардҳо ва чолишҳои лоиҳаи МТБ доир ба тақвияти рақобатпазирии содиротии соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон низ дар маркази таваҷҷӯҳи нишасти КНЛ буд. Саидмуъмин Камолов, раҳбари дафтари МТБ дар Тоҷикистон, аз маҳсули кори созмон дар Тоҷикистон дар соли 2015 чанд мисол меорад, аз ҷумла он ки “бо мусоидати мо корхонаҳои соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ дар намоишгоҳҳои байнулмилалӣ дар Истанбул ва Маскав иштирок карданд, мутахассисони тоҷик бо сафари омузишӣ ба Сингапур рафтанд, силсилаи омӯзишҳо барои корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагӣ баргузор гардид, дар таҳияи Стратегияи нави миллии пешбурди соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ёри расонида шуд, аудиторҳои маҳаллӣ доир ба меъёри ИСО омода карда шуданд, ва ғайра”.

Тарҳҳои Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Бахшҳои ЯК ва ДУ-и Барномаи СЕКО оид ба ҳамкории тиҷоратӣ дар Тоҷикистон. Ҳадафи умумии ин барнома мусоидат ба Тоҷикистон дар мувофиқ гардонидани сиёсати тиҷоратияш ба қоидаҳои СТҶ, боло бурдани сатҳи огаҳии ниҳодҳои давлативу бахши хусусӣ аз манфиатҳову чолишҳои узвият дар СТҶ, ва тақвият додани иқтидори ниҳодҳои СКАМ, СФС ва TБT мебошад.

– Бахши ЧОР-и Барномаи СЕКО оид ба ҳамкории тиҷоратӣ дар Тоҷикистон. Лоиҳаи мазкур таваҷҷӯҳи худро ба боло бурдани сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон равона мекунад ва барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида, ҳамчунин, ба ҷонибҳои манфиатдор дар коргирӣ аз равиши стротежӣ барои рушди соҳа ёрӣ медиҳад. Ин лоиҳа, ҳамчунин, чолишҳо ва иқтидор барои рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистонро омӯхта, самтҳои бартари ниёзманди ёриҳои фанниро, ки марбут ба соҳибкорӣ ва тиҷоратанд, муайян мекунад.

Дар бораи ёриҳои Швейтсария: Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Дурнамои Ҳамкории худ барои солҳои 2012 -2015 таваҷҷуҳи худро дар Тоҷикистон ба чаҳор соҳа: саломатӣ, авлавияти қонун, ироаи оби ошимиданӣ ва беҳдоштӣ, ва рушди бахши хусусӣ равона кардааст. Ҳадафи умумии барномаҳои ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон пуштибонӣ аз раванди гузариш дар кишвар ба василаи саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз мусоидат дар бунёди сохтор ва низомҳои посухгӯи ниёзҳои мардум кор гирифта мешавад. http://www.swisscoop.tj, http://www.deza.admin.ch, http://www.seco-cooperation.admin.ch

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s