Намояндагони ширкатҳои дӯзандагии Тоҷикистон нархгузории либосро омӯхтанд

Тарроҳон, дӯзандаҳо, ва мудирони ширкатҳои дӯзандагии Тоҷикистон аз як давраи серӯза доир ба ҳисоби хароҷоти истеҳсол ва нархгузории либос, ки аз 29-ум то 31-юми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, баҳра бардоштанд. 

Давраи омӯзишии мазкур аз ҷониби лоиҳаи МТБ ва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат доир шуд.

Ҳадаф аз баргузории ин давраи омӯзишӣ амиқтар гардонидани донишу маҳорати касбии мутахассисони тоҷик доир ба роҳу василаҳо ва консепияҳои гуногуни ҳисоб намудани хароҷоти истеҳсолот ва арзиши либосворӣ буд, ки дар саноати мӯди замонавӣ васеъ истифода мешаванд. Чунг Лай Ин, мушовири байнулмилалии МТБ, мегӯяд: “Мо тарзи ҳисобкунии хароҷоти вобаста ба матоъ, истифодаи  матоъ, ва нархгузории либосро дар ин давраи омӯзишӣ фаро гирифтем. Донише, ки дар ин давраи омӯзишӣ гирифта шуд, ба соҳибкор, тарроҳ, мерчендайзер ва мутахассисони бозорёбӣ имкон медиҳад, то аз рӯи намуна хароҷотро ҳисоб ва муайян кунанд. Огоҳӣ аз хароҷоти қисматҳои гуногуни лозима барои дӯхтани либос ба тарроҳ имкон медиҳад, то қаблан имкони роҳёбии тарҳашро ба бозор пешбинӣ намояд, ва чунин огоҳӣ ба мерчендайзер имкон медиҳад, то ҳангоми гуфтушунид бо таҳвилкунандагон ё истеҳсолкунандагони маҳсулот мавқеъи беҳтареро ишғол бикунад. Бо ин дониш, масъули коркарди маҳсулот барои тарҳ ва коллексияи маҳсулот интихоби бештар хоҳад дошт, ва мутахассисони бозорёбӣ бидуни таъхир маҳслуотро баҳо гузошта хоҳанд тавонист”.

Дар давраи омӯзишии мазкур аз лексия, презентатсия, баҳсҳои гуруҳӣ, омӯзиши намунаҳо ва василаҳои дигари тадрис кор гирифта шуд. 

Лоиҳаи мазкури МТБ ҷузъе аз Бахши чаҳоруми Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон буда, таваҷҷӯҳи худро ба боло бурдани сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон равона мекунад ва барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида, ҳамчунин, ба ҷонибҳои манфиатдор дар коргирӣ аз равиши стротежӣ барои рушди соҳа ёрӣ медиҳад. Ин лоиҳа, ҳамчунин, чолишҳо ва иқтидор барои рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистонро омӯхта, самтҳои бартари ниёзманди ёриҳои фанниро, ки марбут ба соҳибкорӣ ва тиҷоратанд, муайян мекунад. 

Дар бораи ёриҳои Швейтсария: Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Дурнамои Ҳамкории худ барои солҳои 2012 -2015 таваҷҷуҳи худро дар Тоҷикистон ба чаҳор соҳа: саломатӣ, авлавияти қонун, ироаи оби ошимиданӣ ва беҳдоштӣ, ва рушди бахши хусусӣ равона кардааст. Ҳадафи умумии барномаҳои ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон пуштибонӣ аз раванди гузариш дар кишвар ба василаи саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз мусоидат дар бунёди сохтор ва низомҳои посухгӯи ниёзҳои мардум кор гирифта мешавад. http://www.swisscoop.tj, http://www.deza.admin.ch, www.seco-cooperation.admin.ch 

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s