Боздиди корхонаҳои Тоҷикистон аз намоишгоҳи байналмилалии ITMA дар Милан  

Ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон аз яке аз бузургтарин намоишгоҳҳои дастгоҳу таҷҳизот ва фанновариҳои истеҳсоли либос ва маҳсулоти нассоҷӣ дар ҷаҳон – ITMA (www.itma.com) боздид ба амал меоранд. Барои нахустин бор аст, ки гурӯҳи корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон аз ин намоишгоҳ, ки имрӯз, 12-уми ноябр, дар маркази мӯди ҷаҳонӣ – шаҳри Милани Итолиё оғоз шуд, боздид мекунанд.

Ширкатҳои зерин аз Тоҷикистон дар ин намоишгоҳи байнулмилалии ҳафтрӯза иштирок мекунанд: “Ваҳдат”, “Мафтуна”, “Нассоҷи Хуҷанд”, “Ноҳид”, “Олим Текстайл”, “Ортекс” ва “Спитамен Текстайлз”. Сафари мазкур аз ҷониби лоиҳаи Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) ва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат баргузор мешавад.

ITMA намошгоҳи маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ буда, ба зиёда аз 1500 ширкат 40 кишвар имкон медиҳад, то дастгоҳу таҷҳизот ва фанновариҳои нави худро ба истеҳсолкунандагони либос аз 140 кишвари ҷаҳон намоиш бидиҳанд. ITMA ширкатҳоеро, ки дар ҷустуҷӯи шарикон ҳастанд, ба ҳам мепайвандад ва дурнамои нави ҳамкориро дар саросари занҷираи соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ фароҳам меоварад. Саидмӯъмин Камолов, раҳбари дафтари Маркази тиҷорати байнулмилалӣ дар Тоҷикистон, мегӯяд: “Ҳайъати Тоҷикистон ҷиҳати барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ бо истеҳсолкунандагони  дастгоҳу таҷҳизоти соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, боло бардоштани сатҳи огаҳияшон аз роҳҳо ва василаҳои нави коркарди мавод, пайдо кардани ҳамкорони нав дар соҳаи коркарди нахи пахта ва истеҳсоли ришта ва шиносоӣ бо технологияҳои муосири чопӣ имкон пайдо хоҳад кард. Ин намоишгоҳ, ҳамчунин, ба ҳайси макони муҳимме барои табодули таҷриба ва барқарор кардани робитаҳои нав барои пешсафони соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон хидмат хоҳад намуд”.

Дар баробари пешниҳоди технологияҳои муосиру пешрафта, намоишгоҳи мазкур, ҳамчунин, мизбони форум ва ҳамоишҳои гуногуни марбут ба соҳаи насоҷӣ ва дӯзандагӣ, ба монанди Ҳамоиши дувуми ҷаҳонии соҳаи нассоҷӣ (13-уми ноябр) ва Ҳамоиши нассоҷии рақами (15-уми ноябр) мешавад.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ сар аз оғози фаъолияташ дар Тоҷикистон дар соли 2002 ҳамасола ба бахши хусусии мавриди таваҷҷӯҳаш барои роҳ ёфтан ба бозорҳои байнулмилалӣ ба воситаи беҳтар кардани маҳсулот, амиқтар кардани донишҳои тарроҳиву бозорёбӣ, ва барқарор кардани тамосҳои байнулмилалӣ тавассути иштирок дар намоишгоҳҳои байнулмилалӣ мусоидат мерасонад.

Лоиҳаи мазкури МТБ ҷузъе аз Бахши чаҳоруми Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон буда, таваҷҷӯҳи худро ба боло бурдани сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон равона мекунад ва барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида, ҳамчунин, ба ҷонибҳои манфиатдор дар коргирӣ аз равиши стротежӣ барои рушди соҳа ёрӣ медиҳад. Ин лоиҳа, ҳамчунин, чолишҳо ва иқтидор барои рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистонро омӯхта, самтҳои бартари ниёзманди ёриҳои фанниро, ки марбут ба соҳибкорӣ ва тиҷоратанд, муайян мекунад.

Дар бораи ёриҳои Швейтсария: Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Дурнамои Ҳамкории худ барои солҳои 2012 -2015 таваҷҷуҳи худро дар Тоҷикистон ба чаҳор соҳа: саломатӣ, авлавияти қонун, ироаи оби ошимиданӣ ва беҳдоштӣ, ва рушди бахши хусусӣ равона кардааст. Ҳадафи умумии барномаҳои ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон пуштибонӣ аз раванди гузариш дар кишвар ба василаи саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз мусоидат дар бунёди сохтор ва низомҳои посухгӯи ниёзҳои мардум кор гирифта мешавад. http://www.swisscoop.tj, http://www.deza.admin.ch, www.seco-cooperation.admin.ch 

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s