Ӽайати Тоҷикистон дар Малайзия таҷрибаи соддагардонии расмиёти тиҷоратро меомӯзад

Сафари як ҳайат аз Тоҷикистон ба Малайзия, ки аз намояндагони бахшҳои давлатӣ ва хусусии узви Кумитаи миллӣ доир ба соддагардонии расмиёти тиҷорат иборат мебошад, имрӯз, 30-уми ноябри соли 2015, расман оғоз гардид. Ин сафари омӯзишӣ, ки то 4-уми декабри соли 2015 давом мекунад, бо ибтикори Маркази тиҷорати байнулмилалӣ ва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкории тиҷорат дар Тоҷикистон баргузор мегардад.

МТБ ба Тоҷикистон дар таъсиси Кумитаи миллӣ доир ба соддагардонии расмиёти тиҷорат дар доираи ӯҳдадориҳои миллии кишвар ҷиҳати татбиқи Созишномаи Созмони ҷаӽонии тиҷорат дар бораи соддагардонии расмиёти тиҷорат (TFA) ёрӣ мерасонад. Ин ниҳоди нави давлатӣ, ки ӽамчунин бо номи Кумитаи Тоҷикистон доир ба соддагардонии расмиёти тиҷорат маълум аст, бо ҳадафи мусоидат кардан ба амалисозии ӯӽдадориӽои кишвар аз рӯи Созишномаи соддагардонии расмиёти тиҷорат (TFA) ва ӽамчунин соддагардонӣ ва ҳамоҳангсозии муқаррароти марбут ба тиҷорати байнулмилалӣ таъсис хоҳад ёфт.

Сафари омӯзишии ӽайати Тоҷикистон ёрии зарурӣ ва саривақтиро барои омодагӣ ба оғози корҳои Кумита, инчунин имконияти шинос шудан бо таҷрибаӽои ин кишвари пешрафтаро таъмин менамояд. Барномаи сафари омӯзишӣ вохӯриҳо дар сатҳи баланд бо намояндагони кумитаи ҳамсони Малайзия, инчунин бо мақомоти расмӣ, ниӽодӽои танзимкунанда ва бахши хусусӣ доир ба масоили соддагардонии расмиёти тиҷоратро дар бар мегирад. Дар чаҳорчӯби сафар ӽайати Тоҷикистон аз муассисаӽои асосӣ, гузаргоӽӽои сарӽадиву бандарӣ ва сохторҳои транзитӣ дидан хоӽад кард. Иноятулло Қосимов, сардори шӯъбаи СҶТ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, аҳамияти сафари ҳайати Тоҷикистон ба Малайзияро чунин шарӽ медиӽад: Мо боварӣ дорем, ки шиносоӣ бо мақомот ва сохторҳои тиҷоратӣ ва ҳамкориву ҳамоҳангсозии онҳо дар Малайзия, ки он ба ӽайси яке аз муваффақтарин кишварӽои ҷаҳон дар мавриди татбиқи TFC маълум аст, ба мо кӯмак хоӽад намуд, то ки фаъолияти кумитаи соддагардонии расмиёти тиҷоратро дар кишвари худ беҳтар амалӣ кунем, рисолати худро дар соддагардонӣ ва идораи тиҷорат беҳтар амалӣ гардонем, инчунин хизматрасонии беҳтари содиротӣ ва воридотиро дар Тоҷикистон таъмин намоем”.

Ҳамчунин бихонед: Гузориши «Таъсиси Кумитаи миллӣ доир ба соддагардони расмиёти савдо дар Тоҷикистон. Аз шарҳи маънӣ то ба ҳукми қонунӣ»

Ҷаноби Гилес Чаппелл, намояндаи Шӯъбаи соддагардонии расмиёти савдо ва сиёсати тиҷорати МТБ дар Женева, ки ҳайати Тоҷикистонро дар Малайзия ҳамроҳӣ мекунад, тафсилоти барномаи ин сафари омӯзиширо чунин бозгӯ кард: «Ӽайати Тоҷикистон аз ҷумла бо таҷрибаи Малайзия дар таъсиси равзанаи ягона ва фаъолияти нуқтаҳои маълумотдиӽӣ шинос хоӽад шуд, бо роҳбарияти як қатор сохторҳои асосии Малайзия, ба монанди Вазорати тиҷорати байнулмилалӣ ва саноати ин кишвар, Федератсияи истеҳсолкунандагони Малайзия, Корпоратсияи рушди савдои берунаи Малайзия, Раёсати гумруки шоҳигарии Малайзия ва Маҷмааи гумрукӣ ва назорати муҳоҷират дар Ҷоӽор, мулоқот хоӽад кард. Дар рафти вохӯриҳо таваҷҷӯӽи махсус ба ҳамкориӽои расмӣ ва ҳамоҳангсозиӽо байни масъулони гуногуни соддагардонии расмиёти тиҷорат дар Малайзия равона хоӽад шуд. Меҳмонон аз Тоҷикистон, инчунин, бо истифода аз пардохтӽои электронӣ, идоракунии қаблӣ ва кор бо ӽамоӽангсозонии расмӣ шинос хоӽанд шуд ва ба гузаргоӽӽои сарӽадӣ ва бандарии байни Малайзия ва Сингапур сафар хоӽанд кард».

Таъсиси Кумитаи миллӣ доир ба соддагардонии расмиёти тиҷорат дар Тоҷикистон дар ояндаи наздик ба нақша гирифта шудааст; ин ниӽод маълумотро оид ба сиёсати соддагардонии расмиёти тиҷорат паҳн хоӽад кард, татбиқи ӯҳдадориҳои кишвар аз рӯи Созишномаи TFA-и Созмони ҷаҳонии тиҷоратро дастгирӣ хоӽад намуд, пешниӽодӽои бахши хусусиро ӽангоми таӽия кардани сиёсати соддагардонии расмиёти тиҷорат ворид хоӽад кард ва ҳамчун миёнарав байни мақомоти миллӣ ва Кумитаи СҶТ оид ба соддагардонии расмиёти тиҷорат хизмат хоӽад намуд. Кумитаи миллӣ доир ба соддагардонии расмиёти тиҷорат, ӽамчунин, ба мақомоти давлатӣ дар муайян кардани афзалиятҳо барои дастгирии донорӽо мусоидат хоӽад кард, барои мақомоти дахлдор, аз ҷумла барои Девони Вазирон дастурамалӽоро таӽия намуда, ҷомеаро дар бораи масоили марбут ба соддагардонии расмиёти тиҷорат ва ғайра огоӽ хоӽад намуд.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳаи фаннии худ ба бахши хусусии Тоҷикистон ҷиҳати огоҳии бештар аз имкониятҳо ва чолишҳои узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Дар бораи ёриҳои Швейтсария: Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Дурнамои Ҳамкории худ барои солҳои 2012 -2015 таваҷҷуҳи худро дар Тоҷикистон ба чаҳор соҳа: саломатӣ, авлавияти қонун, ироаи оби ошимиданӣ ва беҳдоштӣ, ва рушди бахши хусусӣ равона кардааст. Ҳадафи умумии барномаҳои ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон пуштибонӣ аз раванди гузариш дар кишвар ба василаи саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз мусоидат дар бунёди сохтор ва низомҳои посухгӯи ниёзҳои мардум кор гирифта мешавад. http://www.swisscoop.tj, http://www.deza.admin.ch, http://www.seco-cooperation.admin.ch

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s