Силсилаи савуми барномаҳои Радиои Ватан доир ба СТҶ. Барномаи ҳафтум.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ ва радиои маҳаллии маъруфи «Ватан» ҳамкориҳои худро доир ба боло бурдани сатҳи огаҳии доираҳои тиҷоратии тоҷик ва шумори васеътари шунавандагон аз Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ идома медиҳанд.

Як силсилаи нави вижагуфторҳои радиоӣ дар моҳи декабри соли 2015 дар бахши «Маърифати иқтисодӣ», ки аз ҷониби радиожурналисти маъруф Субҳони Ҷалил таҳия мешавад, пахш гардид. Барномаи мазкур ҳар субҳу шом дар рӯзҳои корӣ дар вақти тиллоӣ пахш гардид.

Дар барномаи навбатии силсилагуфтори вижаи Радиои Ватан шунавандагони сершумори ин радио бо Низоми умумии имтиёзҳо (Generalised System of Preferences – GSP) ва манфиатҳои эҳтимолие, ки соҳаҳои муайяни иқтисоди Тоҷикистон метавонад аз ин низом бардорад, шинос шуданд.

Низоми умумии имтиёзҳо (Generalised System of Preferences – GSP) – низоми имтиёзҳои чандҷонибаи тиҷоратӣ мебошад, ки таъруфаҳоро барои баъзе аз маҳсулоти содиротӣ аз кишварҳои дар ҳоли рушд ва кишварҳои камрушдкарда коҳиш медиҳад ва ё умуман аз миён мебардорад. Ҳадаф аз роҳандози ин низом баланд бардоштани ҳаҷми даромад аз содирот дар кишварҳои дар ҳоли рушд мебошад, то ба ин васила дар коҳиши фақр, пешбурди рушди пойдор, ва мудирияти беҳтар дар сатҳи ҳукумат саҳм гузошта шавад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s