Ширкатҳои Тоҷикистон дар Намоишгоҳи нассоҷии Истанбул

Панҷ корхонаи ресандагӣ – “Ваҳдат Текстил”, “Олим Текстайл”, “Ресандаи Тоҷикистон РБТ”, “Тента-Кӯлоб” ва “ХИМА Текстил” анъанаи идомаи иштироки корхонаҳои Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи байнулмилалии нассоҷии Истанбул идома дода, аз 4-ум то 6-уми феврали соли ҷорӣ дар ин намоишгоҳ аз Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд.

Намоишгоҳи нассоҷии Истанбул бо садҳо ширкаткунанда ва ҳазорҳо боздидкунанда яке аз бузургтарин намоишгоҳҳои соҳавӣ дар минтақа маҳсуб мегардад ва корхонаҳои Тоҷикистон барои панҷумин бор пайидарпай дар он иштирок мекунанд. Сафари ҳайъати Тоҷикистон ба Туркия бо мусоидати Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) ва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон сурат мегирад.

Ин намоишгоҳ мизбони беш аз 40 000 боздидкунанда аз тақрибан 70 кишвари ҷаҳон хоҳад буд. Дар он ҳудуди 200 ширкат аз кишварҳои гуногун маҳсулоти худро, ба мисли нахи пахта, ришта, таҷҳизоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, маҳсулоти нассоҷӣ ва ғайраро ба маърази тамошо хоҳанд гузошт. Мавлуда Киромова, муовини сардори раёсати саноати сабук ва пиллапарварии вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, ки бо мусоидати МТБ ҳайъати кишварро дар намоишгоҳ ҳамроҳӣ мекунад, мегӯяд: “Намоишгоҳи байнулмилалии нассоҷии Истанбул, ки дар он маҳсулоти босифат ва аз нигоҳи экологӣ безарар ба намоиш гузошта мешавад, макони хубе барои оғози нави мавсими нав мебошад. Намоишгоҳ ба ширкатҳои Тоҷикистон имкон фароҳам меорад, то бо истеҳсолкунандагони пештози маҳслуоти нассоҷӣ аз Туркия ва кишварҳои дигар вохӯранд, брэнди худро дар бозори минтақавӣ тақвият диҳанд, бо ширкатҳои истеҳсолӣ, воридоткунанда, тоҷирон ва созмонҳои ғайриҳукуматии соҳа тамос барқарор кунанд, бо талаботу интизориҳои бозор ва равандҳои ҷорӣ дар он шинос шуда, баро худ маҳсулоти нав ва навовариҳоро кашф кунанд”.

Иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи Истанбул имкони хубест, то онҳо маҳсулоти худро дар саҳнаи байнулмилалӣ намоиш бидиҳанд. Аъзои ҳайъати Тоҷикистон мутмаинанд, ки иштирок дар ин намоишгоҳ имкониятҳои навро барояшон боз мекунад. Илҳомҷон Мирзоев, роҳбари ширкати “Ваҳдат Текстил”, мегӯяд, “ман мутмаинам, ки иштирок дар ин намоишгоҳ бароямон хеле ҳам муфид хоҳад буд. Ин намоишгоҳ имкони хубест, то мо бо харидорони эҳтимолӣ робитаи мустақим барқарор намоем ва ҷуғрофиёи бозори худро тавсеа бахшем. Дар намоишгоҳ иттилооти зиёди лозима доир ба таҷҳизоти замонавӣ низ хоҳем гирифт”.

Ҷиҳати рушди тавонои корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон дар самти беҳтар кардани маҳсулот ва бозорёбӣ, МТБ ба ширкатҳо дар омодагии иштирок ба намоишгоҳҳои байнулмилалӣ мусоидат менамояд. МТБ бар ин бовар аст, ки иштирок дар намоишгоҳҳои байнулмилалӣ барои корхонаҳои ҳамкори лоиҳа ҷиҳати ба намоиш гузоштани маҳсулоташон, шиносоӣ бо харидорони эҳтимолӣ ва барқарор кардани тамосҳои нави тиҷоратӣ, дарёфти маълумот доир ба бозорҳои мавҷуд ва нав, рақибон, ва талаботи бозори ҷаҳонӣ имкониятҳои фаровонро фароҳам меорад.

Лоиҳаи мазкури МТБ ҷузъе аз Бахши чаҳоруми Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон буда, таваҷҷӯҳи худро ба боло бурдани сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон равона мекунад ва барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида, ҳамчунин, ба ҷонибҳои манфиатдор дар коргирӣ аз равиши стротежӣ барои рушди соҳа ёрӣ медиҳад. Ин лоиҳа, ҳамчунин, чолишҳо ва иқтидор барои рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистонро омӯхта, самтҳои бартари ниёзманди ёриҳои фанниро, ки марбут ба соҳибкорӣ ва тиҷоратанд, муайян мекунад.

Дар бораи ёриҳои Швейтсария: Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Дурнамои Ҳамкории худ барои солҳои 2012 -2015 таваҷҷуҳи худро дар Тоҷикистон ба чаҳор соҳа: саломатӣ, авлавияти қонун, ироаи оби ошимиданӣ ва беҳдоштӣ, ва рушди бахши хусусӣ равона кардааст. Ҳадафи умумии барномаҳои ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон пуштибонӣ аз раванди гузариш дар кишвар ба василаи саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз мусоидат дар бунёди сохтор ва низомҳои посухгӯи ниёзҳои мардум кор гирифта мешавад. http://www.swisscoop.tj, http://www.deza.admin.ch, http://www.seco-cooperation.admin.ch

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s