Рӯнамоии ширкатҳои нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон дар Маскав

Ширкатҳои нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 16-уми феврал зимни ҳамоиши тиҷоратии муштараки Қирғизистон/Тоҷикистон – Русия (http://www.centralasiatextile.ru/) дар шаҳри Маскав муаррифӣ мешаванд. Ин ҳамоиши тиҷоратӣ (бизнес-форум) ҷузве аз барномаи иштироки корхонаҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар бузургтарин намоишгоҳи байнулмилалии нассоҷӣ ва либосвории Федеросюни Русия – намоишгоҳи “Текстиллегпром” мебошад. 

2

Ин сафар бо ибтикори лоиҳаи МТБ ва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат гузаронида мешавад. Корхонаҳои Тоҷикистон барои шашумин бор пайдарпай бо мусоидат ва дастгирии Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) меҳмони намоишгоҳи байнулмилалии “Текстиллегпром”, ки азимтарин намоишгоҳи махсус дар Федеросюни Русия мебошад, мегарданд. Дар ин муддат бештар аз 20 корхона аз Тоҷикистон бо мусоидати МТБ дар ин намоишгоҳ иштирок кардаанд ва аксарашон низ чаҳор-панҷ маротибаӣ ба ин намоишгоҳ рафтаанд. Корхонаҳои Тоҷикистон аз ин намоишгоҳ бо шартномаҳои чандсадҳазору чандмиллиондоллара баргаштаанд. Имсол ҳашт корхонаи нассоҷиву дӯзандагии зерин имкони густариши бозори берунаи худро пайдо кардаанд: «Ваҳдат Текстил», “ХИМА Текстил”, “Нафиса”, “Нассоҷи Хуҷанд”, «Ноҳид», “Олим Текстайл”, «Ортекс», ва «Раҳимов А.А ». 

“Текстиллегпром”, ки боз ҳамчун Намоишгоҳи тиҷоратии федералии нассоҷӣ ва маҳсулоту таҷҳизоти саноати сабук шинохта мешавад, соле ду бор тақрибан 2000 ширкати тиҷоративу саноатиро ҷамъ меоварад. Теъдоди меҳмонони намоишгоҳ то ба 37000 нафар мерасад, ки дар майдони бештар аз 65000 метри мукааб бо маҳсулоти замонавии беш аз 2500 ширкат аз 42 кишвари ҷаҳон шинос мешаванд. Армен Заргарян, ҳамоҳангсози барномаҳои МТБ дар кишварҳои Аврупо Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, мегӯяд: ““Текстиллегпром” истеҳсолкунандагон ва харидоронро аз тамоми минтақаҳои Русия гирдиҳам меоарад, ки имкони хуби шиносоӣ бо вазъи бозорро медиҳад. Аз ин рӯ, ин намоишгоҳ барои корхонаҳои содиркунандаи Тоҷикистон имкони хубест, то бозори Русия ва талаботи онро бештар омӯзанд ва беҳтар шиносанд ва бо шарикони эҳтимолӣ аз тамоми минтақаҳо тамосҳо барқарор намоянд.” 

Насим Ҳакимов, мудири кулли ширкати “Нассоҷи Хуҷанд” мегӯяд: “Иштирокҳои қаблӣ дар ин намоишгоҳ ба мо имкон дод, то бо ширкатҳои хориҷӣ шартномаҳои корӣ бандем. Талош дорем, то тавассути иштирок дар намоишгоҳҳои нассоҷиву дӯзандагӣ ҳузури худамонро дар бозори Русия таҳким бахшем”. 

Дар чаҳорчӯбаи намоишгоҳ, ҳамчунин, як ҳамоиши вижаи тиҷоратӣ ба нақша гирифта шудааст, ки бозигарони аслии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Русия, Тоҷикистон ва Қирғизистонро гирд меорад, то ҳамкориҳои эҳтимолиро баррасӣ кунанд ва ҳамчунин, бо маҳсулот ва хидматгузориҳои ширкатҳои Тоҷикистону Қирғизистон шинос бишаванд. Махсус барои ин ҳамоиш торнамои мазкур http://www.centralasiatextile.ru/ тарҳрезӣ шудааст.

1

Саидмуъмин Камолов, раҳбари дафтари МТБ дар Тоҷикистон, ки дар сафари мазкур ҳайъати Тоҷикистонро ҳамроҳӣ мекунад, мегӯяд: “Ширкатҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати тақвияти ҳузурашон дар бозори Русия ҳамаи имкониятҳоро доранд. Дар ҳамоиши тиҷоратӣ афзалиятҳои ҳамкорӣ бо ширкатҳои тоҷику қирғиз ба ҳамкорони эҳтимолӣ аз Русия таъкид хоҳад шуд. Ин афзалиятҳо аз адами монеаҳои гумрукӣ ва мушкили забонӣ сар карда, то ба таърихи муштараки саноатӣ, таҷрибаи дурударози ҳамкориҳо миёни бахшҳои хусусӣ ва давлатӣ, ва ҳамчунин, нархҳои дастрас вуҷуд доранд”.

Барномаи сафари ҳайъати Тоҷикистон дар Маскав имсол, ҳамчунин, иштирок дар як давраи омӯзишии вижаи дурӯза дар мавзӯъи алгоритми офариниши коллексияи тиҷоратии либосҳоро низ дар бар мегирад. Ин давраи омӯзиширо мутахассисони ширкати консалтингии маъруфи Русия – Fashion Consulting Group (http://www.fashionconsulting.ru/) баргузор мекунанд ва ҳадафаш низ баланд бардоштани сатҳи огаҳии иштирокдоронаш аз василаҳо ва имкониятҳои муваффақи офариниши брэндҳо ва коллексияи либосҳо мебошад.

Лоиҳаи мазкури МТБ ҷузъе аз Бахши чаҳоруми Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон буда, таваҷҷӯҳи худро ба боло бурдани сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон равона мекунад ва барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида, ҳамчунин, ба ҷонибҳои манфиатдор дар коргирӣ аз равиши стротежӣ барои рушди соҳа ёрӣ медиҳад. Ин лоиҳа, ҳамчунин, чолишҳо ва иқтидор барои рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистонро омӯхта, самтҳои бартари ниёзманди ёриҳои фанниро, ки марбут ба соҳибкорӣ ва тиҷоратанд, муайян мекунад. 

Дар бораи ёриҳои Швейтсария: Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Дурнамои Ҳамкории худ барои солҳои 2012 -2015 таваҷҷуҳи худро дар Тоҷикистон ба чаҳор соҳа: саломатӣ, авлавияти қонун, ироаи оби ошомиданӣ ва беҳдоштӣ, ва рушди бахши хусусӣ равона кардааст. Ҳадафи умумии барномаҳои ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон пуштибонӣ аз раванди гузариш дар кишвар ба василаи саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз мусоидат дар бунёди сохтор ва низомҳои посухгӯи ниёзҳои мардум кор гирифта мешавад. http://www.swisscoop.tj, http://www.deza.admin.ch, www.seco-cooperation.admin.ch 

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s