Макнуна Ниёзова- қаҳрамони маҷаллаи итолиёвии Донна

1019073268

Бону Ниёзова дар донишгоҳ дар Душанбе низ дарси мӯд медиҳад ва ба зудӣ Осиёи Марказиро дар озмуни мӯди осиёӣ дар Кореяи Ҷанубӣ муаррифӣ мекунад.

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Баъд аз нашри матлаби Глобал Войсз (Global Voices), маҷаллаи итолиёвии Донна тасмим гирифт, акси яке аз шашгонаи фейсбукбонуҳои тоҷикро нашр кунад. Шумораи навбатии маҷалла бо акси мӯдсози тоҷик Макнуна Ниёзова рӯи чоп омад.

Дар матлабе бо қалами Валентина Равизза, дар шумораи навбатии ин маҷалла аз таърихи 26-уми март, Макнуна Ниёзоваро бонуи маъруф дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва Ким Кардашяни тоҷик муаррифӣ кардаанд.

“Макнуна Ниёзова, ки дар донишгоҳ дар Душанбе низ дарси мӯд медиҳад, ба зудӣ Осиёи Марказиро дар озмуни мӯди осиёӣ дар Кореяи Ҷанубӣ муаррифӣ мекунад ва ин ҳақро пас аз пирӯзӣ дар озмуни “Чеҳраҳои Осиёи Марказӣ”  ба даст овардааст.

Чанде қабл, платформаи байналмилалии блоггерии мавсум ба “Global Voices” исми 6 бонуи тоҷикро, ки дар мавриди онҳо дар шабакаи иҷтимоии Facebook таваҷҷуҳ зоҳир мешавад, муаррифӣ карда буд.

Дар ин матлаб, ки “Global Voices” нашр кардааст, дар бораи занони тоҷики бештар маъруф ва “пурнуфуз” дар шабакаи Фейсбук сухан рафта, қайд мешавад, ки онҳо махсус барои “саҳми арзанда ва босазо дар фазои Тоҷикистони муосир” баргузида шудаанд.

Муаллифи матлаби Глобал Войсз, Абдулфаттоҳ Шафиев мегӯяд, пас аз нашри матлаб яке дигар аз он шашгона Парӣ Саидова чеҳраи сафҳаи Снапчати Глобал Войсз гардида буд  ва исми Шаҳноз Комилзода барои як ҳафтаи дигар дар нашрияҳои тоҷикӣ чарх мезад.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out / Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out / Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out / Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out / Change )

Connecting to %s