International Trade Centre, Tajikistan

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, лоиҳаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Намояндагони мӯди Тоҷикистон сохтани брэнд ва мудирияти онро омӯхтанд

Leave a comment

Бозоршиносон (маркетолог), тарроҳон, соҳибкороне, ки дар самти мӯд фаъолият мебаранд, ва намояндагони корхонаҳои дӯзандагӣ аз як давраи омӯзишии серӯза доир ба сохтани брэнд ва мудирияти он баҳра бурданд. Ин давраи омӯзишӣ аз 13-ум то 15-уми апрел дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Давраи омӯзишии мазкурро ширкати маъруфи сингапурӣ Textile and Fashion Industry Training Center (TaF.tc International) дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) омода ва баргузор кард. Лоиҳаи МТБ аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.

Давраи таълимии “Сохтани брэнд ва мудирияти он” ҳам назария ва ҳам амалияро дарбар гирифта, мавзӯъҳои сохтани брэнд ва қабули он аз ҷониби муштарӣ, истифодаи василаҳои бозорёбӣ ба ҳайси асос ҳангоми брэндсозӣ, мудирияти он ба воситаи тарғибот ва мустаҳкамгардонии мавқеъи он дар бозорро фаро гирифт. Ин барномаи таълимӣ ба иштирокдоронаш имкон фароҳам овард, то донишҳои худ доир ба тарҳрезӣ ва иҷрои тарҳи брэндсозии худро аз оғози пайдоиши идея то ба анҷом – пешниҳоди брэнд ба ҷомеа, тақвият диҳанд.

Делла Нг, тренери ширкати TaF.tc International, ки ин давраи таълимиро барои мутахассисони тоҷик баргузор намуд, барномаи мазкурро ҷиҳати баланд бардоштани огаҳӣ аз мудирияти брэнд қатъан тавсия медиҳад. Бону Нг мегӯяд: «Иштирокдорони давраи омӯзишии мо муайян кардани ҷанбаъҳои қавӣ ва заифи брэндсозӣ, муайян кардани қишри муштариёни ҳадафнок, сохтани брэнди нодир, таҳияи исм ва нишонии мантиқиву мақсаднок барои брэнд, ва пайванди ҳамаи ин донишҳо бо стратегияи фурӯш ва роҳёбӣ ба бозорро омӯхтанд». 

Лоиҳаи мазкури МТБ ҷузъе аз Бахши чаҳоруми Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон буда, таваҷҷӯҳи худро ба боло бурдани сатҳи рақобатпазирии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон равона мекунад ва барои иҷрои ин ҳадаф ба корхонаҳои хурду миёна ва ниҳодҳои марбути пуштибони тиҷорат ёрии вижаи соҳавӣ расонида, ҳамчунин, ба ҷонибҳои манфиатдор дар коргирӣ аз равиши стротежӣ барои рушди соҳа ёрӣ медиҳад. Ин лоиҳа, ҳамчунин, чолишҳо ва иқтидор барои рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистонро омӯхта, самтҳои бартари ниёзманди ёриҳои фанниро, ки марбут ба соҳибкорӣ ва тиҷоратанд, муайян мекунад. 

Дар бораи ёриҳои Швейтсария: Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Дурнамои Ҳамкории худ барои солҳои 2012 -2015 таваҷҷуҳи худро дар Тоҷикистон ба чаҳор соҳа: саломатӣ, авлавияти қонун, ироаи оби ошимиданӣ ва беҳдоштӣ, ва рушди бахши хусусӣ равона кардааст. Ҳадафи умумии барномаҳои ҳамкории Швейсария дар Тоҷикистон пуштибонӣ аз раванди гузариш дар кишвар ба василаи саҳмгузорӣ дар рушди иқтисод мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф аз мусоидат дар бунёди сохтор ва низомҳои посухгӯи ниёзҳои мардум кор гирифта мешавад. http://www.swisscoop.tj, http://www.deza.admin.ch, http://www.seco-cooperation.admin.ch

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s